Оташнишонҳо боғи нав бунёд карданду…

№65 (4171) 02.06.2020

Дар минтақаи Рашт сафи ташкилоту муассисаҳое, ки мехоҳанд дар ободонӣ саҳм гузоранд, зиёд аст. Кормандони сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ аз ҳамон ҷумлаанд.

Ба хабарнигори рӯзнома сардори шуъбаи сарраёсат Маҳбуб Маҳмудзода хабар дод, ки дар мфавзеи Буни Суфиёни деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода 2 гектар боғи замонавӣ бунёд гардида, зиёда аз 1000 бех ниҳоли мевадиҳандаи себу нок, шафтолую зардолу ва чормағз шинонда шуд. Ин мавзеъ, ки дар соҳили дарёи Сурхоб воқеъ аст, то ин дам санглохи бекорхобида буд.

Кормандони хадамот ният доранд дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Тоҷикобод, Лахш, Нуробод ва Сангвор  аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи талу теппа  ва доманакӯҳҳо иловатан 4 гектар боғи нав бунёд намоянд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»