Қонунгузории соҳаи замин ба тағйиру иловаҳо ниёз дорад

№4 (3641) 14.01.2017

Тибқи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Дар заминаи ин муқаррарот ва таъмини кафолати истифодаи самараноки замин ба манфиати халқ аз ҷониби давлат худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он, ҳамчунин ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ҷиноят эътироф гардида, барои содир кардани ин кирдор дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ ва ҷазо пешбинӣ шудааст.

Боби 31-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳо ба муқобили тартиботи идоракунӣ, моддаҳои 338 ва 3381 ҷавобгарии ҷиноятиро мувофиқан барои худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он, инчунин ғайриқонунӣ додани қитъаи замин муқаррар намудааст.

Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳрири соли 1998, то 25 марти соли 2011 танҳо худсарона ишғол намудани қитъаи замин ҷиноят эътироф мешуд. Баъдан, 25 марти соли 2011, тағйиру иловаҳо ба ин Кодекс ворид ва қисмҳои 2, 3 моддаи 338 ва моддаи 3381 илова карда шуд, ки тибқи он мувофиқан сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолгардида, инчунин ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ҷиноят эътироф шуда, барои ин кирдор ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардид.

Вобаста ба ин, Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2012, № 3 дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он, ғайриқонунӣ додани қитъаи замин қабул шудааст, ки мувофиқи он:

- таҳти мафҳуми худсарона ишғол намудани қитъаи замин, худсарона ишғоли қитъаи замин бе иҷозати мақомоти давлатӣ ё истифодабарандагони замин, шахсони мансабдор ва мавҷуд будани дигар асосҳо (худсарона иваз кардани қитъаи замин, хариду фурӯш намудани қитъаи замин, худсарона додани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва ғайраҳо), ки бо қонун пешбинӣ нашудаанд, фаҳмида мешавад;

- ба худсарона ишғол намудани қитъаи замин, дар навбати аввал, ҳолатҳои худсарона истифода бурдани қитъаи замин, инчунин ишғоли он бе иҷозати мақомоти дахлдори давлатӣ ё истифодабарандагони замин, шахсони мансабдор, новобаста аз он ки бо истифодаи қитъаи замин алоқаманд ҳаст ё не, дохил мешаванд.

Мутобиқи моддаи 141 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои худсарона истифода бурдан ва ё аз они худ кардани қитъаҳои замин, ки аз ин ҳуқуқи давлат ба замин халалдор мешавад, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ҷавобгарии ҳуқуқии маъмурӣ муқаррар гардида, барои ин кирдор ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст.

Аз ин бармеояд, ки диспозитсияи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноят якхела буда, онҳо дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон такрор ёфтаанд ва фарқи байни онҳо бо қонунгузор муайян карда нашудааст.

Дар чунин ҳолат, бо дарназардошти андозаи зарар ва хавфнокии кирдори содиршуда, муайян кардани ҳолате, ки дар кирдори содирнамудани шахс таркиби ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ё ҷиноятӣ ҷой дорад, лозим аст. Аммо дар қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зарар зикр нашудааст.

Ғайр аз ин, тибқи қисми 1 моддаи 246 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони худсарона — сохтмони хонаи истиқоматӣ, биною иншоот ё дигар молу мулки ғайриманқуле мебошад, ки дар қитъаи замини мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ва дигар санади ҳуқуқӣ барои чунин мақсад ҷудонашуда ё бидуни гирифтани иҷозати зарурӣ ё ба таври назаррас вайрон кардани меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ва бинокорӣ бунёд шудааст.

Аз муқаррароти меъёри мазкур бармеояд, ки қонунгузории гражданӣ эътирофи ҳуқуқи моликиятро ба сохт­мони худсарона иҷозат додааст. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ин амалро бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст.

Дар ҳолати эътироф гардидани ҳуқуқи моликият ба сохтмони худсарона шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод ва дар мавриди дигар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки дар ин ҳолат эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмони худсарона имконнопазир мегардад. Яъне, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 246 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамдигар мухолиф аст. Аз ин рӯ, такмил додани қонунгузории гражданӣ, ҷиноятӣ ва маъмурӣ вобаста ба худсарона ишғол кардани қитъаи замин, сохтмони худсарона дар он мувофиқи мақсад мебошад. Зери мафҳуми «худсарӣ», яъне худсарона, бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи қонун ё санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ ба амал баровардани ҳуқуқи воқеӣ ё эҳтимолӣ, ки ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи шаҳрвандон ё манфиатҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ зарари ҷиддӣ расонидааст, фаҳмида мешавад.

Худсарона ишғол намудани қитъаи замин танҳо дар ду ҳолат ҷавобгарии ҷиноятиро ба вуҷуд меорад:

а) агар он дар давоми соли пас аз додани ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад;

б) агар худсарона ишғол намудани қитъаи замин ба манфиати қонунии шаҳрвандон, давлат ё корхона ё хоҷагии деҳқонӣ зарар расонида бошад.

То ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон диспозитсияи моддаи 338 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро барои худсарона ишғол кардани қитъаи замин, ки дар давоми соли пас аз додани ҷазои маъмурӣ барои чунин вайронкунӣ содир шудааст ё ин кирдор ба манфиати қонунии шаҳрвандон, давлат ё корхона ба миқдори калон зарар расонида бошад, муқаррар карда буд. Вале баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аломати таснифкунандаи «ё ин кирдор ба манфиати қонунии шаҳрвандон, давлат ё корхона ба миқдори калон зарар расонида бошад» хориҷ карда шуда, қисми 2 — сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда, новобаста аз татбиқи ҷазои маъмурӣ, илова карда шуд.

Расонидани зарар ба миқдори калон мафҳуми баҳододашаванда буда, бо ба ҳисоб гирифтани ҳама ҳолатҳои кор аз тарафи мақомоти тафтишотиву судӣ муайян карда мешавад.

Худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он дар сурате хотимаёфта ҳисобида мешавад, ки агар шахс қитъаи заминро ғайриқонунӣ ишғол намуда, ба оғози корҳо, аз ҷумла деворгирии (таворакашии) қитъаи замин, истифодабарии он, ҷуфт, сохтмон кардан ва ғайраҳо шурӯъ намуда бошад.

Ихтиёран даст кашидан аз истифодабарии минбаъдаи қитъаи замин шахсро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намекунад, зеро он танҳо дар давраи тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасди он имконпазир аст. Суд, судя метавонад ихтиёран даст кашидан аз истифодабарии минбаъдаи қитъаи замин ва барқарор кардани зарари расонидашударо ҳамчун ҳолати сабуккунандаи ҷазо ба инобат гирад.

Бояд дар назар дошт, ки то бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 таҳти №694 ворид намудани тағйирот ба моддаи 338-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, на худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва на сохтмони худсарона дар он, бидуни қаблан ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудани шахс, таркиби ҷиноятро ташкил намедоданд ва танҳо асос барои ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан шуда метавонистанд.

Аз ин лиҳоз, тибқи муқаррароти қисми 3 моддаи 13-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ин кирдор танҳо дар он ҳолат ба миён меояд, ки ҳам худсарона ишғолкунии қитъаи замин ва ҳам сохтмони худсарона дар он баъди эътибори қонунӣ пайдо намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 таҳти №694 содир шуда бошанд.

Қисми 1 моддаи 338 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро барои худсарона ишғол намудани қитъаи замин, агар дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкунӣ содир шуда бошад, муқаррар намуда, барои ин кирдор ҷазои ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол пешбинӣ кардааст.

Тибқи қонун барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан бояд шахс қаблан ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ дар давоми сол аз нав қитъаи заминро худсарона ишғол карда бошад. Вале мутобиқи сархати 3 қисми 2 моддаи 33 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон агар аз рӯзи содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ шаш моҳ гузашта бошад, шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад. Яъне, агар шахс заминро соли 2010 худсарона ишғол карда бошад ва ин ҳолат соли 2016 ошкор шавад, тибқи қонун шахсро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан мумкин нест. Аз ин бармеояд, ки шахс минбаъд замини худсарона ишғолнамудаашро истифода барад ҳам ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидани ӯ имконнопазир аст.

Аз ин рӯ, бо мақсади ҳифзи замин ва кафолати истифодабарии он такмили қонунгузорӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Қисми 2 моддаи 338 Кодекси ҷиноятӣ ҷавобгарии ҷиноятиро барои сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда, новобаста аз татбиқи ҷазои маъмурӣ, муқаррар намуда, барои ин кирдор ҷазои ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нуҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё  маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ кардааст.

Қисми 3 ҳамин модда ҷавобгарии ҷиноятиро барои кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, муқаррар намуда, барои он ҷазои ҷарима ба андозаи аз нуҳсаду дувоздаҳ то ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол пешбинӣ кардааст.

Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин дар моддаи 3381 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст. Тибқи қисми 1 ин модда барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ҷазои ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нуҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё  маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум  кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол пешбинӣ шудааст.

Қисми 2 моддаи номбурда ҷавобгарии ҷиноятиро барои кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) бо истифода аз ваколати мансабӣ содир шуда бошад муқаррар намуда, ҷазои ҷарима ба андозаи аз нуҳсаду дувоздаҳ то ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайянро ба муҳлати то панҷ сол пешбинӣ намудааст.

