Соҳибкорони бурунмарзии шаҳри Конибодом, ки дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия кору зиндагӣ доранд, чанде пеш дар пайравӣ аз иқдомҳои хайрхоҳона, барои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 ба ҳамдиёрон кумак расониданд.
- Кумаки расида иборат аз доруворӣ, либоси муҳофизатӣ, ниқоби тиббӣ ва аробачаи маъюбӣ ба маблағи умумии 49000 сомонӣ ба беморхонаи марказии шаҳр, беморхонаҳои минтақавӣ ва марказҳои саломатии деҳот дастрас шуд, — изҳор дошт раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода.
М. МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»