Парчами давлатӣ чӣ гуна қабул гардид?

№141 (4091) 23.11.2019

Ё баҳси тоҷу ҳафт ситора ва таносуби рангҳо чӣ гуна сурат пазируфт?

Қабули Парчами давлатӣ аз ҷумлаи 23 масъалае буд, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати дувоздаҳум баррасӣ шуд. Инак, он 27 сол боз дар фазои кишвари соҳибистиқлол партавафшон аст.

DSC_9799Биноан, тасмим гирифтем, бо истифода аз бастаҳои рӯзномаи «Садои мардум», ки ҳамчун нашрияи Шӯрои Олӣ рафти иҷлосияи тақдирсозро пурра инъикос намудааст, аз он лаҳзаи таърихӣ — баррасии тарҳи Парчами давлатӣ ва қабули он ёдовар шавем, то насли ҷавон маълумоти кофӣ дошта бошад. «Масъала оид ба қабули Парчами давлатӣ бори аввал дар ҷаласаи 22 ноябри соли 1992 баргузоршуда, ки таҳти раёсати Раиси навинтихоби Шӯрои Олӣ Эмомалӣ ­Раҳмонов доир шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст». («Садои мардум», 18 ноябри соли 1992, №213 (463)-№220 (470).

Он вақт аз рӯйи масъалаи Нишони давлатӣ ва Парчами давлатӣ вакил аз ҳавзаи интихоботии Зарафшон, 122, ноҳияи Айнӣ Даврон Ашӯров суханронӣ намудааст. Номбурда вобаста ба ташкили комиссия дар ҳайати 46 нафар аз ҷониби Шӯрои Олӣ оид ба Нишон, Суруди миллӣ ва Парчами давлатӣ (28 июни соли 1991) ва эълони озмун барои беҳтарин Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ (12 ноябри соли 1991) маълумот дода, зикр кардааст, ки дар озмуни Парчам ва Нишон 60 муаллиф бо беш аз 200 асар ширкат намудаанд. Ҳамчунин, таъкид шудааст, ки 20 марти соли 1992 дар толори Иттиҳодияи рассомони Тоҷикистон намоиши асарҳо доир гардидааст, вале, бинобар гирдиҳамоии майдони «Шаҳидон» кори он қатъ гардида, танҳо баъди барқарор шудани оромӣ идома ёфтааст.

- Мардуми зиёди касбу кори гуногун бо асарҳо шинос шуда, андешаю таклифҳояшонро иброз доштанд. Оқибат ғолибони озмуни Парчами давлатии Тоҷикистон муқаррар ва ба Шӯрои Олӣ пешниҳод гардиданд. Доварон қарор доданд, ки ҷойи якум ба дастаи муаллифон дар ҳайати Рассоми халқии Тоҷикистон З. ­Ҳабибуллоев, раиси Иттиҳодияи дизайнерони Тоҷикистон Заневский, узви Иттиҳодияи рассомони Тоҷикистон Саидалиев, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон Додхудоева, узви Иттиҳодияи дизайнерони Тоҷикистон Игнатушина дода шавад, — зикр кардааст Д. Ашӯров.

Ӯ, ҳамчунин, изҳор доштааст, ки 4 сентябри соли 1992 Комиссия оид ба рамзҳои давлатии Шӯрои Олӣ асарҳоро бори дигар мавриди баррасӣ қарор дода, онҳоро писандида, ба сессияи XVI манзур намудааст.

- Тамоми кор дар асоси қонун сурат гирифтааст. Таклифи комиссия чунин аст: тарҳи Парчами давлатии Тоҷикистон аз рангҳои ба тариқи горизонталӣ ҷойгиршудаи сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар марказаш тоҷи заррин ва ҳафт ситора акс ёфтааст, — гуфтааст ӯ.

Пас аз суханронии Д. Ашӯров Ҳикмат Шарифов баромад намуда, мепурсад, ки «ҳангоми омода кардани Нишон ва Парчам фикру мулоҳизаҳои рассомон ва муҳандисони сохтмони вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппаро ба инобат гирифтед ё не?». Д. Ашӯров ҷавоб гуфтааст, ки «дар озмуни Парчаму Нишон дӯстони кӯлобиву қӯрғонтеппагӣ ширкат кардаанд.

Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонов низ дар баррасӣ шахсан иштирок дошта, таъкид карда гуфтаанд, ки «нисбат ба ширкати кӯлобиёну қӯрғонтеппагиҳо шубҳае набояд бошад».

