Омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ

№146 (3783) 09.12.2017

Бо мақсади омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таъмири истгоҳҳои обкашӣ, дастгоҳҳо, чоҳҳои амудӣ, зеристгоҳҳо, трансформаторҳо ва хатҳои барқӣ идома дорад.

Тавре муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят Абдуллоҷон Солиҷонов гуфт, дар ноҳияҳои Ашт 9 адад, Айнӣ — 6, Бобоҷон Fафуров — 26, Зафаробод — 5, Исфара — 8, Конибодом — 4, Мастчоҳ — 11, Панҷакент — 6, Спитамен — 10, Ҷаббор Расулов — 24 ва Истаравшан 1 адад, дар маҷмӯъ, 396 дастгоҳ, ҳамчунин, 20 чоҳи амудӣ, 10 зеристгоҳ, 15 трансформатор, 89 сулул (ячейка), 2,3 километр хатти барқ, 2,4 километр хатти обёрии пӯшида, 1 километр нова, 54 адад иншооти гидротехникӣ, 51 адад воситаи ченаки об, 15 экскаватор ва 7 булдозер таъмир гардидааст.

Дар баробари ин, то ба имрӯз 62,7 ҳазор мукаабметр заҳбуру заҳкаш ва 142,1 ҳазор мукаабметр хатти шабакаҳои обёрӣ тоза карда шуд.

Ҳусейни Назрулло,

«Садои мардум»