Ҳоли табоҳи варзишгоҳ дар Шаҳринав

№117 (4067) 01.10.2019

20190921_114439Варзишгоҳи шаҳраки ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд гардидааст, ҳоло дар ҳолати басо ҳузнангез қарор дорад. Бинои рангпаридаю солҳо рӯи таъмир надида, панҷараҳои шикастаю ба яғморафтааш, табъи ҳар бинандаро хира мегардонанд.

- Варзишгоҳ қаблан дар тавозуни фабрикаи парандапарварии ноҳия қарор дошт. Ростӣ, алҳол дар бораи он маълумоти дақиқ надорам. Хубтараш аз раиси ҷамоати шаҳрак пурсед, — гуфт роҳбари дастгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав Қурбоналӣ Гулов.

20190921_114443Ба қавли ӯ, дар ноҳия 16 майдончаи варзишӣ мавҷуд аст, ки аз ин ҳамагӣ нуҳ адад мавриди истифода қарор дорад. Вале, новобаста аз ин, муваффақияту дастовардҳои варзишгарон дар сатҳи ҷумҳурӣ назаррас аст. Дар варзишгоҳи зикршуда, ки хеле масоҳати васеъ дорад, ба ҷойи газон (алафи махсус барои варзишгоҳ), хору хасу хошок «коридаанд» ва он бештар чарогоҳро мемонад. Нишастгоҳҳои аз бетон сохташудааш рӯ ба харобӣ оварда истодаанд, зеро қисмате аз он бе болопӯш мебошад ва барфу борон бе монеа рӯи онҳо меборад.

Раиси ҷамоат Комил Абдуғаниев, зимни суҳбати телефонӣ, иброз дошт, ки «варзишгоҳ аз мувозинаи ҶДММ «Фабрикаи парандапарварии Шаҳринав» бароварда шудааст ва феълан ба соҳибкор Суннат Сафаров тааллуқ дорад. Чӣ гуна фурӯхта шуданашро намедонам. Ҳуҷҷатҳояшро ҳам надидаам. Дар бобати таъмираш бо соҳибкор маслиҳат кардаем. Маҳз бо ташаббуси ӯ дар шафати варзишгоҳ майдончаи тамрини замонавӣ бунёд ёфт. Ду моҳ мешавад, ки ба ҳайси раиси ҷамоат фаъолият дорам. Дар бораи варзишгоҳ аз ин бештар маълумот надорам. Аз худи соҳибкор мепурсидед, беҳтар мебуд».

Ҳамин тавр, агар аз мушкилот сухан гӯед, масъулони ноҳия садҳо баҳона пеш оварда, роҳи гурез меҷӯянд. Ҳеҷ яке аз онҳо наметавонад, гӯяд, ки машқгоҳ бо ҷурми кӣ ба чунин ҳолу рӯзи табоҳ афтодааст. Ин дар ҳолест, ки он дар канори роҳи мошингарди ноҳия ҷой гирифтааст ва аз чашм ниҳон нест. Вале, гумони ғолиб ин аст, ки боре гузари раиси ноҳия, муовинонаш ва дигар масъулони дахлдор  аз роҳи шафати ин харобот воқеъ наафтодааст?!

Агар меафтод, шояд…

Ёқуби Содиқ«Садои мардум»