Парчами давлатӣ ҳамеша бо мардум аст

№141 (4091) 23.11.2019

Дар ҳама кишвари рӯи олам аз ҷониби шаҳрвандон эҳтироми Парчами давлатӣ ба ҷо оварда мешавад. Парчами давлатии Тоҷикистон бевосита дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон зикр мешавад. 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам ва дигар рамзҳои давлатиро муқаррар мекунад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зерин ба таври доимӣ афрохта мешавад:

- дар боло ё пештоқи бино ва ё бо пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

- дар болои биное, ки ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо гузаронида мешаванд;

- дар толорҳои ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маҷлисҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

- дар утоқҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар биноҳое, ки барои гузаронидани чорабиниҳои расмӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд, утоқҳои кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони мақомоти дигари идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоя­т­ҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

- дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ), гузаргоҳҳо, дидбонгоҳҳо ва нуқтаҳои гумрукии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ҳамчунин, дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ба сифати рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохтан мумкин аст.

Дар сурати афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парчами ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё дигар шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, паҳно ва баландии ин парчамҳо набояд аз паҳно ва баландии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон калон бошад. Ҳангоми дар як вақт афрохтани шумораи тоқи парчамҳо, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мобайн ва дар мавриди афрохтани шумораи ҷуфти парчамҳо аз марказ дар тарафи чап ҷой дода мешавад.

Тибқи қонуни мазкур Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин афрохта мешавад:

- дар воситаҳои нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва ё шахсони дигар мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар боло ё пештоқи бино ва ё бо пояи махсус дар ҳавлии раъйдиҳӣ;

- дар рӯзҳои ид, ҷашнҳо ва маросиму чорабиниҳои тантанавӣ дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо, биноҳои истиқоматӣ, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз тарафи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, гузаронида мешаванд;

- ҳангоми эълони мотам Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мотамӣ афрохта мешавад: ба чӯбдаста (меҳвари фулузи)-и Парчам матои тасмашакли сиёҳ баста мешавад, ки нӯгҳои он бояд то қисми поёнии Парчам овезон бошанд. Дар сурати бо чӯбдаста афрохтани Парчам ҳангоми мотам Парчам ба андозаи сеяки дарозии чӯбдаста хам карда мешавад.

Дар вақти маросими мотами шаҳрванди фавтида (ҳалокгардида) аз рӯи эҳтироми ҳарбӣ, ки оинномаи ҳарбӣ пешбинӣ намудааст, тобути марҳум бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пӯшонида мешавад. Пас аз гӯронидан Парчами давлатӣ ба наздикони марҳум дода мешавад.

Ҳамин тариқ, Парчами давлатӣ ҳамчун таҷассумгари бахту иқбол ва ҳаёти босаодати мардуми шарафманди кишвар дар ҷаласаҳои мутантани расмӣ, қисмҳои низомӣ, бунгоҳҳои сарҳадию гумрукӣ, ҳатто дар мавзеъҳои истироҳатию фароғатии мардум ва ғайра афрохта мешавад. Дар маҷмӯъ, Парчам ҳам дар лаҳзаҳои хуррамию ободӣ ва ҳам дар лаҳзаҳои мотаму сӯгворӣ бо мардум аст. 

Таҳияи Яъқуб ҲОШИМЗОДА,

донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон