Панҷакент. Оё адолат мутеи пуштибонҳо шудааст?

№54 (3691) 18.05.2017

ївмБаъди мутолиаи мақолаи «Суди сайёре, ки 5 дақиқа давом кард. Ё чаро бархе аз судяҳо тут гӯянд, бед мефаҳманд?» дар рӯзномаи «Садои мардум» қарор додам, ки ба нашрияи мазкур муроҷиат намоям.

Ман низ саргузаште дорам пур аз сарсонӣ, ки «қаҳрамононаш» додгустар ва корманди ҳифзи ҳуқуқанд. Натиҷаи «хизмат»-и онҳо буд, ки парвандаи граждании ман солиёни зиёд ҳалли худро наёфт. Месазад, ки онро ҳамчун намунаи бесаводӣ, бесалоҳиятӣ ва хӯрдагирӣ минбаъд дар илми ҳуқуқшиносӣ ва амалиёти судӣ мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Аввали солҳои 90-уми садаи гузаш­та бо чанд нафар дӯст дар як кунҷи боғи истироҳатии Панҷакент биное сохта будем.  Вақти набудани ман А. Зокиров, ки тағои ҳамсарам мебошад ва аз сохтмони чойхона хабар дошт, онро ғасб ва 21 марти соли 2008 ба бародараш Зокиров Усмон ҳадя намудааст. Дар парвандаи даъвоии ӯ омадааст, ки бародараш А. Зокиров аз 22 майи соли 1996 соҳиби моликият мебошад. Гӯё қитъаи замин барои сохтмон 22 майи соли 1992 таҳти рақами 113 дар асоси қарори Комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Панҷакент ҷудо шудааст. Ҳол он ки қитъаи ҷудошуда дар ҷойи дигар қарор дорад. Ин фарқиятро фақат нобино дида наметавонад. Қарори раиси шаҳр, ки онро У. Зокиров ва шариконаш ҳамчун асос барои фиреб ва ғасби моликияти бегона истифода мебаранд, аз тарафи суди марҳалаи аввал қонунӣ дониста шудааст, ки хеле ҳайратовар аст.

Ман дар асоси санад аз 13 апрели соли 2003 ва қарори раиси шаҳр аз 8 майи соли 2003 таҳти №152 замини баҳсиро барои истифодаи бемуҳлат гирифта будам. Аҷибаш он аст, ки баъди ба миён омадани баҳс миёни ман ва У. Зокиров роҳбарияти шаҳр, Кумитаи замин У. Зокировро соҳибмулк донистааст.

Соли 1992 Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Панҷакент (агар ҳуҷҷат рост бошад) ба соҳибкор Ф. Бобоев (на ба У. Зокиров) барои сохт­мони чойхона 0,08 га замин миёни бинои универмаги «Наврӯз» (имрӯза ошхонаи «Диловар») ва меҳмонхонаи «Суғдиён» (имрӯза бинои бонки «Эсхата») ҷудо кардааст.  Минбаъд он замин, аз 10 майи соли 1996 ба номи Зокиров Абубакр ҳуҷҷат шудааст, ки сохта ва қалбакист. Ҳукумати шаҳри Панҷакент барои ду қитъа замин қарор баровардааст, ки дар ҷойҳои гуногуни шаҳр ҷойгиранд. Вале даъвогарон аз набуданам истифода бурда, ба замини ман чашм ало кардаанд, чунки дар ҷойи қитъаи аввал бинои бонки «Эсхата» сохта шудааст.

Ногуфта намонад, ки дар қарори ҷудо намудани замин барои чойхона мо имзои шахсеро мебинем, ки минбаъд дар асоси қарордод бо дигар иштирокчиёни парванда соҳиби моликияти бегона гаштааст. Ин шахс сардухтури ҳамонвақтаи СЭС- и шаҳр Р. Мирзоолимов мебошад. Ҷараёни баргузории суд ва тафтишоти парванда нишон медиҳад, ки қарор ва ҳалномаҳо бо ёру ошнобозӣ бароварда шудаанд.

