Бахшида ба ҷашни 90- солагии мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пайдоиш ва раванди ташаккули мақомоти судӣ

№113 (3259) 30.09.2014

Яке аз хусусияти давлатдории тоҷикон дар он аст, ки анъанаи давлатсозии онҳо аз берун интиқол нагардида, балки дар заминаи таҷрибаи таърихӣ ва иҷтимоӣ- сиёсии худи онҳо пайдо шуда, ташаккул ёфтааст. Баръакс, аз таҷрибаи давлатсозиву давлатдории онҳо дигар халқҳо баҳра ва истифода бурдаанд. Чунонки Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: «Сарчашмаи давлатдории онҳо аз сарчашмаҳои асотирӣ ва ривояту достонҳои қадим ибтидо мегирад». («Тоҷикон дар оинаи таърих: аз Ориён то Сомониён», Душанбе, соли 2002, кит.1, саҳ.126). Ҳокимияти судии онҳо низ ҳамчун як рукни сохтори давлатӣ таърихи хеле қадим дорад.

Масалан, дар тамаддуни Зардуштӣ мурофиаи хоси ҳалли масъалаҳо вуҷуд дошт, ки он ба унвони «Суди илоҳӣ» арзи вуҷуд кардааст. Ҳанӯз дар ёдгории маданӣ- таърихии бузурги тоҷикон «Авесто» — китоби муқаддаси дини Зардуштӣ доир ба 33 тарзи санҷиши ошкор сохтан ва ҷазо додани вайронкунандагони қонун ва ҷинояткорон маълумот дода шудааст. Ин гувоҳи он аст, ки ҳокимияти судӣ дар фарҳанги ҳуқуқии тоҷикон анъанаи хеле қадим дорад.

Минбаъд ин анъана дар давраи давлатдории сулолаи Ҳахоманишиён, яъне аз замони Куруши Кабир, Шоҳигарии Дорои I ва ғайра сар карда, то ба имрӯз такмилу тараққӣ ёфта истодааст.

Дар «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ ва сарчашмаҳои хитойиву юнонӣ дар ин хусус маълумоти зиёде оварда шудааст. Вақте ки Шоҳаншоҳи Ҳахоманишӣ ислоҳот гузаронид, Вазорати адолати судиро ҳамчун мақомоти мустақил таъсис дод, ки онро «доддабир» меномиданд. Доддабир мақомоти назоратбарандаи тамоми низоми судии империяи Ҳахоманишиён ба ҳисоб мерафт.

Ин анъана дар замони давлатдории Сосониён низ идома ва такмил ёфт. Сосониён институтҳои давлатдории қадими тоҷикӣ-форсиро эҳё намуданд ва инкишоф доданд. Бахусус институти вазириро такмил ва мақомоти соҳавии идоракуниро таъсис дода, доираи онро васеъ намуданд , ки онҳоро девон меномиданд. Мақомоти судӣ яке аз девонҳои асосӣ ва мустақил ба ҳисоб мерафт.

Ҳарчанд дар натиҷаи истилои арабҳо давлати Сосониён аз байн рафт, вале халифаҳои араб барои идора кардани хилофат маҷбур шуданд, ки анъана ва усули давлатдории онҳоро қабул намоянд.

Мувофиқи ақидаи муҳаққиқон низоми давлатдории хилофати арабҳо пурра ба сохтори давлатдории Сосониён шабоҳат дошт. Аз ҷумла ҳамон девонҳое, ки дар сохтори давлатдории Сосониён мавҷуд буд, дар хилофат такрор шуданд. Танҳо тафовут дар он буд, ки девони судиро аз ҳамон давра бо унвони қозиёт ном мебурданд ва худи судяро қозӣ мегуфтанд.

Вақте ки давлатдории миллии тоҷикон дар симои давлати Сомониён аз нав дар садаи X мелодӣ  эҳё гардид, анъанаи давлатдории тоҷикон пурра барқарор шуд ва девони қозиёт ҳамчун мақомоти судии мустақил  то садаи ХХ арзи ҳастӣ карда омад. Дигар сулолаҳое, ки пас аз давлатдории Сомониён  ба сари қудрат омаданд, анъанаҳои давлатдории тоҷикон, аз ҷумла анъанаи ҳокимияти судии онҳоро  давом доданд.

Мусаллам аст, ки Россия соли 1920 Инқилоби сотсиалистиро ба Осиёи Миёна ворид намуда, сулолаи давлатдории манғития-Аморати Бухороро аз байн бурд, ки ба ҷойи он ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ ташкил ёфтанд. КИМ Умумироссиягӣ 14 октябри соли 1924 дар Иҷлосияи дуюм қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии РАСС Туркистон дар бораи тақсимоти миллӣ-давлатиро тасдиқ намуд. Дар асоси он  РАСС Тоҷикистон ба ҳайати РСС Ӯзбекистон ҳамроҳ гардид. 26 ноябри соли 1924 Кумитаи инқилобии РАСС Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба салоҳияти он масъалаҳои мустаҳкам намудани дастгоҳи давлатӣ вогузор шуда буд. Кумита бо мақсади назорат аз болои қонунҳои инқилобӣ, ташкил намудани муассисаҳои судӣ, прокурорӣ, мақомоти тафтишот ва роҳбарӣ кардан ба мақомоти  номбурда бо қарори  худ аз 14 декабри соли 1924 Комиссариати халқии адлияи РАСС Тоҷикистонро таъсис медиҳад, ки мутобиқи он Комиссариати мазкур мақоми олӣ оид ба фаъолияти тамоми мақомоти адлия, суду прокуратура ба шумор рафта, аз болои фаъолияти онҳо назорат мебурд.

Ҳукумати  РАСС  Тоҷикистон  то ташкил шудани шуъбаи Тоҷикистонии Суди Олии РСС Ӯзбекистон бо мақсади мустаҳкам намудани мақомоти судӣ шабакаи  судӣ- тафтишотӣ, се суди округӣ, 13 ҳуҷраи суди халқӣ, 12 ҳуҷраи бахши тафтишотӣ ва панҷ прокурори вилоятиро таъсис медиҳад. Прокуратура дар он замон ба ҳайати адлия дохил мегардид ва салоҳияти назорат аз болои қонун ба зиммаи Комиссари халқии адлия  буд.

Дар натиҷаи фаъолияти Комиссари халқии адлия дар давоми солҳои 1925-1926 дар қаламрави РАСС Тоҷикистон судҳои халқӣ, судҳои округӣ, шуъбаи Тоҷикистонии Суди Олии РСС Ӯзбекистон таъсис дода шуданд.

Шуъбаи Тоҷикистонии Суди Олии РСС Ӯзбекистон фаъолияти худро то соли 1927 давом дод. Минбаъд ин шуъба барҳам хӯрда,  ба ҷойи он Сарсуди РАСС Тоҷикистон ташкил ёфт. Баъди ба РСС Тоҷикистон табдил гардидани РАСС Тоҷикистон, моҳи сентябри соли 1929 бо Қарори Кумитаи Марказии иҷроияи РСС Тоҷикистон «Дар бораи аз навташкилкунии муассисаҳои судӣ дар РСС Тоҷикистон дар соли 1929» Сарсуди Республика барҳам дода шуда, ба ҷойи он Суди Олии РСС Тоҷикистон таъсис меёбад.

20 июли соли 1936 Комиссариати халқии адлияи СССР ташкил меёбад, ки прокуратура ва дастгоҳи тафтишотӣ аз доираи салоҳияти комиссариатҳои халқии адлияи чумҳуриҳои иттифоқӣ баромада, ба мақомоти навтаъсисдодаи Прокуратураи СССР шомил мегардад.

Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 1958 дар асоси Фармони Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 17 ноябри соли 1958 «Дар бораи барҳам додани Вазорати адлияи РСС Тоҷикистон ва барпо намудани Комиссияи юридикӣ дар назди Совети Вазирони РСС Тоҷикистон» Вазорати адлияро барҳам дода, салоҳияти назорат бурдани фаъолияти судҳои халқиро ба зиммаи Суди Олии РСС Тоҷикистон вогузор менамояд.

Комиссия фаъолияти худро то охирҳои соли 1970 давом дод. Сипас он бо Қарори КМ КПСС ва Совети Вазирони СССР аз 30 июли соли 1970 таҳти №634 «Дар бораи чораҳои беҳтар намудани кори органҳои судӣ ва прокурорӣ» барҳам дода мешавад ва ба ҷойи он Вазорати адлияи Тоҷикистон таъсис меёбад.

