Ҳоло дар оғози роҳ қарор дорем

№100 (3894) 17.08.2018

Ҳар гоҳ ки дар бораи дӯстии байни тоҷику ӯзбек сухан меравад, маро суҳбатҳои шоири зиндаёди зуллисонайн ба ёд мерасад.  Ӯ зодаи ноҳияи Ургут буд. Дар пирӣ ҳамеша хоки зодгоҳро мекашиду нашъаи дидори пайвандон ва дӯстони кӯдакӣ оромаш намегузошт. Аммо ба Ӯзбекистон рафтани вай хеле душвор шуда буд: гирифтани раводид, навбатпоӣ, аввал ба Хуҷанд ва сипас, аз тариқи Тошканду Самарқанд расидан ба Ургут ба мӯйсафеди 80 — сола гаронӣ мекард.

- Дилам мехоҳад, ки нахуст ба зодгоҳи ту – Панҷакент биравам, — мегуфт ӯ ба ман, — мазори устод Рӯдакиро зиёрат карда, дар марқади Халифа Ҳасан дасти дуо бардошта, оши палови чойхонаро хӯрда, баъдан роҳи Ургутро пеш гирам. Ин рӯзҳо ҳам мегузаранд, моро аз ҳам ҷудо кардан ғайриимкон аст, зеро мо дӯсту бародару ҷигарем, ҷигар.

Ӯлмас-ака орзуи худро ба хок бурданд, аммо роҳҳо кушода шуданду мардум ба дидори ҳам расиданд…

Воқеан, оё мешавад, ки  тоҷику ӯзбекро аз ҳам ҷудо кард? Мешавад, ки ду миллати тӯли садсолаҳо бо ҳам қаринро аз ҳам дур сохт? Ҳаргиз!

Тоҷику ӯзбек солҳо дар як минтақаи ҷуғрофӣ зиндагӣ карда, фарҳанги комилан муштарак доранд. Садсолаҳост оши палав дастурхони тоҷику ӯзбекро зеб медиҳад, кундалу зардӯзиро бо муҳаббат ҳам тоҷик мепӯшаду ҳам ӯзбек, модари тоҷик ҳам бо орзуву ҳавас ба муносибати тӯйи фарзандаш гӯлдӯзиву сӯзанӣ медӯзаду модари ӯзбек ҳам… Тӯю маърака, шинухез, расму оин ва анъанаҳо  хеле кам фарқ мекунанд.

Ҷолиб он аст, ки барои мардуми ӯзбек чун тоҷикон шеър аҳамият ва ҷойгоҳи вежа дораду шоирон барои ҳар ду миллат паёмбарони рӯҳониву маънавианд. Дӯстии миллатҳо, аз як тараф, аз ҳамзистӣ сарчашма гирад, адабиёту шеър решаҳои онро ба умқи замин мустаҳкам намудааст.

Бубинед, ӯзбекҳо дар ҳамсоягӣ бо  қирғизҳо, қароқалпоқҳо, қазоқҳо ва туркҳо зиндагӣ мекунанд, аммо бо ҳеҷ кадом адабиёти муштарак, эҷодиёти муламмаъ надоранд. Ин равия ва анъанаи адабӣ танҳо ба адабиёти ҳазорсолаи тоҷик ва ӯзбек хос аст, ки таърихи қадимӣ дорад. Дигар ин ки таҷрибаи зуллисонайнӣ боиси он шудааст, ки аз лиҳози ғоявӣ ва мавзӯъ адабиётҳо ба ҳам монанд бошанд.

Зуллисонайнӣ ҳодисаи нодири адабиёт аст. Зуллисонайнии тоҷику ӯзбек ҳанӯз ба қарнҳои XI-XII рост меояд. Дар осори шоир ва мутафаккирони ӯзбеки ин давра, аз қабили Юсуф Хос Ҳоҷиб — «Қутадғу билиг», Аҳмад Югнакӣ — «Ҳиббат-ул ҳақоиқ», Аҳмад Яссавӣ — «Девони ҳикмат» таъсири мавзӯъҳои ахлоқӣ-дидактикии шеъри форс-тоҷик, иқтибоси калима, ибораҳои форсӣ-тоҷикӣ ва истифодабарии образҳои бадеӣ ба назар мерасанд. Аз ҷумла, дос­тони «Қутадғу билиг»-и Юсуф Хос Ҳоҷиб дар зери таъсири «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ офарида шуда, бо «Сиёсатнома» ва «Қобуснома» монанд мебошад. Инчунин, як қатор шоирони тоҷик, ба мисли Саноӣ, Сӯзанӣ дар ашъори худ аз калимаву ибораҳои ӯзбекӣ фаровон истифода бурдаанд. Ин далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки шуарои мо вазъи иҷтимоиву сиёсӣ ва ҳамзистии абадии тоҷику ӯзбекро ба назар гирифта, эҷодиёти худро тавсеа бахшидаанд.