Тавре ёдовар шудам, Зокиров Абубакр замини маро ғасб карда, барои рӯйпӯш кардани ҷиноят онро ба бародараш Усмон туҳфа кардааст. Дар навбати худ Зокиров Усмон 15 июли соли 2011 заминро ба Р. Мирзоолимов дар шахсияти ваколатдораш Парвиз Туробов мефурӯшад. П. Туробов шавҳари духтари Р. Мирзоолимов мебошад. Ман барои бекор кардани ин харидуфурӯш даъво карданӣ шудам. Чун П. Туробов пай мебарад, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои кишвар ӯ ноҳақ аст, моликияти ғасбкардаашро ба номи падари ҳамсараш – Р. Мирзоолимов харидуфурӯш мекунад. Р. Мирзоолимов ба ман ва пайвандонам фаҳмонд, ки беҳуда овора нашавем ӯ суду прокурор ва лозим шавад, прокурори ҷумҳуриро ҳам мехарад. Воқеан, Р. Мирзоолимов тавонист, ки парвандаро ба манфиати худ ҳал намояд. Ӯ воқеан ҳам «зӯр» аст, бо ғасбу зӯроварӣ замину моликияти дигар бошандагони шаҳру деҳотро низ ғайриқонунӣ соҳиб шуда, чанд оиларо дарбадар ва мазлум кардааст, ки онҳо низ омодаанд, ки аз болои ӯ даъво кунанд.

Ғайр аз поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва соҳибмулкиам аз тарафи судҳои марҳалаи аввал таҳқир ҳам дидаам. Шоҳидон ва гувоҳҳои ман боз­пурсӣ нашуда, дархост ва суолҳояшон беҷавоб монданд. Ҳатто судя С. Ҳоҷизода қабл аз тамомшавии маҷлиси судӣ хулосаи худро ошкор сохт, ки ин зидди қонун аст. Ба шикояти ман муовини Суди вилояти Суғд Ш. Н. Сафарзода ҷавоб навишта, аз суди марҳалаи якум пуштибонӣ намуд.

Дар маълумотномаи Маркази алоқаи почтаи шаҳри Панҷакент омадааст, ки мактуби даъватӣ аз тарафи судяи Суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ман дар вақташ ирсол нагаштааст. Даъватнома аз тарафи хаткашон Яҳёев Илёс рӯзи мурофиа, яъне 2 августи  соли 2016 супорида шудааст.

Ин танҳо як намунаест аз қонуншиканиҳои суди марҳалаи якум. Шояд ба раванди  мурофиа Б. Мирзоолимова, хоҳари Р.Мирзоолимов, ки дар Суди вилояти Суғд кор мекунад ё Ризоева Дилбар, ки парвандаро бори аввал баррасӣ намуда, «хишти аввалро каҷ гузошта» буду ҳоло дар Суди Олӣ фаъолият мебарад, таъсиргузор бошанд?! Барои чунин судяҳо, ки бо қонуншиканӣ ва тарафкашӣ ба мартабаҳои баланд расидаанд, сарфи назар кардани қарори Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мушкилӣ надорад. Чунончӣ, Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иштироки шахсони арҷманд Ш. Шоҳиён — раиси Суди Олӣ, аъзо: А.А. Ашурзода, Б.М. Холова, А.С. Сатторзода, Ш. Лутфуллозода, Р.Қамарзода, С.А. Ҳакимова, С. Тошев ва котиб Г.А. Ғозиева, бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам М.О. Осимзода) парвандаи мавриди назарро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ҳалномаи судиро бекор ва парвандаи гражданиро ба Суди шаҳри  Панҷакент барои баррасии нав аз ҷониби дигар судя ирсол карда буд. Зимни баррасии парванда суди марҳалаи якум водор шуда буд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф карда, ваҷҳҳои тарафҳоро санҷида, ба ҳолатҳои воқеӣ  баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода, вобаста ба баҳси ҷойдошта санади қонунӣ ва асоснок қабул намояд.

Мутаассифона, судя А. Хушмуҳаммадзода низ қонуншиканиҳои ҳамкасбони худро бетағйир гузошта, аз беадолатии онҳо пуштибонӣ кард. Чӣ илоҷ? Мо пуштибон надорем. Шояд баъди интишори ин мактуб адолат пирӯз шавад.

 Сафар ДАВЛАТОВ,

сокини шаҳри Панҷакент