Омадани сел дар Суғд чӣ пайомад ба бор овард?

№96 (4358) 24.07.2021

Сел19 июли соли равон бар асари боридани борони пуршиддат дар чор ноҳияи вилояти Суғд сел омад.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақрибан соати 1530, дар деҳаи Дашти Қозии деҳоти «Ёрӣ»-и шаҳри Панҷакент сел омада, 10 нафаре, ки ба чаронидани чорво машғул буданд, зери он монданд.

Дар натиҷаи офати табиӣ ба 15 бинои истиқоматӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, 3 км роҳи байни деҳаҳо зарар расида, боиси талафоти 35 сар чорвои калон ва чорвои майда шуд. Аҳолии маҳаллӣ тахминан соати 1730 ҷасади ду занро аз зери лойоба берун оварданд.

Фавран ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагон фиристода шуданд ва ҷасади 8 сокини деҳаи Киштудак аз зери лой дарёфт шуд. Ҷустуҷӯи ҷасади ду нафари дигар идома дорад.

Дар деҳаи Вашани деҳоти «Урметан»-и ноҳияи Айнӣ низ сел омада, 4 км роҳи мошингард, 2 пул,  хати барқ вайрон, таҳхонаи 8 бинои истиқоматӣ  ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз лойоба пур шуданд.

Ҳамон рӯз, дар натиҷаи бориши шадид дар деҳаҳои Пастиғав, Ҳадишаҳр, Пит, Рогиф ва Ревомутки деҳоти «Иван -Тоҷик»-и ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд низ омадани сел ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа, 3 бинои истиқоматӣ пурра, 5 бинои истиқоматӣ қисман, 8 иншооти ёрирасон, 10 км роҳ, 20 гектар замини корам ва 2 пул осеб диданд. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест.

Он рӯз дар деҳаи Росровути деҳоти «Росровут» ва деҳаи Метки деҳоти «Ваҳдат»-и ноҳияи Деваштич низ сел 15 бинои истиқоматӣ, роҳ ва қитъаҳои наздиҳавлигиро қисман хароб кард. Комиссияҳои ноҳиявии ҳолатҳои фавқулода ба кор оғоз намуда, рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома дорад.

 М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»