Дар охири асри XIII ва аввалҳои асри XIV бошад, дар адабиёти тоҷику ӯзбек жанри муламмаъ (ширу шакар) пайдо шуд, ки намояндагони он Насириддин Бурҳониддин Рабғузӣ, Бадри Чочӣ, Лутфӣ, Амирӣ барин шоирони забардастанд.

Ҳатто Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ барин шоири бузург ба ин жанр даст задааст:

Ёро, ба ҳар ду олам ёлғуз сени севарман,

Гар ту ба ман наоӣ, ман аз ғамат ӯларман.

Хӯрдам шаробу шарбат, бехуд бӯлиб йиқилдим,

Ту ҳам ширину шаккар, ҳар дам эслаб турарман.

Асосгузори адабиёти ӯзбек, шогирду дӯсти Мавлоно Ҷомӣ, шоири зуллисонайн Алишер Навоӣ дар асараш «Маҷолис-ун-нафоис» зикр намудааст, ки дар асрҳои XIV-XV як зумра шоирон дар майдони ду адабиёт — форс-тоҷик ва ӯзбек қалам меронданд ва намунаҳои баланди назму насрро ба вуҷуд оварда, қудрату тавоноии ҳар ду адабиёт ва забонҳои тоҷикиву ӯзбекиро таҷаллӣ медоданд. Дар идома Алишер Навоӣ номи Хоразмӣ, Лутфӣ, Атоӣ, Амирӣ, Ҳоҷӣ Абулҳасан, мавлоно Қутбӣ, мавлоно Тархони Самарқандӣ, Дарвеши Нозукӣ, мавлоно Яқинӣ, Муҳаммад Алӣ, Амир Шайхи Суҳайлӣ, мавлоно Осафӣ, мавлоно Шавқӣ ва даҳҳои дигарро меорад, ки дар майдони ду адабиёт корҳои шоиста кардаанд.

Адабиётшинос, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Садрӣ Саъдиев менависад: «Дар эҷодиёти шоирони зуллисонайн назми форс-тоҷик бо шеъри ӯзбек на танҳо наздикӣ пайдо кардааст, балки ягонагии байниҳамдигарӣ низ касб намудааст. Зеро зуллисонайнии ӯзбеку тоҷик баробари дузабона будан, аз ҷиҳати мазмуну моҳият адабиёти ягона аст ва адиби зуллисонайн як намояндаи ду адабиёт ҳисоб меёбад».

Аз ин мисолҳо бармеояд, ки ҳанӯз садсолаҳо пеш тору пуди адабиёти моро бузургон бо риштаҳои заррини садоқат, муҳаббат, самимият абадӣ пайванд кардаанд.

Фақат як лаҳзаро аз рӯзгори Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, ки бо тахаллуси Фонӣ ашъори тоҷикӣ сурудааст, мисол меорам.

Алишер Навоӣ дар Мурғоб қарор дошт ва амр гирифт, ки бо маъмурияте фавран ба Машҳад биравад. Роҳ аз наздикии Ҳирот, ки Мавлоно Ҷомӣ он ҷо мезист, мегузашт. Аммо Навоӣ бинобар таъҷилӣ будани амр вориди Ҳирот нашуда рафт. Ин хабар ба гӯши устодаш Ҷомӣ расид ва ӯ ранҷида, ин рубоиро навишта, ба шогирдаш фиристод:

Бинмуд абре зи ҷониби дашту бирафт,

Аз ташналабон зи дур бигзашту бирафт.

Бар кишти умеди мо ҷигарсӯхтагон,

Норехта нам зи дур бигзашту бирафт.

Навоӣ пас аз он ки паёми устодашро хонд, чунин посух дод:

Дил чун алами давлати васлат афрошт,

Ҷон низ хаёли худ бад-он азм гузошт.