Ҳ. Шарипов муқобили будани тоҷ дар Парчаму Нишон баромада, мавқеашро бо он асоснок кардааст, ки ин «ҳаракат ба ҷониби давлати шоҳӣ» аст.

Академик Муҳаммад Осимӣ зикр кардааст, ки «ҳангоми таҳияи Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ муаллифон кӯшидаанд, ки рӯҳи замонро ба инобат гирифта, дар онҳо бозгаштамонро ба асли хеш мунъакис бисозанд. Он чӣ дар парчаму нишон ҷой дорад, барои мардум бегона нест ва умедвор ҳастем, ки аз ҷониби ҳама самимона пазируфта мешавад. Шояд баъзеҳоро тоҷ ва ҳафт ситораи болои он ба андеша водор бинамояд. Сабаби интихоби тоҷ ҳамон таъкидҳои ҳаким Фирдавсист, ки дар «Шоҳнома» овардааст: «Мардуми мо аз нахустинсонҳои рӯи заминанд ва бо номи миллатамон вожаи тоҷ пайванди ногусастанӣ дорад». Шумораи ҳафт низ барои мо муқаддас маҳсуб мешавад. Дар нақлу ривояти зиёде мардуми ориёнажод ин шумораи гиромиро нисбат ба муқаддасоти бисёре, амсоли кишвар, дарё ва ҷисмҳои осмонӣ истифода кардаанд. Асари ҷовидонии ҳаким Низомӣ ҳам бо номи «Ҳафт пайкар» шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст. Аз ин рӯ, ба андешаи муаллифон, ҳафт ситора ин рамзи бахту саодати тоҷикон хоҳад буд».

Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат аз таъриху фарҳанги қадима доштани миллати тоҷик сухан ронда, зикр кардааст, ки «мо ба рамзҳои ҷовидонии мардум тӯли ҳазорсолаҳо, ки қариб бебадал буданд, эътибори хоса додем».

DSC_9793Сипас, ӯ доир ба ранг ва рамзҳои Парчам маълумот дода, аз ҷумла, гуфтааст, ки «ранги сурх, ки дар бисёре аз парчамҳои ҷаҳон мавҷуд мебошад, рамзи офтоб, таҷаллии Аҳурамаздо аст. Ранги сафед рамзи созандагӣ ва барозандагист. Сабз нишони сарсабзии инсон, рамзи зиндагист. Оиди тоҷ. Тоҷдорӣ расми ниёкони мост. Ҷамшед бори нахуст тоҷдориро ба расмият даровард ва халқи мо ягона халқи гетӣ аст, ки дар таркиби номаш калимаи тоҷ»-ро абадӣ маҳфуз доштааст. Ҳафт ситора нишони ҳафт силсилакӯҳ, ҳафт дарё ва ҳафт биҳишти паҳнои Ориёнои бузург аст».

Вакил аз ҳавзаи интихоботии Ленин, 158, шаҳри Кӯлоб Ҳ. Шарифзода шарҳи Мӯъмин Қаноатро «қобили қабул» донистааст, аммо аз «сесаду шасту шаш паҳлу доштани сухан» ёдовар шуда, изҳор намудааст, ки «масалан, тахмин кардан мумкин, ки ҳафт ситора ин рамзи ҳафт дӯзах аст. Ва чун он болои тоҷ ҷойгир аст, гумон меравад, ки болои майнаи мо ҳафт дӯзах давр зада истодааст». Аз ин рӯ, номбурда пешниҳод кардааст, ки як ситораи дигар илова карда шавад, то «рамзи ҳашт биҳишт бошад ва мо назди меҳмонони мусулмони мамолики хориҷӣ музтар нашавем».

Узви комиссияи Шӯрои Олӣ, рӯзноманигор Отахон Латифӣ дар ҳошияи суханони Ҳ. Шарифзода гуфтааст, ки «албатта, рамзҳоро ҳар хел маънидод кардан мумкин. Масалан, ранги сафеди парчам рамзи сафедии шири модар аст.

Бояд бигӯям, ки ҳам дар озмун, ҳам дар баррасии асарҳо мардуми зиёде иштирок карданд. Аз ин хотир, парчаму нишони ба ҳукми шумо пешниҳодшуда аз имтиҳони ҷиддӣ гузаштаанд. Бо вуҷуди ин, асарҳои мазкур эскиз ҳастанд ва муаллифон омодаанд, ки таклифу пешниҳодҳои шуморо ба инобат гиранд».

Вакили Шӯрои Олӣ Г. Савриддинова пешниҳод кардааст, ки ранги сурхи парчамро бештар карда, дар гӯшааш чаҳор ситораро ба нишони чор вилоят акс кунанд.

