Панҷакент. Бунёди 405 иншоот бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

№29 (3979) 16.03.2019

DSC_1613Шаҳри Панҷакент бо таърихи ғанӣ, ёдгориҳои беназири таърихӣ чун бостоншаҳри Саразм, Панҷакенти қадим, оромгоҳи устод Рӯдакӣ, иқтисоди пешрафта ва мавқеи ҷуғрофӣ аз минтақаҳои муҳими мамлакат маҳсуб мешавад. Дар солҳои Истиқлолияти кишвар бо таваҷҷуҳу дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намои ин шаҳри бостонӣ бо бунёди иншооти таъиноти гуногун, рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ҷойгоҳу аҳамияти бештареро молик шудааст. Айни ҳол корҳои ободонӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти кишвар ва 5500 — солагии бос­тоншаҳри Саразм вусъати тоза пайдо кардааст.

Дар ин бора ва масоили дигар бо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода суҳбат доштем.

- Нахуст доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёти шаҳр дар соли 2018 маълумот медодед.

- Соли гузашта ба буҷет, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, 318,8 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин баробари 105,5 фоизи нақша буда, нисбат ба як соли пеш 38,7 дарсад бештар аст. Нишондиҳандаҳои сифатии иҷрои буҷет низ беҳтар гардид ва танҳо аз рӯи як намуди андоз нақша иҷро нашуд.

Иҷрои нақшаи воридот ба буҷети маҳаллӣ имконият фароҳам овард, ки соҳаҳои буҷетӣ тибқи дурнамо маб­лағгузорӣ шаванд. Дар баробари ин, тасмим гирифтем, ки бо рушди соҳаи саноат — бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ сарчашмаҳои нави воридоти маблағро ба буҷет дарёфт намуда, барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ заминаи бештар фароҳам оварем.

Тавре дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъкид шудааст, бояд ба рушди саноат авлавият диҳем ва бо ин дар иҷрои ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар — саноатикунонии ­босуръат саҳмгузор бошем. Натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои шаҳр, пешбинии бунёди коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ ба ин имконият медиҳанд. Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1,8 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки афзоиш 117,7 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳарчанд соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба соли пешин дар аксар корхонаҳои саноатӣ афзуда бошад ҳам, ҳанӯз дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии шаҳр ҳиссаи саноати истихроҷ ва коркарди маъдан зиёд аст. Ин моро водор месозад, ки ба бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, ҷалби сармоя барои истифодаи бештари захираҳои фаровони зеризаминии шаҳр ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем.

Таъмини рушди кишоварзӣ, ки соҳаи асосии шуғлофари иқтисоди шаҳр аст, мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дорад. Тадбирҳои андешида дар ин самт имкон фароҳам оварданд, ки соли гузашта истеҳсоли ғалла ба 32,2 ҳазор, картошка ба 80,3 ҳазор, сабзавот 82,9 ҳазор, полезиҳо 1203, ангур 12,5 ҳазор ва мева ба 11,3 ҳазор тонна расонида шавад. Истеҳсоли маҳсулоти чорво низ назар ба соли 2017 афзуд.

Бо супориши Ҳукумати мамлакат солҳои охир миёни номгӯйи маҳсулоти кишоварзии шаҳр кишт ва истеҳсоли картошка ҷойгоҳи хосаро доро аст. Соли гузашта дар соҳаҳои хоҷагидорӣ дар майдони 3101 гектар картошка кишт ва дар маҷмӯъ 80,3 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шуд. Ҳоло, ки ба кишти баҳорӣ омодагӣ мегирем, майдони кишти картошкаро нисбат ба соли 2018 зиёд пешбинӣ кардаем.

Таъкид бояд намуд, ки дар замони иқтисоди бозорӣ танҳо зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот кофӣ нест, онро фурӯхта тавонистан низ муҳим аст. Ба ин хотир, бо дарназардошти иқлим ва талаботи бозор, кишти картошкаро дар ду муҳлат — барвақтӣ (дар заминҳои водӣ) ва дерӣ (дар заминҳои кӯҳӣ) ба роҳ мемонем. Барои нигоҳдории маҳсулот солҳои охир соҳибкорон ба бунёди сардхонаҳо ҷалб карда шудаанд. Дар се сардхона, ки 1010 тонна ғунҷоиш доранд, себ, ангур ва дигар маҳсулот нигоҳдорӣ мешаванд. Ҳамчунин, 10,5 ҳазор метри мураббаъ гармхонаҳо низ мавриди истифода қарор доранд. Ҳоло боз ду сардхонаи дигар сохта шуда истодааст.

Ҳарчанд аз шаҳри Панҷакент рӯди Зарафшон ва рӯдҳои дигар убур кунанд ҳам, киштзори он тавассути 6 канал ва 18 пойгоҳи обкашӣ обёрӣ мешавад ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба сатҳи фаъолияти иншооти обрасон вобаста аст. Ба ин хотир, ба омода намудани онҳо ба мавсими обёрӣ диққати махсус зоҳир менамоем. Боиси хушнудӣ аст, ки ҳоло бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар доираи лоиҳаи «Барқарорсозии системаи ирригатсионӣ ва мукаммалсозии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» барои таҷдиду таъмири иншооти обрасон корҳо оғоз шудаанд. Ин тадбир имконият медиҳад, ки имсол кишоварзон дар беш аз 15 ҳазор гектар кишт кунанд.

Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки соли гузашта корҳои ободонию созандагӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфтанд. Чанд иншооти таъиноти иҷтимоию истеҳсолӣ, аз ҷумла, марказҳои тиҷоратию ҳунармандӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои таълимӣ, коргоҳи истеҳсоли қуму шағал, пулҳо, Маркази фарҳангию фароғатии «Кохи Лоиқ», боғчаи кӯдакон ва ғайра бо ҷалби маб­лағҳои буҷетӣ ва соҳибкорон мавриди истифода қарор гирифтанд. Инчунин, ду муассисаи нави таълимӣ ва шаш бунгоҳи тиббӣ сохта, 1755 нафар хатм­кунандаи муассисаҳои таълимӣ ба донишгоҳҳои олӣ пазируфта шуданд.

- Омодагӣ ба ҷашни 5500 — солагии бостоншаҳри Саразм чӣ гуна аст?

- Ба муносибати 5500 — солагии бостоншаҳри Саразм бунёди 405 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуд, ки то оғози соли равон 68 адади он мавриди истифода қарор гирифт. Айни замон дар 114 иншоот корҳо идома доранд.

Қобили тазаккур аст, ки маҳз бо дастгирии Пешвои миллат шаҳраки бостонии Саразм «Мамнӯъгоҳи таърихӣ — бостоншиносӣ» эълон ва соли 2010-ум ба Феҳристи мероси фарҳанги башарии ЮНЕСКО шомил гардид. Панҷ мавзеи ҳафриёт болопӯш, ҳудуди ёдгорӣ панҷарабандӣ шуд. Таҷлили 5500 — солагии шаҳраки Саразм чун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии аҷдодӣ на танҳо таърихи ғановатманди миллатро ба оламиён бори дигар муаррифӣ менамояд, балки барои рушди ҷаҳонгардӣ заминаи боэътимод мегузорад.

Моҳи январи соли равон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои бунёди ­маҷмааи иншоот, иборат аз осорхона, толор, ташхисгоҳ, меҳмонхона дар Мамнӯъгоҳи таърихӣ-бос­тоншинсоии «Саразм» ва бинои нави беморхонаи марказии шаҳр, ки бо маблағгузории буҷети вилоятӣ сохта мешаванд, санги асос гузошт ва дар ифтитоҳи коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ ва корхонаи мурғпарварӣ иштирок намуд.

Ҳамчунин, бо маблағгузории Корхонаи муштараки «Зарафшон» бунёди 2 муассисаи таълимӣ, ки ҳар кадом барои 640 ҷои нишаст пешбинӣ гардидааст, оғоз ёфт.

Тарҳи пешниҳодҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, бо дарназар­дошти фик­ру мулоҳизаҳои бос­тоншиносон, зиёиён, меъморону бинокорон ҷиҳати омодагӣ ба 5500 — солагии Саразм таҳия ва ба мақомоти вилоятиву ҷумҳуриявӣ ирсол шудааст. Лоиҳа корҳои зиёди омодагӣ, аз ҷумла ­таҳияи рисолаҳо, ташкили ҳамоиши байналмилалии илмӣ, бунёди иншооти гуногун ва дигар корҳои ободониро фаро мегирад.

Умуман, мардуми заҳматкаши Панҷакент ба ҷашнҳои зикршуда бо ифтихору шукргузорӣ аз сиёсати Пешвои миллат омодагӣ мебинанд ва онҳоро бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ баргузор хоҳанд кард.

