Ғолибияти кӯдакони имконияташон маҳдуд

№50 (3844) 24.04.2018

Тими мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ байни кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки бо ибтикори Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе баргузор шуд,  ғолибият ба даст овард. Даста аз рӯи се намуди варзиш -  тенниси рӯимизӣ, варзиши сабук ва футбол соҳиби 19 медал — 4 медали тилло, 4 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ гардид.

 М. Мақсудов,

«Садои мардум»