Депутате, ки худро муаррифӣ накардааст, пешниҳоди Ҳ. Шарифзодаро дастгирӣ ва таклиф намудааст, ки «нишони мобайни парчам ба тарафи чап болотар гирифта шавад».

Депутати дигар (худро муаррифӣ накарда) гуфтааст, ки «агар бароямон як неву ду — се варианти парчаму нишонро пешкаш месохтанд, якеро интихоб мекардем. Ҳоло мо илоҷ надорем: агар қабул накунем, ин қадар меҳнати муаллифон сарф шудааст, қабул кунем, писанди ҳама нест. Аз ин рӯ, таклиф дорам, ки бароямон имконияти интихоб фароҳам оваранд. Масъалаи дигар. Ҳамон тоҷе, ки дар миёнаҷои парчам ҷой додаанд, бештар ба заврақ монандӣ дорад. Коре бояд кард, ки нишони тоҷ барҷаста ба назар расад».

С. Тӯраев шарҳи муаллифон дар бораи рамзҳои парчамро пазируфта, пешниҳод намудааст, ки тоҷро тавре бояд сохт, ки ба асли худ шабоҳати комил пайдо кунад. Ҳамчунин, тарафдориашро аз бештар будани вариантҳои парчам баён намудааст.

Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонов аз як соли кори комиссия ва эълони озмун ёдовар шуда, гуфтааст, ки бояд дар ин муддат пешниҳодҳо манзур мешуданд.

- Пешниҳод нисбат ба таносуби ранг­ҳо дурустанд, вале имрӯз ба як хулоса омаданамон зарур аст, — илова карданд Эмомалӣ Раҳмонов.

Ҳ. Шарифзода боз пешниҳод мекунад, ки дар парчам нақши осмон низ бошад. — Дар акси ҳол ситораҳо дар мағзи сари одам чарх мезананд. Мо мусулмон ҳастем, ояндагон моро намебахшанд, — гуфт ӯ.

Депутат аз ҳавзаи интихоботии Обикиик, 178, ноҳияи Ғозималик В. Абдусамадова низ пешниҳод кардааст, ки якчанд тарҳ пешниҳод шавад.

Депутати дигар, ки низ муаррифӣ нашудааст, пешниҳод намудааст, ки се намуди охирини парчам оварда, дар ҳамин сессия қабул карда шавад.

А. Достиев таклиф намудааст, ки «се намуд пешниҳод карда шавад, дар ҷаласаи навбатӣ қабул мекунем». Депутат аз ҳавзаи интихоботии Қалъаидашт, 79, ноҳияи Файзобод С. Раҷабов пешниҳод намудааст, ки аъзои комиссия андешаашонро нисбат ба пешниҳодҳо гӯянд, то тағйироти ҷузъӣ ба парчам ворид ва рӯзи дигар қабул карда шавад.

Академик Муҳаммад Осимӣ доир ба таклифу пешниҳодҳои вакилон фикру ақидаашро баён дошта, гуфтааст: «Ман чунин фаҳмидам, ки шумо нисбат ба парчам се эрод доред. Якум, нисбат ба таносуби рангҳост, ки мо онро қабул дорем. Дуюм, нисбат ба шумораи ситораҳост. Бояд гӯям, ки мафҳуми ҳафт ситора пеш аз зуҳури ислом пайдо шудааст. Дар ин ҷо дин нест. Аз илми нуҷум гирифта шудааст. Ҳашт ситора қобили қабул нест. Нисбат ба тоҷ бошад, онро рассомони мо дуруст мекунанд. Парчамро метавонед қабул намоед.»

Аз ҷониби Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонов масъалаи парчам ба овоз монда мешавад, аммо қабул намегардад. Эмомалӣ Раҳмонов аз олимону рассомон хоҳиш мекунанд, ки то охири сессия пешниҳодҳои депутатҳоро ба инобат гирифта, намунаи парчамро пешниҳод намоянд.

Ҳамин тариқ, дар баррасии аввал (22 ноябр) парчам қабул намешавад. Ин ­масъала такроран дар ҷаласаи 24 ноябр баррасӣ мегардад. Раиси Шӯрои Олӣ ­Эмомалӣ Раҳмонов аз баҳсу мунозираҳо доир ба қабули муқаддасоти давлатдорӣ ва заҳмати муаллифон ёдовар шуда, суханро ба Муҳаммад Осимӣ медиҳанд. М. Осимӣ доир ба тағйир додани таносуби рангҳо ва дигаргун кардани тоҷи рӯи он, ки бештар ба мавҷ шабоҳат доштааст, маълумот дода, изҳори итминон менамояд, ки дар ин шакл «ба шумо писанд меояд».

