Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият масъалаи асосии иҷлосия

№ 09.07.2021

Масъалаи асосие, ки дар Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати шашум мавриди баррасӣ қарор дода шуд, омодагӣ ба ҷашни бузурги миллат — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Дар ин бора муовини Раиси вилояти Суғд, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Исфисор, 62» Анвар Яъқубӣ ҳисобот дод.

Бино ба гуфти ӯ, ба истиқболи сазовори љашн дар вилоят нақшаи махсус таҳия ва 1300 рӯзи меҳнати зарбдор эълон гардидааст. Ба ин муносибат дар вилоят корҳои созандагиву ободонӣ вусъат дода шуданд. Чунин ҳол дар вилоят 7 ҳазору 192 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 94,9 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

-Таъмини иҷрои корҳои ободонӣ, мутаассифона, на дар ҳама шаҳру навоҳии вилоят мувофиқи табъ аст, — гуфт Анвар Яъқубӣ, — кор дар шаҳру ноҳияҳои Гулистону Истаравшан, Деваштичу Исфара ва Конибодом беҳбудӣ мехоҳанд. Байни шаҳру ноҳияҳо танҳо ба ноҳияи Мастчоҳ муяссар шудааст, ки дурнамои нақшаи омодагиҳо ба ҷашнро ба иҷро расонанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз роҳбарони шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла шаҳри Истиқлол, Конибодому Деваштич, Бӯстону Панҷакент раванди корҳои созандагию ободониро пурсида дастур дод, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 30 -солагии Истиқлолияти давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Баъдан вакилон ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, хӯрокворӣ, меҳнат ва хизматрасонӣ ба аҳолиро шуниданд. Дар ин бора раиси комиссия, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Унҷӣ, 65» (ноҳияи Б. Ғафуров) Зафарбек Давлатзода баромад кард.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 37» Комилӣ Камолҷон Ҳакимзода дар бораи рафти иҷрои ваколатҳои вакилиаш ҳисобот дод.

Дар маҷмӯъ, вакилон дар иҷлосия 7 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода, аз рӯи онҳо қарорҳои далхлдор қабул карданд.

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»