«Осоишгоҳи Зумрад» 45 — сола шуд

№106 (3900) 30.08.2018

ЗУмрадБаъди анҷоми соли хониши 2017-2018 аз 1 июл то 13 июли соли равон бо роҳхат се омӯзгор – Дилафрӯз Алимардонова, Ҳамидаҷон Саидова ва ман ба осоишгоҳи «Зумрад» раҳсипор шудем. Моро дар он ҷо хуш қабул карданд. 12 рӯзи дамгирӣ ва табобат хеле зуд гузашт. Дар осоишгоҳ барои меҳмонон тамоми шароит муҳайё буд. Дар баробари оби маъданноки шифобахш, дар он ҷо, инчунин табобат бо муми кӯҳӣ, дастгоҳҳои барқӣ, лойқа, нафти нафталон, масҳкашӣ, варзиш ва сӯзанзанӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар осоишгоҳ 300 нафар коргар шабонарӯзӣ дар хизмати меҳмонон қарор доштанд. Мо меҳмонони аз 7-сола то 9-соларо низ вохӯрдем, ки дам гирифта, саломатӣ барқарор мекарданд.

Директори осоишгоҳ Абдулмӯмин Ҳалимов гуфт, ки дар осоишгоҳ ҳар сол 10 ҳазор мизоҷ дам гирифта, саломатӣ барқарор мекунанд. Ҳоло дар ду ҷой сохтмон рафта истодааст. Кӯшиш мекунем, ки осоишгоҳи «Зумрад» дар Тоҷикистон ба яке аз беҳтаринҳо табдил ёбад.

Мо — омӯзгорони шаҳри Турсунзода аз осоишгоҳ бо як ҷаҳон таассурот баргаштем. Имсол, ки осоишгоҳ 45-сола мешавад, аз таҳти дил маъмурияти онро табрик гуфта, ба онҳо барори кор мехоҳем.

Мусаллама қаршиева, шаҳри Турсунзода 

Масъули гӯша Н. Низомӣ