Номаи бетаҳрир

Оё баъди ҷудошавӣ фарзанд ширин мешавад?

№42 (3992) 16.04.2019

Соли 2012 бо шаҳрванд Абдулло Каримов оиладор шуда, соҳиби ду фарзанд шудем. Мутаассифона, аз сабаби ҳамдигарнофаҳмӣ зиндагии якҷояамон барҳам хӯрд. Пас аз як сол ман ба дигар кас ба шавҳар баромада, соҳиби як фарзанд гардидам. Ташаккур ба ӯ, ки писару духтари аз шавҳари аввал доштаамро низ ба фарзандӣ қабул кард.

Дере нагузашта собиқ хушдоманам Мингдона Каримова ба Суди ноҳияи Ёвон муроҷиат кардааст, то дар вақти дилхоҳ набераҳояшро аёдат намояд. Суд ба ӯ барои муошират бо набераҳояш рухсат додааст. Мо ҳам розӣ, ки бибию наберагон бо ҳам дидорбинӣ кунанд. Кош ин наберадӯстдорӣ самимию беғараз бошад. Акнун писараш ҳам ҳар ҳафта барои аёдат меояд. Фарзандонам ба падарашон меҳр надошта, аз ӯ мегурезанд. Аммо ҳадафи зуд- зуд омаданаш на дидори фарзанд, балки халал расонидан ба зиндагии осудаи ман аст. Суди ноҳияи Ёвон дар ҳайати раисикунанда С. Наҷмиддинзода як сол пеш Каримов Абдуллоро уҳдадор кард, ки то ба балоғат расидан ба ҳар фарзанд 120 сомонӣ, ҷамъ 240 сомонӣ алимент супорад. Аммо як сол мешавад, ки ӯ ин корро иҷро намекунад. Ҳол он ки иҷро накардан ва ё монеъ шудан ба иҷрои санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боис ба ҷавобгарӣ мегардад. Тибқи қонун суде, ки санади судиро баровардааст, бояд иҷрои онро низ назорат кунад.

М. ЭШОНҚУЛОВА, деҳаи Навбаҳори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