- Панҷакент, дорои ёдгориҳои беназири таърихӣ, манзараҳои нотакрори табиӣ аст. Дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз онҳо чӣ гуна истифода намудед?

- Панҷакент ба таъкиди коршиносон аз минтақаҳои муҳими сайёҳии кишвар маҳсуб мешавад ва он бо бостоншаҳри Саразми 5500 — сола, Панҷакенти қадим, мақбараи саромади адабиёти тоҷикӣ-форсӣ устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, беш аз 300 ёдгории дигари таърихӣ, минтақаҳои сайёҳию истироҳатии Ҳафткӯл, Кӯли Калон, яке аз баландтарин қуллаи водии Зарафшон — Чимтарға, осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ — кишваршиносии ба номи А. Рӯдакӣ кайҳост, ки мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ қарор гирифтааст. Ба рушди сайёҳӣ, ки соҳаи фоидаовар ва шуғлофар аст, ҳамчунин, таҷдиди роҳи Айнӣ- Панҷакент, хатти баландшиддати барқи Айнӣ — Панҷакент, эҳёи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ифтитоҳи гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо ин ҳамсоякишвар боз ҳам беҳтар мусоидат менамоянд.

Вале, барои ҷалби сайёҳон ва рушди сайёҳӣ танҳо ёдгориҳои таърихӣ, манзараҳои зебои табиат кофӣ нестанд, муҳайё кардани шароити мусоид низ зарур аст. Ба ҳамин хотир, соли гузашта дар шаҳр боз 3 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ёфт ва шумораи онҳо ба 15 расид. Ҳамчунин, 3 маркази иттилоотии сайёҳӣ, Шӯрои Зарафшон оид ба рушди сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои зиёди хӯроки умумӣ, аз ҷумла, чойхонаҳо бо тарҳу симо ва нақшу нигори миллӣ, пойгоҳҳои муҷаҳҳази сайёҳию кӯҳнавардии Кӯли Калон ва Ҳафткӯл, хатсайр­ҳои сайёҳии кӯҳӣ, хостелҳо барои сайёҳон хизмат хоҳанд расонд. Ҳоло бо ҷалби соҳибкорон ва ширкатҳои сайёҳӣ барои дар хатсайрҳои кӯҳӣ бунёд намудани пойгоҳҳои пазироии сайёҳон ва ба ин кор ҷалб намудани аҳолӣ оғоз гардидааст.

Зимнан, соли гузашта тавассути роҳандозии тадбирҳои гуногун 2856 нафар сайёҳ ба воситаи ширкатҳои сайёҳӣ аз Панҷакент боздид намуданд, ки нисбат ба як соли пеш 1100 нафар зиёд аст. Танҳо аз тариқи гузаргоҳи сарҳадии Саразм беш аз 29 ҳазор нафар шаҳрванди Ӯзбекис­тон бо нияти саёҳат ба Панҷакент омадаанд. Даромади ширкатҳои сайёҳӣ низ хеле афзудааст.

Ин раванд солҳои 2019-2021, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст, боз ҳам бештар идома хоҳад ёфт. Бунёди иншооти зиёди таъиноти гуногун, тадбирҳои ободонӣ дар шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот, ки ба ифтихори 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500 — солагии бостоншаҳри Саразм роҳандозӣ карда мешаванд, ба рушди сайёҳӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат хоҳанд кард.

Вазифаҳое, ки ҳоло аз паи иҷрои онҳо ҳастем, дар Паёми Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии кишвар ва дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат мушаххас баён шуданд. Дар доираи онҳо барномаю тарҳҳои омодагӣ ба ҷашни 30 — солагии истиқлолият ва 5500 — солагии бостоншаҳри Саразм моҳи аввали соли равон як қатор корҳо ба сомон расиданд.

Оғози моҳи феврал бо иштироки роҳбарони соҳаҳои гуногуни шаҳр дар ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳо бо мардум мулоқот намуда, иҷрои вазифаҳоеро, ки дар Паёми Пешвои миллат гузошта шудаанд, мат­раҳ кардем. Бо такя ба ҷонибдории самимию сидқии мардум аз сиёсати Пешвои миллат, ки дар мулоқотҳо иброз гардиданд, иқдомҳои шоиста барои ободии диёр аз ҷониби онҳо, бо итминон изҳор медорам, ки соли равон ба марҳилаи муҳими омодагӣ ба санаҳои мубораки 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ва 5500 — солагии бостоншаҳри Саразм табдил хоҳад ёфт.

Мусоҳиб Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»