«Оё изофанависӣ корҷӯёнро соҳиби кор мекунад?»

№27 (3821) 01.03.2018

Вокуниш Ёкуб 260218Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод мақолаи зери унвони «Оё изофанависӣ корҷӯёнро соҳиби кор мекунад?»- ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки кортаъминкунии шаҳрвандон тавассути ярмаркаҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод, ба воситаи тавсияномаи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба роҳ монда шудааст.

Аз хусуси дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 бо ҷойи кор таъмин шудани як нафар омӯзгор ва ин гуна муассиса дар ноҳия вуҷуд надоштанаш гуфтанием, ки ин нафар Меҳроҷи Абдулмаҷид буда, дар асл дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11- и ноҳия ба тариқи гузариш таҳти фармоиши №61 бо ҷойи кор таъмин шудааст, на ин ки дар муассисаи таълимии № 61.

Ҳамчунин, оид ба ҳайси ронанда бо ҷойи кор  таъмин шудани шаҳрванд дар шуъбаи маорифи ноҳия қайд менамоем, ки на як гурӯҳ шаҳрвандон, балки танҳо як нафар — Табаров Одил бо мусоидати мақомоти шуғли аҳолии ноҳия ба ҳайси ронандаи автомашинаи хизматӣ аз 1 феврали соли 2017 бо кор таъмин шудааст.

Тибқи Низомномаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2014, №39 тасдиқ шудааст, агентӣ мақомоти ба кор таъминкунандаи шаҳрвандон набуда, балки мақомоти мусоидаткунандаи бо ҷойи кор таъмин шудани шаҳрвандони бекор мебошад.

Агентии меҳнат ва шуғли  аҳолӣ тибқи созишнома дар бораи ҳамкории тарафайн байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2012 ба мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти касбии ҷумҳурӣ пайваста ярмаркаҳои ҷойҳои кори холиро бо вазорату идораҳо, аз ҷумла бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор менамояд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод кӯшиш менамояд, ки минбаъд ҳамкориро беҳтар ба роҳ монда, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намояд.

Х. АБДУЛЛОЕВ,

муовини раиси ноҳияи Муъминобод

 

Аз идора:

Баъди нашри матлаб зери сарлавҳаи «Оё изофанависӣ корҷӯёнро соҳиби кор мекунад?» (7-уми декабри соли 2017), масъулони раёсату шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба идораи рӯзнома ҷавобҳои пай дар пайро, ки дар асл як мафҳуму тарзи навишт доранду фарқият танҳо дар ному насаби муаллифон мебошад, ирсол карданд. Тавре аз муҳтавои навиштаи боло бармеояд, муҳтарам Хайрулло Абдуллоев бо мақсади аз ин «маърака» ақиб намондан, аз ҳамон «вокуниш»-ҳо нусхабардорӣ намуда, гӯиё фармони №622-ро «иҷро» кардааст.

Аз рӯи ҳисоботи пешниҳоднамудаи Раёсати АМ ва ША дар минтақаи Кӯлоб, шуъбаи Агентии меҳнати ноҳия дар радифи садҳо нафар исми Меҳроҷи Абдулмаҷидро овардааст (лутфан ба рӯйхат нигаред), ки гӯё таҳти фармони №61 дар муассисаи таълимии №61 ба кор таъмин шудааст. Агар хатои техникӣ дар навишти рақами мактаб бошад, пас он иштибоҳ ҳам аз масъулони шуъбаи агентии ноҳия сар задааст, на аз муаллифи мақола.

Собиқ сардори шуъбаи Агентии меҳнати ноҳия Р. Икромов дар феҳрис­ти нафарони дар моҳи марти соли 2017 тариқи ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ соҳиби коршуда, ҳисобот додааст, ки Муслимҷони Саймурод, соли таваллудаш 1994- ум 15 марти соли 2017 (бо роҳхати №24) таҳти фармони №47 дар муассисаи таълимии №52 ба ҳайси ронанда ба кор таъмин шудааст. Вале Х. Абдуллоев шояд, аз ин бехабар монда, пайи худсафедкунӣ аз ронандаи мудири шуъбаи маориф Одилҷон Табаров сухан меронад. Ҳатто мумкин намедонад, ки ронанда Одилҷон Табаров бародари мудири шуъбаи маорифи ноҳия – Олимҷон Табаров мебошад. Дар бобати омӯзгорони ҷавон мудири шуъбаи маориф ба муаллифи мақола изҳор кардааст, ки «Дар соли 2017 чанд нафаре, ки дар мактабҳо ба кор қабул шудаанд, бо роҳхати Вазорати маориф ва илми мамлакат омада буданд. Вазорати мазкур бо роҳхат ба наз­ди мо мутахассисонро равон мекунад, чӣ зарурати такроран онҳоро ба шуъбаи Агентии меҳнат равон кардан аст? Соли гузашта ҳамаи воҳидҳои кории холии мо аз ҳисоби роҳхатдорон пурра гардид. Ҳатто чанд нафари дигарро, ки дар даст роҳхати вазоратро доштанд, натавонистем кор диҳем. Аз ҳисоби шуъбаи Агентии меҳнат бошад, ягон нафарро ба кор қабул накардаем».

«Ҳеҷ намади сиёҳ бо шустан сафед намешавад…». Далелу арқоме, ки мо дорем, раднашавандаанд, зеро онҳо ҳуҷҷатҳои расмии (бо муҳру имзо) тартибдодаи раёсату шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб мебошанд. Мутаассифона, ҳарчанд далел пешниҳод шудааст, аммо ягон ниҳоду мақомоти зирабт нисбат ба изофанависию сохтакориҳо тадбир наандешида, танҳо худро сафед карданӣ мешаванд. Биноан, онро ба виҷдони масъулон ҳавола хоҳем кард…