23 феврал – Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳомиёни кишвар гурдони шерафкананд

№21 (3971) 21.02.2019

29568835652_d49e06ed01_oҲеҷ як давлат бе лашкари тавонову разманда вуҷуд дош­та наметавонад. Ин аст, ки аз қадим давлатдорон барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи марз ҷузъу томҳои мухталифи лашкарро созмон медоданд. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ давлатҳои Ҳахоманишиҳо ва баъдтар Суғду Бохтар, Хоразму Ашкониён  дорои лашкарҳои пурқудрат буданд.

 Искандари Мақдунӣ лашкари бонизоми соҳибзафари худро дар асоси низому оини ҳарбии лашкари қавии аҷдоди дури мо — Куруши Кабир ва Дорои I бунёд гузоштааст. Сулолаи Сомониён дар ибтидои ба сари қудрат омадан артиши миллиро тибқи дастуру оинномаҳои қавии низомӣ созмон додаанд. Лашкари давлати Сомониён дар пояи низому тартиботи қавӣ, одобу ахлоқи баланд ва оини волои ҷавонмардӣ қарор дошт ва шоиставу сазовори шоҳи хирадманду адолатпеша буд.

Номи Исмоили Сомонӣ дар саҳифаи таърих чун шоҳи одилу хирадманд ва лашкаркаши тавонову соҳибтадбир бо ҳуруфи заррин сабт гардидааст. Корнамоии ҷангии ӯ дар ҳама давру замон бо далерию шуҷоат, ҷавонмардию ҷасорат, ҳақиқатпарастию хайрхоҳӣ, адолату раъиятпарварӣ ва ба ин монанд ахлоқу фазилатҳои ҳамида намунаи ибрати ҷаҳониён мебошад. Аз ин рӯ, Исмоили Сомонӣ барои Бухоро «девор»-и шарафу ифтихор, нангу ор, худшиносию эҳсоси баланди миллӣ, ҳомии ҳувияту суннат ва муқаддасоти миллати тоҷик буд. Номи бисёр гурдони ҷасуру диловар, ки марзу  бум ва муқаддасоти сарзамини бостонии моро аз таҳоҷуму таҷовузи аҷнабиён дифоу ҳифз кардаанд, боиси ифтихори миллат гардидаанд.

Дар адабиёти бою оламгири классикӣ, махсусан, дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, вожаи «гурд» ба маънии паҳлавон, баҳодур, далеру шуҷоъ, боақлу бохирад, бебоку қаҳрамон, ватанпарвару инсондӯст ва намунаи ибрати ҷавонмардон омадааст. Ибораҳои «гурдони сафшикан», «гурдони шерафкан», «гурдони номовар», «гурдони пилтан», «гурди шерҷигар» ва амсоли ин шерозаву ҳусни баёни шоирони классик гаштааст, ки дар ҳамосаҳои хеш аз қаҳрамонию диловарӣ, садоқату сарсупурдагии гурдон ба халқу меҳан ва шоҳону саркардагони кишвару лашкари он қисса кардаанд. Аз ҷумла, Фирдавсии бузургвор фармудааст:

Ҳаме зӯри гурдӣ ба ҷой оваред,

Ҷаҳонро зи мардӣ ба пой оваред.

Ба ин маънӣ, гурдон сарбозону афсарони намунавию баргузидае мебошанд, ки ба ватани хеш, ба сарвари кишвар ва фармондеҳони олирутбаи низомӣ содиқонаву ҷавонмардона хидмат мекунанд. Шояд мафҳуми форсии «гурд» баъдан дар Аврупо — дар забони итолиёӣ ба пайдо шудани вожаи «гвардия» асосу сабаб гардида бошад. Дар ибтидо мафҳуми «гвардия» муҳофизону посбонони шахсии сарвари давлат ва роҳбарияти олирутбаи ҳарбиро ифода менамуд. Баъдан, қисму воҳидҳои беҳтарину яккачин ва дорои имтиёзҳои хосро «гвардия» номгузорӣ карданд.

Мафҳуми «гвардия» дар Италия аз асри XII пайдо гардид. Дар Россия асосгузори аввалин гвардия Пётри 1 буд. Аввалин гвардияи миллӣ соли 1789 — дар оғози инқилоби бузурги Фаронса аз ҳисоби ихтиёрони мусаллаҳи шаҳрвандӣ таъсис ёфт. Кумитаи гвардияи миллӣ то соли 1871, яъне то эълони Комунаи Париж, ба шӯриши мусаллаҳона роҳбарӣ мекард. Дар баъзе аз мамлакатҳо неруҳои низомии имтиёздори полисро низ гвардия меноманд. Дертар дар Россия болшевикон аз нахустин рӯзҳои инқилоби феврали буржуазӣ — демократӣ аз ҳисоби отрядҳои мусаллаҳи коргарон Гвардияи сурх таъсис доданд, ки соли 1918 ба ташкилёбии армияи сурхи давлати ҷавони шӯроҳо асос гузошт. Мафҳуми гвардия дар собиқ Артиши шӯравӣ унвони фахрие гардид, ки қисму воҳидҳо ва киштиҳои ҳарбии дар муҳориба қаҳрамонӣ нишондода ба он мушарраф мегаштанд.

Баробари соҳибистиқлол гардидани давлати тоҷикон зарурати ташкил намудани Артиши миллӣ ба миён омад, зеро акнун ҳимояи марзу бум, шарафу номус ва музаффариятҳои Тоҷикистони соҳибихтиёр ба зиммаи фарзандони бонангу номус афтода буд. Пас аз ташкилёбии Артиши миллӣ сохторҳои дигари низомии кишвар мураттаб гардиданд. Хизматчиёни Артиши миллӣ аз уҳдаи вазифаҳои душвор, вале боифтихор сарбаландона баромада, то имрӯз ба Ватан софдилона хизмат карда истодаанд.

Рустамҷон ҒУЛОМОВ,

сокини шаҳри Душанбе