«Ойим» тармиму таҷдид мешавад

№46 (3840) 14.04.2018

1212Шаҳри Конибодом дар «Роҳи бузурги абрешим» ҷойгир буда, дорои чанд ёдгории таърихист. Аз ҷумла мадрасаи «Ойим», ки тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ба қатори ёдгориҳои таърихии аҳамияти умумиҷумҳуриявидошта ворид шудааст.

Суол ба миён меояд, ки тармиму барқарорсозии мадрасаи «Ойим» айни ҳол дар кадом сатҳ аст?

Бо ин пурсиш ба раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ муроҷиат кардем. Ӯ гуфт:

- Мардуми шаҳри Конибодом пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани соли 2018- «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем нахуст мадрасаи «Ойим»-ро аз таъмир бароварда, барои тамошои сайёҳон омода созем. Айни ҳол таъмиру тармим дар мадраса вусъати тоза дорад.  Дар ин кор ҳамчунин Сафорати ИМА дар Тоҷикистон саҳмгузорӣ мекунад.

Бино ба иттилои сарвари Осорхонаи марказии шаҳр Муясара Иброҳимова, мадрасаи духтаронаи «Ойим» солҳои 1825-1828-ум аз тарафи Мир Олимбой ном марди донишманд бунёд шуда, ба номи ягона духтараш — Бибиойим гузошта шудааст. Он аз 25 ҳуҷраи андозааш 2,3 бар 2,8 мураббаъметр иборат аст. Тайи солҳо мадраса борҳо таъиноташро дигар кардааст. Баъди Инқилоб, аниқтараш солҳои 30-юми қарни гузашта он ба мактаби ҷадид табдил дода шуд. Баъдан, ба сифати Артел-устохонаи колхози «Москва» (имрӯза ҶС ба номи Э. Бойматова)  ва аз соли 1941 маҳбасхона буд. Солҳои 70-уми қарни гузашта ҳуҷраҳои он чун боздоштгоҳи муваққатӣ барои таълиму тарбияи бачагони душвортарбия истифода мешуданд. Ибтидои солҳои 90-ум андаке таъмир ва дар як гӯшаи он китобхонаи минтақавӣ ҷойгир шудааст.

- Татбиқи лоиҳа бо харҷи 80 ҳазор доллари  ИМА то соли 2019 сурат мегирад, — гуфт Ғайбулло Боҳирӣ.

- Ният дорем мадрасаи «Ойим» ва боқимонда ёдгориҳои таърихии шаҳрро ба макони сайругашти меҳмонону сокинон табдил диҳем.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»