Мувофиқи банди 3 қарори зикр­гардидаи Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин шахсони мансабдор ва шахсони воқеӣ (раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кормандони Кумитаи заминсозӣ ва геодезӣ, шаҳрвандон ва ғайра) бо моддаи 3381-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Кирдори мазкур бо ҳамин мазмун дар диспозитсияи моддаи 153 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабул намудани қарори ғайриқонунӣ дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин ва истифодаи он ҳангоми набудани аломати ҷиноят такрор ёфта, дар он ҷавобгарии маъмурӣ ва ба шахсони мансабдор ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муқаррар шудааст. Қонунгузории маъмурӣ ишора ба ҳангоми набудани аломати ҷиноят намуда, мушаххас накардааст, ки фарқи ҷиноят аз ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар чӣ зоҳир мегардад.

Тибқи қонунгузории соҳаи замин додани қитъаи замин ба салоҳияти раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дохил аст. Раисони ҷамоат, кумитаҳои идораи заминсозӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шаҳрвандон барои додани замин ваколатдор нестанд. Аз ин рӯ, субъекти ҷинояти мазкур махсус шахсони мансабдори хизмати давлатӣ мебошанд. Аммо дар Қарори Пленуми Суди Олӣ раисони ҷамоатҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кормандони Кумитаи заминсозӣ ва геодезӣ, шаҳрвандон ва ғайра субъекти ин ҷиноят эътироф шудаанд, ки мушаххас кардани он мувофиқи мақсад мебошад. Зеро шахси гирандаи замин низ медонад, ки додани замин ба ваколати шахсони номбурда дохил нест, бо вуҷуди ин, барои содир намудани ҷиноят мусоидат менамоянд ва худ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мемонанд. Аз ин лиҳоз, мушаххас кардани субъекти ҷинояти мазкур барои банду басти дурусти кирдори шахсони гунаҳгор ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани онҳо мусоидат хоҳад кард.

Тибқи эзоҳи моддаи 338 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳои дар моддаҳои 338 ва 3381 пешбинигардида вақте такроран содиршуда эътироф мешаванд, ки агар шахс қаблан як ё якчанд ҷинояти дар ҳамин моддаҳо пешбинигардидаро содир намуда бошад. Ҳамчунин, таҷрибаи баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ дар судҳо собит месозанд, ки барои муомилоти ғайриқонунии замин, аз ҷумла хариду фурӯш ва ғайра дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ бо моддаи алоҳида ва мушаххас пешбинӣ нашудааст. Аз ин лиҳоз, мақомоти таъқиби ҷиноятӣ нисбат ба гунаҳгорони ин кирдор дар аксар маврид бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне қаллобӣ, парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва судҳо бо ин меъёри қонуни ҷиноятӣ онҳоро гунаҳгор ва нисбаташон ҷазо таъин менамоянд. Аз ин хотир, барои мушаххас кардани ҷавобгарии ҷиноятии марбут ба муомилоти ғайриқонунии замин дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намудани моддаи алоҳида, ки ба амалигардонии муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини кафолати истифодаи самараноки замин мусоидат менамояд, ба мақсад мувофиқ аст.

Масалан,  мақомоти таъқиби ҷиноятӣ (прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ) нисбати Аҳмадшоҳи Шариф ва Умедҷони Неъматулло, ки ба ҷабрдида С.Х. Тағоев қитъаи замини масоҳаташ 0,2 гектар, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, деҳоти «Сарикиштӣ», деҳаи Озодии занонро ба маблағи 32000 сомонӣ фурӯхтаанд, бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б»  ва 3381 қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон намуда, ба Суди ноҳияи Рӯдакӣ равон кардааст. Суди марҳилаи якум (судя Раҳматзода Т.) бо ҳукми суд аз 12 июли соли 2016 онҳоро бо ин моддаҳои қонуни ҷиноятӣ гунаҳгор дониста, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин намудааст. Парванда дар марҳилаи кассатсионӣ баррасӣ гардида, бо қарор аз 23 августи соли 2016 ҳукми суди марҳилаи якум бетағйир ва шикояти кассатсионии маҳкумшуда беқаноат мононда шудааст.

Маълум аст, ки байни судшавандаҳо ва ҷабрдида муомилот — хариду фурӯши қитъаи замин сурат гирифтааст. Ҷабрдида дидаю дониста барои гирифтани қитъаи замин ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат накарда, онро ғайриқонунӣ харидорӣ кардааст. Ҳоло фурӯшандаҳои замин дар ҳабсанд, вале харидор ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Дар таҷрибаи Суди ноҳияи Рӯдакӣ чунин мисолҳо бисёр аст. Ба андешаи ман, пешбинӣ кардани ҷавобгарӣ барои хариду фурӯши ғайриқонунии замин зарур аст ва он ба паст гардидани сатҳи ҷинояткорӣ дар соҳаи замин мусоидат менамояд.

 Қ. Қ. Муминзода, муовини раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