Паймони миллӣ ё хиёнаткорон?

№18 (3968) 14.02.2019

Пешрафту муваффақиятҳои ҳар давлату миллат аз муттаҳидӣ ва ягонагии он вобастагӣ дорад. Имзои Созишномаи  умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Сулҳи бадастомада натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофаринии миллати тоҷик ва иродаи нек буд.  Аммо имрӯзҳо дар як қатор сомонаҳои иғвоангез мебинем, ки ошӯбгарони наҳзатӣ ва ҳаммаслаконашон доир ба «Паймони миллии Тоҷикистон» сухан меронанд, гарчанд паймони миллиро барвақт шикастаанд.  Дар зери «Паймони миллӣ»-е, ки таъсис додаанд, на намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, балки хоинону ватанфурӯшон, иғвоангезону террорис­тон имзо гузоштаанд.

Мақсад аз ташкил намудани паймони миллӣ боз иснод овардан ба номи Ватан мебошад. Ҳадафи асосии онҳо пайдо намудани хоҷа ва сарпарастони нав аст. Дар асл на парвои Ватан доранду на парвои миллат. Зери ин ном мехоҳанд, чанд соли дигар мардумро фиреб намуда, зиндагӣ кунанд.

«Паймони миллӣ»-и онҳо ба касе лозим нест ва фоидае ҳам надорад. Миллати тоҷик паймони миллии худро дорад, ки  27-уми июни соли 1997 ҳамчун Созишномаи  умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расида, ҳар сол ҳамчун иди Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу тантана ҷашн гирифта мешавад.

Ин оғоён барои пиёда кардани ҳадафҳои сиёсӣ ба ҳама кор омодаанд. Худро дар Эрон шиа, дар Арабистон салафӣ муаррифӣ карданд, вале дар Аврупо надонис­танд чӣ кор кунанд, зеро аврупоиён ҳам аз шиа ва ҳам аз салафӣ безоранд. Аз ҳамин сабаб фикр карда, «Паймони миллӣ» -ро роҳандозӣ намуданд. Офарин ба шууратон фитнагарони наҳзатӣ! Хеле ҳиллагаред. Ростӣ, дар ҳиллагарӣ касе бо шумо баробар шуда наметавонад, на аврупоӣ ва на шиаву салафӣ. Аммо фаромӯш накунед, хиёнати шуморо нисбат ба Ватан ҳеҷ гоҳ миллати тоҷик фаромӯш намекунад ва ба паймонҳои дурӯғинатон бовар надорад. Шумо сад бор тағйири ном кунед ҳам, ҳамон хиёнаткор ва буздили наҳзатӣ ҳастед.

Мақсад аз созмон додани ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби давлатҳои абарқудрат дар кишварҳои мусулмонӣ, бахусус, кишварҳои арабӣ, ба вуҷуд овардани нуқтаҳои низоъ ва сипас дахолат кардан ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии онҳо мебошад. Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ аз ҳамин ҷумла аст. Пӯшида нест, ки мақсаду мароми аксар ҳизбу ҳаракатҳои мазкур кӯшиши таъсиси хилофат будаву мебошад.

Маврид ба ёдоварист, ки ба ҳизби мазкур ба хотири таъмини сулҳу субот дар кишвар ва амнияти миллӣ мақоми қонунӣ дода шуда буд. Ин имкон дод, ки намояндагонаш дар мақомоти гуногуни давлатӣ, аз ҷумла, қуд­ратӣ, ба вазифаҳо таъин гарданд. Аммо дубора ба давлат ва миллат   хиёнат намуданд.

Агар наҳзатиён, дар ҳақиқат, хостори ислом мебуданду рафторашон бо гуфторашон як мебуд, ҳеҷ гоҳ мазҳабфурӯшӣ ва ба Ватан хиёнат намекарданд. Имрӯз ба чашми мардум хок пошида, боз «Паймони миллӣ» мегӯянду гирди як миз ҷамъ омада, маслиҳату машварат мекунанд, гӯиё дар ғами ояндаи Тоҷикистонанд. Дар суханрониҳошон на маънӣ ҳасту на мантиқ. Оё хоини Ватану миллат метавонад дар паи ободӣ бошад?

Маҳваши Яъқубзод,

рӯзноманигор