Гузашти айём

Пахтачинӣ. Оё наврасон истисмор мешуданд?

№120 (3757) 10.10.2017

Ҳар сол чун айёми пахтачинӣ фаро мерасад, беихтиёр, замони мактабхонӣ ва иштироки хонандагон дар пахтачинӣ ба хотир мерасад. Аҷибии кор дар он буд, ки аз он шогирдони мактабҳои миёнаи шаҳр озод буданд, аммо мактабҳои деҳот то ғундоштани «пағаи охирин» ба деҳқонон кумак мекарданд.

Сабаби инро дертар аз кормандони масъули соҳаи маориф фаҳмидам. Аз он ки фарзандони роҳбарият асосан дар мактаб­ҳои шаҳр таҳсил мекарданд, қарори ба худ «мувофиқ» ба тасвиб расониданд.

Аз рӯи маълумоти ғайрирас­мӣ, то солҳои 90-уми садаи XX дар вилояти Суғд қариб 6 ҳазор хонандаи мактабҳои миёна дар пахтачинӣ иштирок мекарданд.

Бо гузашти солҳо камина ба чунин хулоса меоям, ки дар замони шӯравӣ, бо вуҷуди афзалияти зиёд доштанаш, ҳуқуқи кӯдак риоя намешудааст.

Мо  аз синфи 7-ум (1976) дар пахтачинӣ тариқи «шабхорав» иштирок кардаем. Ҷойи хобамон дар бинои фарсудае буд, ки ҳамагӣ як тирезаи майдаҳак дошту дар он тақрибан 100 хонанда хоб мекард. Девораш похсагин буду аз шифти он  хасу хок мерехт. Дари он бинобар фарсуда будан, бо азобе кушодаву пӯшида  мешуд.

Субҳ соати 630 аз хоб мехес­тему баъди наҳорӣ (одатан ба ду нафар 1-то нон ва 4 — донагӣ қанди «рафинад» медоданд) соати 800 ба сари замини пахта ҳозир мешудем. Ба мо вобаста ба синну сол меъёр муқаррар шуда буд. Масалан, хонандагони синфи 7-ум рӯзе бояд 60 кило пахта мечиданд, ки барои иҷрои он меъёр неру ва заҳмати зиёд лозим буд. Чун аз дарди сахт гоҳо мехостем миёнро рост кунем, фарёди муаллим-назоратчӣ баланд мешуд: ҳой, миёнатро хам кун!

Ин буд, ки аз 8 то соати 13 ва аз соати 14 то 18 ба пахтачинӣ машғул мешудему дар ҳолати иҷро накардани меъёр дар ҷаласаҳои ҷамъбастӣ сарзаниш мешунидем.

Агар гӯем, ки пешниҳоди хӯрок ҳам чандон ҷавобгӯй ба талабот набуд, муболиға нахоҳад шуд. Ошпазҳо асосан муаллимоне таъин мешуданд, ки таҷрибаи кофии ошпазӣ надоштанд. Оши палаве, ки рӯзҳои ҷумъаву душанбе бесаброна интизорӣ мекашидем, ҳатман  биринҷаш сахт  ё шавла мешуд.

Азоби пахтачинӣ баъзеҳоро маҷбур мекард аз пахтачинӣ гурезанд. Истилоҳи «гурез-гурез» дар ҷаласаҳо зуд-зуд ба забон гирифта мешуд. Як иддаро барои дар «гурехтан» чаққон буданашон унвони «чемпион»-ӣ ҳам дода буданд. Ҳаммактабамон Қӯзибой Ҷумъаев рӯзе то 3 маротиба аз ҳашари пахтачинӣ гурехта, ба хонаашон омада буду муаллимон ӯро «дастгир» карда, боз ба пахтазор мебурданд. Масофаи байни мавзеи пахтачинӣ (минтақаи Ворошиловободи колхози ба номи С. Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Б. Ғафуров) то ҳавлиашон 12 км буд. Дертар ӯ лақаби «Қӯзӣ- чемпион»-ро гирифт.

Дар мавриди суҳбат, собиқадори матбуоти тоҷик Файзуллохоҷа Атохӯҷаев гуфт, ки солҳои 60-уми қарни гузашта онҳо низ ба ҳашари пахтачинӣ мебаромаданд. Борҳо шуда, ки ҳини пахтачинӣ самолёт ба болои сарашон барои резондани барги ниҳолҳои пахта дору  пошидааст. Аз ошомидани оби заҳролуди ҷӯйбору зери дефолиант мондан ҳолатҳои  ба касалӣ гирифтор шудан зиёд буд. Собиқ корманди рӯзнома, ҷавони ӯзбекзабон Нурмуҳаммад Юлдошев, ки борҳо зери дефолиант пошидани самолёт мондааст, то имрӯз аз касалии диққи нафас азоб мекашад. Ҳамон солҳо Ҳафиза Холхоҷаеваи 15-сола аз хамсоямактабамон бинобар нӯшидани оби хунук дар вақти ҳашари пахтачинӣ ба варами гулӯ гирифтор гардид. Муаллимон ӯро ба хона ҷавоб доданд. Мутаассифона, баробари ба хона расидан Ҳафиза  вафот кард…

Бо гузашти солҳо, чун он рӯзҳоро ба ёд меорем, баробари шукргузорӣ аз даврони советӣ, ки аз давлатҳои капиталистӣ бо бисёр ҷиҳатҳояш афзалият дошт, ҳолатҳое пеши назар меоянд, ки бо маънои томаш онро «истисмори одам» номидан мумкин аст. Ҷалб шудани наврасонон дар ҷамъоварии пахта ва риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро солҳои 80-уми қарни гузашта нашрияи марказии ИҶШС — «Правда» зери тозиёнаи танқид гирифт. Мақола чунон шӯру валвала хезонд, ки роҳбарони соҳаи маориф метарсидагӣ шуданд.

Хушбахтона, соҳибистиқлолии кишвар ба ин омил нуқта гузошт. Имрӯз ҳар кӣ пахта кишт, худ онро ҷамъоварӣ мекунад.

 Мирзоаъзам Мақсудов,

«Садои мардум»