Ҳар як чу бад-ин мурод наздик расид,

Гардун ба муроди номуродон нагзошт.

Бубинед, дӯстии тоҷику ӯзбек бо чӣ гуна василаҳо ба ҳам пайванд шудааст. Ин пайванд пайванди ҷовидонист, зеро он бо шеър, бо каломи абадӣ бунёд ёфтааст.

Ин дӯстӣ, албатта, ба таври ҳамеша идома меёбад. Шоирони номвари давр Ӯлмас Ҷамол, Садриддин Салими Бухорӣ, Ҷонибек Қувноқ, Аминҷон Шукуров, Нарзулло Орифӣ, Муҳаммадҷон Шодӣ, Чоршанбе Деҳнавӣ, Нормурод Каримзода, Асад Гулзодаи Бухорӣ, Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, Одил Икром, Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ, Раҳимҷон Наимӣ, Юсуф Вализодаи Дарбандӣ имрӯз ин анъанаро идома медиҳанд ва новобаста аз сиёсатҳову қудратҳо шамъи дӯстиро фурӯзон нигоҳ медоранд.

Дигар ин ки халқҳои тоҷику ӯзбекро ҷону имон ба ҳам мепайвандад. Агар ин тавр набуд, набераи Амир Темур — Бобур Мирзо дилбастаи адабиёти тоҷик намешуд. Маҳз ин пайванд буд, ки Бобур Мирзо бо ин забон шеър эҷод кард ва катибаҳо офарид, ки то имрӯз дар Тоҷикистон қарор доранд.

Идомаи ин пайванд марқади пири тариқат Хоҷа Аҳрори Валӣ мебошад, ки маскани зиёрати ҳазорон мусалмон буда, дар Ӯзбекистон, дар поёноби Зарафшон ҷойгир шудааст. Мазори набераи Хоҷа Аҳрор — Нақибхон Туғрал, яке аз охирин шоирони адабиёти классики тоҷик бошад, дар болооби Зарафшон дар деҳаи Зосун қарор дорад, ки зиёратгоҳи дилбастагони адабиёт аст.

Оё мешавад, ки чунин пайвандҳои ҷониро аз ҳам ҷудо кард? Оё ҳеҷ деворе, ҳеҷ сиёсате роҳи моро аз ҳам ҷудо карда метавонад? Ҳаргиз!

Пайванди тоҷику ӯзбек тавассути санъат низ устувор аст. Комил Ёрматов асосгузори кинои тоҷик ва ӯзбек аст. Киностудияи Ӯзбекистон то солҳои наздик ба номи ӯ буд. Ин режиссёри бузург маҳз дар Тоҷикистон сабзид, аввалин филми бадеиро ба навор гирифт, пояи кинои тоҷикро бунёд кард ва ин хизматҳоро барои Ӯзбекистон низ маҳз ӯ иҷро намуд. Дар зимн бояд ёдовар шавам, ки духтари Комил Ёрматов – Гулнора Пӯлодова барои Тоҷикистон хидматҳои зиёд кард ва то ба дараҷаи вазири тандурустӣ расид.

Бастакори бузург Мухтор Ашрафӣ барои рушди санъати Ӯзбекистон корҳои бузургеро ба сомон расонид. Ӯро ҳамчун бунёдгузори мусиқии касбии ӯзбек ёд мекунанд. Духтари ӯ профессор Муқаддама Ашрафӣ — ҳамсари Камол Айнӣ барои илми санъатшиносии тоҷик корҳои шоён анҷом додааст. Имрӯз марқади Мухтор Ашрафӣ дар Тошканд ва мазори Муқаддама дар оромгоҳи Лучоб аст. Мисле ки қабри Пайрав Сулаймонӣ дар Самарқанду қабри Гулчеҳра дар Душанбе.

Дар замони шӯравӣ садҳо спектаклу филм ба навор гирифта шуданд, ки ҳунармандони тоҷик ва ӯзбек муштарак дар онҳо нақш офаридаанд.

Яке аз устодони санъати тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хайрӣ Назарова, ки соли равон 90 – сола шуданд, дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ солҳои тӯлонӣ нақши Ҷамиларо аз спектакли «Бой ва хизматгор»-и Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ иҷро мекарданд.

