Ормонҳои давлатдории миллӣ — заминаи Конститутсияи ҷумҳурӣ

№162 (3463) 28.11.2015

Дар ташаккул ва таҳаввули афкори миллӣ ва сиёсии мардуми тоҷику форс ормонҳои бостонии миллӣ, ки дар бовару асотири қадимӣ таҷассум ёфтаанд, ҷойгоҳи вижа доранд. Гузашта аз ин, тайи таърихи тӯлонӣ бовару ормонҳои мардумӣ ва миллӣ дар созмон ёфтани тахайюл ва тафаккури эҷодию воқеӣ — реалистии ақвоми иронитабор, аз ҷумла мардуми тоҷик саҳим буда, ҷараёни рушду тавсеаи биниши миллӣ ва сиёсиро таҳкиму тақвият бахшидаанд. Таҷрибаи башарӣ собит сохтааст, ки мафкура ё идеологияи давлатӣ ва миллӣ ҳамеша бар мабнои беҳтарин ормонҳои мардумӣ, ки маҷмӯаи зиндагии фикрӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии қавму миллатҳоро дар маҳдудаҳои замонию маконӣ таъин мекунанд, сохта мешавад. Дар ин росто, мардуми тоҷику форс ҳам дар имтидоди тӯлонии замонӣ аз решаву асолати худ — бовару асотири бостонӣ фарҳанг ва маънавиёт кор гирифта, дар арсаи сиёсат ва фарҳанги инсонӣ қадамҳои устувор бардоштааст.

Мардуми тоҷику форс бо ормонҳои давлатдорӣ ба арсаи сиёсат ва императорӣ қадам ниҳод ва барои заминагузорӣ ва роҳандозӣ кардани лоиҳаҳои давлатҳои миллӣ ва дунявӣ беҳтарин бовару асотир бофту пардохт, ки дар сохтмони давлатҳои минбаъдаи дунявӣ ба сифати манбаи зарурӣ хидмат намуданд. Муҳаққиқон, бо дарназардошти шароит ва вазъи номусоиди глобалӣ, таҳкими фарҳанги бумиро бар пояи ҷаҳонбинӣ ва идеологияи воқеъбинонаи миллӣ, ки дар бовару асотири паҳлавӣ ва манобеи асримиёнагӣ дарҷ гардидаанд, ҳукми зарурат донистаанд (Комил Бекзода – «Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ», Душанбе, соли 2012, саҳ. 388 — 389). Барои намуна, метавон аз устураи ҷамшедӣ ба масобаи мафкураи давлатдории миллӣ ёдовар шуд, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад. Хатти марказии фарҳанг ва сиёсати миллӣ дар симои шаҳриёри нимаустуравӣ ва ниматаърихӣ Ҷамшед чарх мезанад ва асотири асримиёнаи паҳлавӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ на фарраи паёмбарӣ, балки фарраи шаҳриёриро ихтиёр намуда, дар ин дунё лаззат бурдан ва онро ободу зебо сохтанро меъёр ва шеваи зиндагии худ талаққӣ карда, дар татбиқи он калидғоя кӯшидааст (Баҳор Меҳрдод – «Аз устура то таърих». Гирдоваранда ва виростор Абулқосим Исмоилпур, Теҳрон, соли 1384, саҳ. 360). Бар қолаби фарҳанги ҷамшедӣ ҷашнҳои бостонии миллӣ (Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада) рехта шуда, ҳамагӣ барои танзими барномаҳои зиндагии инсонӣ офарида шудаанд (Рӯҳуламинӣ Маҳмуд – «Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Ирони имрӯз», Теҳрон, чопи аввал, соли 1376, — саҳ.15). Аз ин лиҳоз, фарҳанги ҷамшедӣ пуштувонаи калидии низоми сиёсӣ ва иҷтимоии мардумӣ ва миллӣ тайи таърихи тӯлонӣ буда, аслҳои дар шароити сохтмони давлатдории ватанӣ – дар таҳияи қонуни асосии ҷумҳурӣ ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ роҳ ёфтаанд.

