Омодагӣ ба тирамоҳу зимистон идома дорад

№81 (3718) 08.07.2017

Бардошт аз иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан

Дар Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан даъвати панҷум, ки чанде пеш доир гардид, масъалаҳои «Тасдиқи ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Навкат» №38,  «Ҷараёни татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017 — 2018», «Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, оила ва занон», «Гузориши вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр  аз ҳавзаи интихоботии «Гули Сурх» №20, оид ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ», «Ворид намудани тағйирот ба ҳайати Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон» ва тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ибтидо ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан аз ҳавзаи интихоботии «Навкат», №38 Иноятзода Баҳром, ки 25 июни соли 2017 интихоб шудааст, тасдиқ карда шуд. Зеро Баҳром Иноятзода 31- уми марти соли 2017 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан таъин гардида буд.

Дар робита ба ҷараёни татбиқи Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017, №177 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017 — 2018», зикр шуд, ки аз ҷониби ситоди шаҳрӣ, ташкилоту муассиса ва ҷамоатҳои деҳот корҳои мушаххас амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, бо мақсади пурра таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо ангишт, гази моеъ ва дигар намуди масолеҳи сӯхт бо субъектҳои  дохилӣ ва давлатҳои дуру наздик шартнома баста шуд ва воридот идома дорад.

Ситоди шаҳрӣ аз зерситодҳо дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, хизматрасонӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, сохтмон ва хизматрасонии коммуналӣ иборат аст, ки тибқи нақша — чорабиниҳои тартибдода амал мекунанд. Дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ оид ба захира намудани ангишту ҳезум, ташкили фурӯши гази моеъ, нуқтаҳои иловагии фурӯши ангишт барои аҳолии шаҳру деҳот, шишабандӣ намудани тирезаҳо ва таъмири мактабу беморхона, хонаҳои саломатӣ як қатор тадбирҳо  андешида шудаанд. Иҷлосия дар ин бора ва дигар масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул кард.

Дар охир раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода таваҷҷуҳи вакилонро ба таъмини иҷрои нақшаҳо ва ислоҳи камбудию норасоиҳо ҷалб карда, ба мутасаддиёни соҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

«Садои мардум»