Хайрӣ-ойтӣ боре ҳикоя карданд: «Дар солҳои 60- 70-ум «Бой ва хизматгор»-ро даҳҳо театри кишварҳои Иттифоқи Советӣ ба саҳна гузошта буданд ва ҳар сол дар Театри Ҳамза (Театри драмавии ба номи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ) озмуни Ҷамилаҳо баргузор мегардид ва «Ҷамила»-и ман чанд маротиба ғолиби озмун шуд. Аз ин хотир, борҳо маро барои фаъолият ба ин театр даъват карданд».

Соли гузашта режиссёр Шавкат Халилов асари дигари Ҳамза «Найрангҳои Майсара»-ро ба саҳнаи Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ гузошт.

Гарчанде ин асарҳо тарҷума аз забони ӯзбекӣ бошанд ҳам, дар онҳо тамошобин заррае бегонагиро эҳсос намекунад. Охир менталитети халқҳои ҳамсоя ва ҳамҷавор як аст. Баъдан, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ яке аз асосгузорони адабиёти муосири ӯзбек тоҷики қаротегинӣ буда, бо забони тоҷикӣ ва бо тахаллуси Ниҳонӣ девони ашъор дорад.

Дар бораи дӯстиву рафоқат ҳарф зада, намешавад, ки аз устод Садриддин Айнӣ ёдовар нашуд. Охир маҳз устод Айнӣ аввалин романи реалистиро дар адабиёти ӯзбек иншо карда, ягона асари саҳнавии худро бо ин забон нигоштааст. Шеъру мақола ва рисолаҳои ба забони ӯзбекӣ эҷодкардаи устод Айнӣ ганҷинаи адабиёти муосири ӯзбекро ташкил медиҳад.

Ғафур Ғулом, Ойбек, Зулфия ва даҳҳо адибони бузурги ӯзбек устод Айниро устоди худ медонанд. Дӯстии адибони муосир хеле ибратбахш аст. Дар соати якуними шаб ба хонаи Зулфия меҳмон шудани Фотеҳ Ниёзӣ, Ҷалол Икромӣ ва Мирзо Турсунзода далели чист?

Дар замони муосир ҳам робитаву дӯстӣ, агарчӣ кам шуда бошад ҳам, аз байн нарафтааст. Адиб ва тарҷумони намоён Аскар Маҳкам, зодаи шаҳри Ваҳдати соҳили Кофарниҳон, «Авасто» — китоби муқаддаси ниёгони моро тарҷума карда, дар Тошканд ба нашр расонид. Одил Икроми исфарагӣ бошад, имрӯз яке аз шоирон ва адибони забардасти Ӯзбекистон аст.

Кори Ӯлмас-акоро адибони маъруфи Тоҷикистон Сулаймон Эрматов, Ҳасанбой Ғоибов, Сайфулло Қулаев ва дигарон идома медиҳанд, ки фараҳбахш аст.

Чунин мисолҳо интиҳо надоранд ва имкони номбар кардани онҳоро низ надорем.

Бояд гуфт, ки мо ба шоҳроҳи нав баромадем. Хиради азалӣ моро аз нав ба ҳам овард, «ҷигарро ба ҷигар» расониду дигарро ботил кард. Акнун Ӯзбекистону Тоҷикистон мебояд ҷодаҳои ноҳамворро бо ҳам тай кунанд, то саодати ҷовидонагӣ насибамон гардад.

Рӯз аз рӯз ба Осиёи Марказӣ хатарҳои гуногун, ба мисли терроризму экстремизм таҳдид мекунад. Абарқудратҳо аҳдофи геополитикии худро дар ин ҷо амалӣ кардан мехоҳанд ва ғайра. Дар ин рӯзҳои сарнавиштсоз моро мебояд, ки дасти ҳамдигарро гирифта, муттаҳид шавем ва барои осудагии ҳамдигар бештар талош варзем. Дар самти иқтисодиёту тиҷорат ҳамкориро тавсеа бахшида, якҷоя ба бозори ҷаҳонӣ бароем. Бештар ба соҳаи туризм таваҷҷуҳ намоем, ки сайёҳи хориҷӣ тавонад дар як рӯз бемамониат зебоиҳои Самарқандро тамошо карда, дар ҳамин масир аз Саразм боздид намояд ё баръакс. Имконоти мо — кишварҳои нигини Осиё хеле калон аст.

Ҳоло дар оғози роҳ қарор дорем ва иншооллоҳ бо иродаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  ба мурод хоҳем расид.

Одили Нозир, журналист