Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст

Ҳосили хуб самараи меҳнати пурмаҳсул аст

№162 (3463) 28.11.2015

МахмадзокирХоҷагии таҷрибавии «Зироаткорӣ»-и Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун хоҷагии тухмипарварӣ фаъолият мекунад. Дар заминҳои хоҷагӣ бештар кормандону мутахассисон ва олимони институт корҳои илмию тадқиқотӣ мегузаронанд. Дар асоси тавсияҳои олимон деҳқонони хоҷагӣ ҳамасола дар заминҳои обӣ ва лалмӣ кишти зироатҳои ғалладонагӣ ва пахтаро ба роҳ мемонанд.

Хоҷагӣ дорои 522 гектар замин мебошад, ки 268 гектараш обӣ ва 254 гектараш лалмӣ аст. Дар заминҳои обӣ 164 гектар ғалла, 25 гектар пахта, панҷ гектар ҷуворимакка, шаш гектар шолӣ, ду гектар лаблабу, даҳ гектар ҷав ва дар 61 гектари боқимонда дигар навъҳои зироат барои хӯроки чорвои хоҷагӣ кишт мешаванд.

- Ба кишту парвариши пахта низ диққати ҷиддӣ медиҳем. Соли равон заҳматкашони хоҷагӣ дар 25 гектар чигити навъҳои селексионии «Дӯстӣ», «Неъмат», «Ҳисор», «Шараф» ва «Деҳқон» кишт карда, ҳосили хуб гирифтанд, — гуфт зимни суҳбат директори хоҷагӣ Атохӯҷа Шамсов.

Аҳли заҳмати хоҷагӣ аз 14 сентябри соли равон ба ҷамъоварии ҳосили пахта шурӯъ карданд ва дар муддати кӯтоҳ — 14 рӯз миёни хоҷагиҳои пахтакори шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор аввалин шуда, нақшаро иҷро намуданд. Ба нуқтаи қабул 64 тонна «тиллои сафед»  супориданд.

- Дар хоҷагӣ панҷ бригада, ки онҳо ҳам ба пахтакорӣ ва ҳам ба кишти ғалладонагиҳо машғуланд, амал мекунанд. Инҳо бригадаҳои Исматулло Оев, Икром Қодиров, Фатҳиддин Партов, Хайрулло Раҷабов ва Ҳамид Раҳимов мебошанд, ки имсол аз иҷрои нақшаҳояшон ба хубӣ баромаданд. Деҳқонони бригадаҳои номбурда ният доранд, ки ҳосили боқимондаро беталаф ҷамъоварӣ карда, заминҳоро аз ғӯзапая тоза намоянд ва ба кишти баҳории соли оянда аз ҳоло омодагӣ бинанд, — мегӯяд Атохӯҷа Шамсов.

Тавре зикр гардид, Хоҷагии таҷрибавии «Зироаткорӣ» ҳамчун хоҷагии тухмипарварӣ амал мекунад.

- Заҳматкашони Хоҷагии таҷрибавии «Зироаткорӣ» ба серкории худ нигоҳ накарда, бо олимону ходимон ва мутахассисони Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қитъаҳои озмоишӣ ва таҷрибавӣ, самаранок меҳнат мекунанд. Дар натиҷа,  ҳамасола тухмиҳои санҷидашуда дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз ҷониби олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд гирифта, барои кишт ба хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад. Соли равон олимону мутахассисони Институти мо чандин маротиба семинар баргузор намуданд, ки дар кори он президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ ва вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокиров иштирок намуда, ба кори олимону ходимони институт ва аҳли заҳмати Хоҷагии таҷрибавии «Зироаткорӣ» баҳои баланд доданд, — иброз дошт директори Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Асоев.

Деҳқонони хоҷагӣ то ба имрӯз ҳосилнокии пахтаро ба 35 сентнерӣ расонидаанд. Музди меҳнати чинакчиён сари вақт пардохт карда мешавад. Роҳбарияти хоҷагӣ барои як килограмм пахтаи чидашуда аз 50 то 70 дирамӣ пардохт мекунад. Давоми ҷамъоварии ҳосил дар ҳар ҷамъбасти даҳрӯза чинакчиёни пешқадам бо туҳфаҳои пулию молӣ сарфароз гардонида мешуданд.

Дар ғунучини ҳосили пахта саҳми механизаторон Мирзо Шарифов ва Фатҳулло Низомов низ лоиқи таҳсин аст.

Хоҷагидорон инчунин ба чорводорӣ низ машғуланд. Айни ҳол дар фермаи хоҷагӣ 69 сар чорвои калон парвариш меёбад. Барои аз фасли зимистон фарбеҳу солим баровардани чорво роҳбарияти хоҷагӣ омодагии ҷиддӣ дида, хошок ва дигар намуди хӯроки чорворо захира кардаанд.

Ҳоло дар Хоҷагии таҷрибавии «Зироаткорӣ»-и Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишти тирамоҳии ғалла идома дорад. Ҷаҳду талоши заҳматкашон гувоҳӣ медиҳад, ки соли оянда низ ҳосили хуб ба даст хоҳанд овард.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»