Хатти марказии ормони фарҳангӣ ва сиёсии ҷамшедӣ дар доираи инсони хирадгаро чарх мезанад ва тибқи он инсон дар користони хирад бо мушкилоти гуногун ва фаҷоеи рӯзафзуни рӯзгор мувоҷеҳ буда, бо ҳунари офаринандагӣ, меҳрофарӣ ва ҳувият давлат ва ҷомеа месозад. Агар нақш ва зарфияти хирад дар сохтмони давлатсозӣ ва дунявиятталабӣ заиф шуд, ҷаҳолати иҷтимоӣ ҳамчун рӯйкарди даҳшатбор механизмҳои рушди ҷомеаро хароб сохта, боиси ташаннуҷи вазъ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт мегардад. Ба таъбири дигар, рӯзе, ки хирад аз сохтани биҳишт дар рӯи замин боздошта шавад, ба қавли ҷомеашиноси олмонӣ Макс Вебер «ба фикри сохтану густурдани адёне меафтад, ки инсонро бояд аз гетӣ наҷот бидиҳад» (Ҷамолӣ Манучеҳр – «Шоҳнома ва мо». Дафтари нахуст, Лондон, бидуни соли нашр, саҳ. 23) ва ин ҷост, ки таҳдиди хатар дар самти идеология ва сиёсати миллӣ таҳаққуқ пайдо мекунад.

Дар асотири куҳани миллӣ масъалаи давлатсозӣ ва нақши мардум дар сохтмони давлати мардумӣ хотирнишон шуда, бад-ин тариқ низоми сиёсии ҷаҳони инсонӣ, ки дар асоси меҳр, хирад, ростӣ, дод ва озодӣ бунёд ёфтааст, матраҳ гардидааст. Дар он ҳар дине, ҳар миллате, ҳар роҳбаре, ки ба мардуми ҷаҳон меҳр меварзад ва мардуми ҷаҳон ин меҳрварзиро бо таҷриботи мустақими худ дармеёбанд, ӯро бармегузинанд ва ҳар гоҳ ки даст аз меҳр баркашад, тӯмори баргузидагиаш барчида мешавад (Ҷамолӣ Манучеҳр – «Густохӣ дар гусастан. Аз гусастагони густох», Лондон: Курмали Пресс, соли 1996, саҳ. 50). Чун ормони миллӣ бар пояи озодӣ бунёд ёфтааст, озодӣ, ба қавли файласуфи немис Мартин Ҳайдеггер «ҷавҳари ҳақиқат аст» ва маҳз ин ҷавҳар зиндагиро маънои тоза мебахшад.

Дар замони давлатдории Куруши Кабир ормонҳои миллӣ воқеият касб менамоянд. Бар асоси ормонҳои миллӣ ва давлатдории ҷамшедӣ нахустин Маншури ҷаҳонии ҳуқуқи башар аз тарафи Куруши Кабир дар соли 538 пеш аз мелод эълом ва ба иҷро мерасад. Соли 1969 мелодӣ, пас аз даргузашти 2507 сол баъд аз судури фармони мазкур, намояндагони кишварҳои гуногун бо ҳузур ба оромгоҳи Куруш аз ӯ ба унвони нахустин поягузори ҳуқуқи башар ва озодии инсон таҷлил карданд (Ҳушанг Толеъ — «Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан,  Теҳрон, соли 1382, саҳ. 209). Аз таърих маълумамон аст, ки барои сарнагун кардани истибдоди шоҳи Бобул мардуми Бобул Курушро даъват мекунанд. Баъди озод намудани мардуми Бобул Куруш Маншур ё ба истилоҳи имрӯза Эъломия мунташир мекунад. Дар Маншури худ, қабл аз ҳама, ба масъалаи озодӣ ва анвои гуногуни он, амсоли озодии виҷдон, ки нахустзаминаи давлати демократӣ талаққӣ мешавад, таваҷҷуҳ менамояд ва дар ин замина таъкид мекунад: «Артиши бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд. Нагзоштам ранҷу озоре ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин ворид ояд, ба тирабахтиҳои онон поён бахшидам. Ман бардадориро барандохтам. Фармон додам ҳамаи мардум дар парастиши худои худ озод бошанд ва ононро наёзоранд.» (Ҳушанг Толеъ – «Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан», Теҳрон, соли 1382, саҳ. 217). Мардонагӣ ва шарофати Курушро дар бахшҳои дигари Маншур тариқи зер мушоҳида мекунем: «Фармон додам ҳамаи ниёишгоҳҳоеро, ки баста буданд, бигшоянд» (бахши 32-и Маншур). «Ба ниёишгоҳҳои худашон бозгардондам» (бахши 34-и Маншур, таваҷҷуҳ шавад ба: Ҳушанг Толеъ – «Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан», Теҳрон, соли 1382, саҳ. 218). Ин саховатмандӣ, мардонагӣ, родмардӣ ва инсонияти ӯро дида, мардуми Бобул ба ӯ унвони «Шоҳи Бобул», «Шоҳи сарзаминҳо»-ро додаанд. Куруш бар маросими иди Наврӯз ба суннати деринаи подшоҳони Бобул, дасти  Bel (Баал) – Худои бузурги бобулиёнро ламс мекунад ва қонунан ва шаръан дар шумори подшоҳони Бобул дармеояд. Куруш он ҷо сиёсати родмардӣ ва инсондӯстии худро ба намоиш мегузорад ва фармони аз асорат озод кардани яҳудиёнро содир мекунад. Ба онҳо иҷозат медиҳад, ки ба сарзамини хеш бозгашта, маъбади Байтулмуқаддасро ба ҳамон сурати пешазвайронӣ бозсозӣ кунанд. Тамоми зарфҳои тилло ва нуқрае, ки аз яҳудиён гирифта буданд, ба онҳо бозгардонда мешаванд (Гиршман Роман. – «Таърихи Ирон аз оғоз то ислом». Тарҷумаи Маҳмуд Беҳфурӯзӣ, Теҳрон: Ҷомӣ, соли 1379, саҳ. 122).

Давраи сеюми давлатдории миллӣ аз рӯи ормонҳои миллӣ ба замони Сомониён рост меояд. Замони салтанати Сомониён забони миллӣ, ки пойдевори фарҳанги бумӣ ва мардумӣ маҳсуб меёбад, таҳкиму густариш ёфта, амирони хирадпарвари Сомонӣ раванди таъсири саросарии забони порсии дарии тоҷикиро дар қаламрави давлат ҷиддӣ назорат мекарданд ва бад-ин тариқа, дар бедории фикрию сиёсии ҷомеа саҳми бориз мегирифтанд (Сайид Аҳмадӣ – «Фарҳанги форсӣ дар қуруни вусто», Теҳрон, соли 1375, саҳ. 102). Дар он давра доираи нуфузи забони арабӣ, ки он замон забони дину диёнат ва илму фарҳанг маҳсуб мешуд, ҳадафмандона маҳдуд гардида, забони порсӣ (дарии тоҷикӣ) ба забони илму маърифат бадал шуд, то ҷое, ки бо амри Мансур ибни Нӯҳи Сомонӣ  (961- 984) китоби машҳури «Тафсири кабири Табарӣ» ба забони миллӣ тарҷума гардид (М. Малоирӣ «Таърих ва фарҳанги Ирон дар даврони интиқол аз асри Сосонӣ ба асри исломӣ». Ҷилди аввал, Теҳрон, соли 1372, саҳ. 138). Зубдаи аҳли илм ва тақвои замони Сомониён бар мабнои ривоёти шаръӣ собит намуданд, ки « забони биҳиштиён форсӣ аст ва забонест, ки барои нахустин бор бо он забон бо Парвардигор сухан гуфта шудааст» (Толеъ Ҳушанг – «Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан», Теҳрон, соли 1383, саҳ. 252- 253). Ин ҷуръат ва ҷасорати арзанда дар бедории фикрии ҷомеаи асри Х хеле муассир буда, раванди таҳаввули мафкураи миллиро таҳким бахшидааст.

Дар асоси ормонҳои миллӣ ва мардумӣ дар шароити нави таърихӣ (манзур давраи Истиқлолияти давлатӣ аст) мардуми тоҷик сарнавишти сиёсӣ ва фарҳангию иҷтимоии худро дар қолаби Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ намуд. Он чӣ ки милоки ормонҳои миллии бостониро ташкил медод, дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  инъикос ёфт. Муқаддимаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 1) калидғояро дар шакли зайл таъкид мекунад: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии  арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад».

Дигар бахшҳои санади асосии миллӣ мазмунан ин нуктаи калидиро тавзеҳу ташреҳ медиҳанд (барои намуна, моддаи 2. «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст»; моддаи 5. «Инсон, ҳуқуқ» ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд»; моддаи 18. «Ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад»; моддаи 30. «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.

Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст» («Маҷмӯаи қонунҳо», Душанбе, 2006, саҳ. 3, 5, 6).

Бар пояи Маншури Куруш ва асноди байналмилалӣ моддаи 17- уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон талаққӣ мекунад: «Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад». Нукоти мазкур, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд, дар заминаи омӯзиш ва дарки ормонҳои миллии бостонӣ дарҷ гардидаанд.

Давлати миллӣ имрӯз ҳам аз ормонҳои миллӣ дифоъ мекунад ва дар роҳандозӣ намудани сиёсати давлатӣ аз онҳо васеъ истифода мебарад. Манзараи имрӯзаи ҳаводиси ҷаҳонӣ, ки бо даргириҳои мусаллаҳона ва ғайриинсонӣ (мафкураи ифротии динӣ — мазҳабӣ, хусусан исломӣ, бунмояи таҳрикоти мухталиф дар асри ҳозир гардидааст) ба назар мерасад, авзои ҷавомеи башариро ноҷур карда истодааст ва ин ҳолат давлатро муваззаф месозад, ки роҳҳои оптималии ҳалли мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, динӣ — мазҳабиро ҷустуҷӯ ва дарёфт намояд. Вобаста ба ноҷур шудани вазъияти сиёсии ҷаҳонӣ ҳанӯз соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 10-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд: «Давлат ҳақ дорад монеи ҳуқуқии ҳар гуна суиистифода аз дин аз ҷониби ҳаракатҳои гурӯҳҳои ифротии дохиливу байналмилалӣ гардад. Бахусус, ки имрӯз фаъолияти харобиовари онҳо хатару таҳдидҳои ҷиддиро ба миён оварда, хусусияти глобалӣ пайдо кардааст. Мо ба хотири оромиву субот, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати ягонаву иҷтимоӣ ва таҳкими асосҳои он шароити мусоид фароҳам овардем, то ин ки дар ҷомеаи мо демократия реша давонда, самара диҳад» (Раҳмонов Эмомалӣ. – «Дар бораи дин», Душанбе, соли 2006, саҳ. 198). Таъкидоти Президенти кишвар ҳам дар асоси ормонҳои миллӣ сурат гирифтаанд.

Ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва сиёсие, ки имрӯз рӯи аксари ҷавомеи мусалмонӣ рехтаанд, муколимоти миллӣ ва тафоҳуми инсониро, ки мубтанӣ бар хирад аст, тақозо менамоянд. Дар ин росто, роҳҳалҳои зиёде дар ормонҳои миллии мо, ки бар пояи хирад ва меҳри инсонӣ созмон ёфтаанд, ниҳонанд.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бар мабнои ормонҳои миллӣ ва инсонии мардуми тоҷику форс эҷод шудааст ва мусалламан, дар феҳрасти конститутсияҳои беҳтарини башарӣ қарор дорад.

Нозим НУРЗОДА, Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон