Оё ба мавсими сармо омодаем?

№139 (3933) 17.11.2018

otoplenie2_40571400Бо мақсади дарёфти посух ба ин суол бо муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен Даврон Зоҳид­зода ҳамсуҳбат шудем.

- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, № 147 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» корҳои зиёдеро ба анҷом расонд.

Нақшаи чорабиниҳо оид ба масъалаи мавриди назар тасдиқ шуд ва дар асоси он захиракунии маҳсулоти ғизоӣ барои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ идома дорад, — изҳор дошт номбурда.

Бино ба гуфти ӯ, аз ҷониби Муассисаи нигоҳдории роҳҳои ноҳия 320 метри мукааб маводи зиддилағжиш, 2 тонна сӯзишвории дизелӣ, 4 тонна ангишт захира гардидааст.

Дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 барои соҳаи маориф тибқи нақша ҷиҳати харидории ангишт аз буҷети маҳаллӣ 214,3 ҳазор сомонӣ пешбинӣ, вале зиёд — 223,4 ҳазор сомонӣ (104,2 фоиз) ҷудо гардид. Барои соҳаи тандурустӣ, бо дарназардошти маблағҳои махсус, бо ин мақсад 65,8 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, аммо 67,2 ҳазор сомонӣ (102,1 фоиз) харҷ шуд. Инчунин, барои харидории сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ 100 фоиз маблағ ҷудо гардид.

Дар раванди суҳбат маълум шуд, ки дар ноҳия 39 адад дегхонаи гармидиҳанда мавҷуд аст, ки 17 ададаш коршояманд.

Боиси қайд аст, ки солҳои 2016 — 2017 кӯдакистонҳои ноҳия соҳиби воситаҳои гармидиҳӣ шудаанд ва айни ҳол онҳо дар ҳолати корӣ қарор доранд.

Аз ҷониби шабакаҳои барқи ноҳия бошад, мувофиқи нақша таъмиру таҷдиди таҷҳизоти соҳа анҷом дода,  симҳо ва дигар қисмҳои зарурӣ захира карда шуд.

Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия дар 278 иншоот санҷиш гузаронида, барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва андешидани чораҳои зарурӣ амрнома пешниҳод кардаанд.

- Раёсати кишоварзии ноҳия нақшаи захираи хошоки дуруштро барзиёд иҷро кард. То имрӯз 5253 тонна хӯроки чорво захира шудааст, ки 166 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад, — илова кард Даврон Зоҳидзода.

Ҳамсуҳбатам аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки Муассисаи давлатии «Обу корезӣ»-и ноҳия трансформаторҳои барқии ҳудуди иншооти обтаъминкунии Саричашма, Сомониён ва чоҳи амудии № 60-ро бо равған таъмин карда, дар ҳудуди чоҳҳои амудии № 60 ва № 48 симчӯбҳои нави барқӣ шинонид. Чоҳҳои амудии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, МТМУ № 28, МТМУ № 27, МТМУ № 1-ро пурра таъмиру таҷдид карда, насосҳои обкаширо барои мавсими тирамоҳу зимистон омода сохт.

Тибқи нақша, аз 3,1 км қубурҳои оби нӯшокӣ то имрӯз 2,3 километраш таъмир шудаанд.

Барои таъмини аҳолӣ бо ангишт дар деҳаҳое, ки аз маркази ноҳия дур ҷойгир шудаанд, нуқтаҳои фурӯши ангишт ташкил гардидааст.

- Барои иҷрои пурраи нақша мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар оянда низ чораҳои муассирро амалӣ хоҳад кард, — гуфт дар фарҷом номбурда.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»