Ҳарчанд дар замони шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси давлати миллии мустақил шинохта шуда бошад ҳам, соҳибистиқлол набуд ва фаъолияти он аз ҷониби мақомоти давлатии умумишӯравӣ назорат карда мешуд. Аз ин рӯ, мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мустақил набуд.

Танҳо баъди пош хӯрдани давлати шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард.

Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки баъди қабул гардидани аввалин Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ (6 ноябри соли 1994) мақомоти судии кишвар ҳамчун яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ  шинохта шуд, ки вазифаҳои асосии он таъмин намудани адолати судӣ дар тамоми қаламрави кишвар мебошад.

Бо дарназардошти муҳим будани нақши мақомоти судӣ дар бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 14 апрели соли 1997 «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва дар ин замина аз 14 декабри соли 1999 таҳти №48 мақоми коллегиалӣ –Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Сипас, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 6 июни соли 2000 қабул гардид, ки он вазифаҳои ташкили сохтори Шӯрои адлия, вазифаҳо, пешниҳод намудани таклифҳо оид ба такмили сохтори судӣ, муайян намудани шумораи судяҳо, машваратчиёни халқӣ ва кормандони дастгоҳҳои судҳо, мусоидат намудан ба мустаҳкам шудани мустақилияти судҳо, баланд бардоштани нақши ҳокимияти судӣ, пешниҳод намудани номзадҳо ба вазифаи судягӣ, таъмини кадрҳо, таъминоти молиявӣ, ташкилӣ, моддӣ- техникии судҳо, пешниҳод ба мукофотонидан ва додани дараҷаҳои тахассусиро ба танзим даровард.

Бо мақсади мукаммал гардонидани қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти мақомоти судӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 6 августи соли 2001 қабул гардид, ки муносибатҳоро оид  ба тарзи ташкил, фаъолияти тамоми судҳои кишвар (ба истиснои Суди конститутсионӣ), вазифаҳои суд, мустақилияту дахлнопазирии судя, манъ будани дахолат ба фаъолияти суд, ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои судӣ, таъмини фаъолияти ташкилӣ ва моддӣ-техникии судҳо ва ғайраро ба низом даровард.

Дар партави Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармонҳои Сарвари давлат аз 23 июни соли 2007 таҳти № 271 ва 3 январи соли 2011 таҳти №976 барои солҳои 2007-2010, 2011-2013 Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуд, ки дар ин замина як  қатор қонун ва кодексҳои соҳавӣ ба тасвиб расиданд ва дар сохтори судӣ ниҳодҳои нав, ба монанди коллегияҳои оилавӣ ва маъмурӣ таъсис ёфта, барои ишғоли мансаби судягӣ бо тартиби озмун супоридани имтиҳони довталабӣ ва гузаштани муҳлати таҷрибавии коромӯз-судягӣ пешбинӣ гардид. Ҳамзамон вобаста ба муҳлат ва тартиби баррасии парвандаҳо ва аз байн бурдани баррасии такрории онҳо аз судҳои иқтисодӣ марҳилаи аппелятсионӣ хориҷ шуда, салоҳияти суди марҳилаи кассатсионӣ васеъ гардид.

Дар раванди иҷрои Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ як қатор тадбирҳои амалие роҳандозӣ карда шудаанд, ки барои баланд бардоштани мавқеи ҳокимияти судӣ дар ҷомеа аҳамияти хосса доранд. Ҷиҳати иҷрои банди 10 «Барномаи ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти судҳо, таъмини ҳаматарафаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав (аз 26 июли соли 2014) таҳия ва қабул гардид.

Бояд зикр намуд, ки имрӯзҳо мақомоти судии кишвар ба сифати яке аз рукнҳои асосии таъминкунандаи адолат ва волоияти қонун дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба фаъолияти худ тақвият мебахшад. Аз ин ҷост, ки боварию эътимоди шаҳрвандон ва ташкилоту муассисаҳо ба мақомоти судӣ  зиёд мегардад. Татбиқи адолати судии воқеӣ яке аз роҳҳою василаи боэътимоди эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд мебошад.

Г. ТУЙҒУНОВА, мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва корҳои махсуси дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон