Қосимҷомарт Тоқаев тағйирот дар бораи «Мухолифони парлумонӣ»-ро имзо кард

№66 (4172) 04.06.2020

КазокБино ба иттилои расида, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 2 июни соли равон лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки ба қонунгузории кишвар мафҳуми «мухолифони парлумонӣ»-ро ворид ва мақоми ҳуқуқии онро муайян мекунад.

Тағйирот ба қонуни конститутсионӣ «Дар бораи парлумони Қазоқистон ва мақоми вакилони он» ва як қатор ислоҳот оид ба «масъалаҳои мухолифони парлумонӣ» механизми чӣ гуна таъйид шудани ташаббускоронеро пешбинӣ мекунад, ки интихоб шудани намояндагони мухолифро ба мақоми раисии як кумитаи доимоамалкунанда ва котибҳои ду кумитаи дигар кафолат медиҳад.

Меъёрҳои пешниҳодӣ, ҳамчунин, ба вакилоне, ки ба ҳайати ҳизби ҳоким шомил намешаванд, ҳаққи иловагии раъй, ташаббуси баргузор кардани ҷаласаи парлумонӣ ва соатҳои ҳукуматиро дода, роҳбарони ҷиноҳҳо метавонанд дар ҷаласаҳои якҷояи палатаҳо баромад намоянд.

«Ин мафҳум қаблан набуд. Ба назари мо, мухолифони парлумонӣ бояд бошанд ва онҳо назари мардумро баён ва масоилеро матраҳ кунанд, ки сокинонро нигарон месозанд. Яъне, мухолифони парлумонӣ на танҳо мухолифанд, балки ҳақ доранд назари мардумро баён кунанд», — гуфтааст вакили парлумони Қазоқистон Азат Перуашев аснои суҳбат бо хабарнигорон.

Вале коршиносон ва фаъолони маданӣ қонуни зикршударо танқид карда, мегӯянд, он мушкилот дар қонунгузориро, ки монеи сабти номи ҳизбҳои нави «ғайрикисагӣ» ва пешбарии номзадҳои мустақил дар Қазоқистон мешаванд, бартараф нахоҳад кард.

«Садои мардум»