Ҷоннисориҳо омили асосии расидан ба ваҳдати миллӣ аст

№74-76 (3711-3713) 24.06.2017

їваїваїваМусоҳиба бо доктори илмҳои филологӣ, профессор Назрӣ Офаридаев

- Дар пойдор гардидани сулҳу субот ва таҳкими Ваҳдати миллӣ кадом омилҳо замина гардиданд?

- Дар ин маврид се омили муҳимро метавон хотиррасон кард. Якум, омили айнӣ, ки ба иродаи халқи тоҷик ва табиати сулҳофарӣ иртиботи мустақим дошта, сиёсати оштии миллиро пайгирона ҷонибдорӣ мекард. Халқ аз ҷанг хаста шуд ва мардуми Тоҷикистон мехостанд, ки ҳар чӣ тезтар дар кишвар сулҳ барқарор гардад.

Дуюм, омили байналмилалӣ, ки ба сиёсати сулҳҷӯёнаи кишварҳо ва созмонҳои байналхалқие вобастагӣ дошт, ки ба барқарор намудани сулҳ дар сарзамини тоҷикон манфиатдор буданд.

Сеюм, омили шахсият буда, мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ ба ду омили дар боло номбаршуда баробар аст ва аксар маврид нақши ҳалкунандаро маҳз ин шахсият бозид. Пеш аз ҳама, ҷоннисориҳои Сарвари давлат барои мардуми Тоҷикистон тимсоли ваҳдату якпорчагии Меҳан гардид. Дар он рӯзҳо, ки боварии мардум нисбат ба ҳамдигар коста шуда буд, шахсияте лозим буд, ки ҷони худро дар хатар гузошта, чун Сарвари давлат ҳамаро бо як чашм дида, созиш, ифоқа, бародарӣ ва сабру таҳаммулро шиори худ қарор дода, умеду бовариро ба ояндаи нек дар зеҳни ҳар як сокини Тоҷикистони ҷангзада ба вуҷуд орад. Бешубҳа, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ин гуна шахсиятро дар симои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо намуд. Дар натиҷа, ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омад ва неруҳои сиёсӣ барои якпорчагӣ, сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон ақидаи ягона пайдо карданд.

- Афзоиши гурӯҳҳои террористӣ дар ҷаҳон боиси нигаронии аҳли башар гардидааст. Дар ҳамин ҳол онҳое ҳам ҳастанд, ки оромӣ ва осудагии Тоҷикистонро дидан намехоҳанд… 

- Воқеан ҳам, имрӯз ҷаҳон ноором аст ва пеш аз ҳама, нооромӣ дар олами ислом зиёд аст. Дар давлати ҳамсоя — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон чанд сол аст, ки ҷанг идома дорад. Воқеаҳое, ки дар Ироқу Сурия ба амал омаданд, боз ҳам ташвишовартаранд. Ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» ҷаҳонро ба даҳшат овардааст. Нигаронкунанда аст, ки ҷавонони тоҷик низ дар сафи «Давлати исломӣ» дар набарданд. Дар ҳамин ҳол гурӯҳҳои алоҳида кӯшиш доранд, ки тафриқаи динӣ ва иҷтимоиро ба вуҷуд биёранд. Масалан, пайравони равияи салафия дар ташреҳи баъзе масоил назарияи ҳанафияро зери суол гузошта, қоидаҳои навро ҷорӣ карданианд. Тафриқаи иҷтимоиро метавонанд қувваҳои манфиатхоҳ дар байни Ҳукумат ва халқ ба вуҷуд биёранд ва барои амалӣ намудани ҳадафҳо аз неруи ҷавонон истифода баранд.

Аз ин рӯ, бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, ҷавононро ба роҳи рост равон кунем, то ин ки қувваҳои манфиатҷӯй натавонанд аз онҳо истифода баранд. Аҳзобу ҳаракатҳое, ки ҷомеаи моро ба гирдоби бархӯрд кашиданианд, бо дастури хадамоти махсуси баъзе давлатҳои хориҷӣ кор мекунанд. Фаъолияти ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон далели ин гуфтаҳост.

- Роҳбарияти мамлакатҳои ба гирдоби ҷангафтода мехоҳанд таҷрибаи сулҳи тоҷиконро татбиқ намоянд. Аммо чандон муваффақ нестанд. Чаро?

- Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нодир аст. Халқи Афғонистон шикоят доранд, ки чун Эмомалӣ Раҳмон Пешво надоранд, то кишварашонро аз нооромиҳо раҳонад. Аз тарафи дигар, дахолати кишварҳои хориҷӣ ба умури Афғонистон боис гардидааст, ки ҷангу муноқишаҳои мусаллаҳона идома ёбанд. Дигар кишварҳои ҷангзада низ бинобар  надоштани шахсияте чун Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода муваффақ нашудаанд. Сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ба сулҳи тоҷикон баҳои баланд додаанд ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин раванд ситоиш мекунанд. Ин ҳақиқати бебаҳс аст.

 Шоҳтолиби Шоҳқосим,

«Садои мардум»