Дар ҷаласа баъзе аз депутатҳо барои тағйир додани парчам пешниҳодҳо мекунанд. Аз ҷумла, Ҳ. Шарифов доир ба тоза кардани тоҷ аз парчам, Ҳ. Табаров, бинобар кӯҳистон будани кишвар, дар як гӯшаи он ҷой додани акси кӯҳро пешниҳод менамоянд.

М. Осимӣ дар ҷавоб талаботи меъёрҳои байналхалқиро доир ба сода ва сабукбор будани парчам ва мураккаб будани нишон изҳор дошта, дар шакли пешниҳодшуда дуруст будани парчамро мефаҳмонад.

Депутатҳои Шӯрои Олӣ А. Абдушаҳидов аз ҳавзаи интихоботии Амондара, 105, ноҳияи Панҷакент ва Қ. Тӯраев М. Осимиро дастгирӣ намудаанд. Аз ҷумла, А. Абдушаҳидов изҳор доштааст, ки «мо, хушбахтона, соли равон яксолагии Истиқлолияти Тоҷикистонро ҷашн гирифтем, вале, мутаассифона, бидуни рамзҳои муқаддаси хеш. Аз набудани Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ моро душвории зиёде пеш омада истодаанд ва агар муносибати мо чунин бимонад, гумон аст, ки оқибат ба мувофиқа бирасему парчаму нишонро якдилона бипазирем. Ваҳдат ва якдилии депутатҳо ва ҷумла бошандагони кишвар бояд аз ҳамин қабули рамзҳои муқаддас шурӯъ гардад. Хуб нест, вақте ҳар гурӯҳ дар ин ҷо фикрашро гузарониданӣ мешавад. Аз рӯи адолат баҳо диҳем, барои таҳияи парчаму нишон одами бисёре муддатҳо кор кардаанд. Онҳо таърихи ҳаждаҳҳазорсолаи халқамонро ба инобат гирифтаанд ва умед аст, ки эшон ба ҳаждаҳ ҳазор соли баъдина низ бетафовут набудаанд. Ба фикрам, парчам ҳам базеб, ҳам пурмаъност. Тоҷу ситораҳояш хеле мутаносиб ва назаррабост. Суннатҳои миллиамон оқилона ва ҳунармандона дар парчаму нишон терҳрезӣ шудаанд. Аз ин рӯ, таклиф дорам, ки ҳама якдилона Парчами давлатиро маъқул дониста, бо хушҳолии том онро бипазирем. Бигзор, парчами мо асоси муттаҳидии мо гардад!»

Депутат аз ҳавзаи интихоботии Исфара, 89, ноҳияи Исфара Э. Абдусатторов аз пешниҳод шудани се намуди кори як гурӯҳи муаллифон изҳори нигаронӣ кардааст. Ӯ, аз ҷумла, гуфтааст, ки «ба ман хабар доданд, ки яке аз аъзои ҳайати доварон ба қатори муаллифон дохил будааст ва гӯё барои ҳатман гузаронидани фикри эшон устод Осимӣ ҳам ҳавасманд будаанд».

Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонов таъкид кардаанд, ки «ҷаласаи Шӯрои Олӣ бояд аз ҳар ҷиҳат таърихӣ бошад. Якдилию ҳамдигарфаҳмии мо бояд аз ҳамин қабули рамзҳои муқаддас оғоз ёбад ва минбаъд пайваста идома кунад. Таклифи шумо дурустанд ва мебинед, ки муаллифон дар шаҳри Хуҷанд ҳам корро давом дода, эроду дархостҳоятонро ба инобат гирифтанд ва парчаму нишонро хеле такмил намуданд. Аз ин рӯ, хоҳиш мекунам, касе ҷонибдори ба сифати Парчами давлатии Тоҷикистон қабул намудани тарҳи пешниҳодкарда бошад, овоз диҳад».

Ҳамин тариқ, Парчами давлатии Тоҷикистон бо ҷонибдории аксарият қабул мегардад. Мувофиқи стенограммаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» нашр шудааст, ҳангоми таҳлилу баррасии тарҳи Парчами давлатӣ 20 нафар вакил ва олиму фаъол, ки аъзои комиссияи таҳияи Парчами давлатӣ буданд, ширкат варзидаанд.

Инак, Парчами давлатӣ, ки бо баҳсу баррасиҳои ҷиддӣ дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихӣ қабул шуд, ҳамчун рамз ва муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонист. Бигузор он то ҷовидон дар фазои давлат парафшон бошад!

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»