Парлумони Қирғизистон бо халтаҳои селофанӣ «ҷанг» эълон намуд

№74 (4180) 23.06.2020

11 июн парлумони Қирғизистон лоиҳаи қонун «Дар бораи маҳдудсозии истифодаи халтаҳои селофанӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон»-ро қабул кард.

ываваТибқи иттилои расонаҳо, вакил Марлен Маматалиев пешниҳод кардааст, ки аз рӯзи қабули қонун воридшавии халтаҳои селофанӣ ба ҷумҳурӣ манъ ва аз ибтидои соли 2021 истеҳсоли онҳо қатъ гардад.

- Дар бисёр кишварҳои дунё ин меъёр муқаррар шудааст, зеро халтаҳои селофанӣ ба муҳити зист зиён дошта, солҳои тӯлонӣ таҷзия намешаванд, — гуфтааст М. Маматалиев.

Вакилони парлумон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ низ тағйирот ворид намуданд, ки тибқи он, барои истеҳсоли халтаи селофанӣ аз 134 то 376 доллари ИМА ҷарима муқаррар шуд.

Бояд зикр намуд, ки  иқдоми парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон яке аз ташаббусҳои хеле ҷиддист. Ҳарчанд соли 2019 бархе аз кишварҳо дар ин самт гомҳои устувор гузоштанд.

Аждаҳои баландиаш се метр, ки аз даҳон партовҳои пластикӣ пош медиҳад – муҷассамаи рамзие, ки соли гузашта дар саҳни ҳавлии Парлумони Аврупо дар Брюссел пайдо гардид, аз муҳимияти мубориза ба муқобили истифодаи халтаҳои селофанӣ ва маҳсулоти пластмассӣ дарак медиҳад.  Яке аз иқдомҳои назарраси кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар соли 2019 қабули қарор дар бораи манъи маҳсулоти истифодаашон яккаратаи пластикӣ буд.

Аз соли 2021 дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо фурӯши зарф, ашёи хӯрокхӯрӣ, най­чаи обнӯшӣ, васоити интиқоли маҳсулоти ғизоӣ ва ашёи дигари аз пластик сохташуда мамнӯъ гардид. Бархе аз кишварҳои ин иттиҳод қабл аз қабули қонун ҷиҳати ҳифзи муҳити зист чора андешиданд. Масалан, дар Литва истифодаи халтаҳои пластикӣ пурра манъ аст. Дар Фаронса соли 2016 фурӯши халтаҳои ғафсиашон аз 50 микрон кам манъ шуд. Илова бар ин, дар Маҷмаи умумии СММ оид ба муҳити зист 170 мамлакат дар бораи то соли 2030 коҳиш додани истифодаи пластик шартнома ба имзо расонидаанд. Дар бинои СММ қаҳвахонаю ошхонаҳо аз истифодаи маҳсулоти пластикӣ пурра даст кашиданд.

Ҷумҳурии Беларус низ баробар бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо истифодаи маҳсулоти пластикиро манъ кард. Аз соли 2021 дар муассисаҳои хӯроки умумӣ истифодаи зарфҳои пластикӣ мамнӯъ мегардад.

Радаи Украина низ қонун дар бораи гардиши халтаҳои пластикиро қабул намуд. Тибқи муқаррароти қонун, аз моҳи январи соли 2022 истифодаи халтаҳои ғафсиашон то 50 микрон дар мағозаву тарабхонаҳо манъ мегардад. Дар баробари ин, халтаҳои ғафсиашон то 15 микрон, ки ба талабот ҷавобгӯ нестанд, бояд нобуд карда шаванд.

Гурҷистон низ соли 2018 аз истифодаи халтаҳои пластикӣ даст кашид. Соҳибкоронеро, ки қонунро риоя намекунанд, мусодираи маҳсулот ва ҷарима дар ҳаҷми 500 лари (қариб 100 сомонӣ) интизор аст. Дар ҳолати такрорёбии қонуншиканӣ ҳаҷми ҷарима ду баробар меафзояд.

Дар Непал низ истифодаи пластик маҳдуд гардидааст. Дар Пасанглхаму, ки дар наздикии кӯҳи Эверест ҷойгир аст, истифодаи халтаҳои ғафсиашон камтар аз 30 микрон манъ шуд. Ҳукуматдорон бо ин тадбир ифлосшавии кӯҳро низ боздоштанианд.

Ҳарчанд дар Исроил чунин тадбирҳо ба назар намерасанд, кишвар ҳифзи тозагии баҳри Сурхро ба зимма дорад. Истифодаи ҳама гуна зарфҳои истифодаашон яккарата, аз ҷумла, картониву алюминӣ маҳдуд гардида, барои риоя накардани ин муқаррарот 730 шекел (тахминан 1300 сомонӣ) ҷарима муқаррар шудааст.

Дар Британияи Кабир, Канада, Мексика ва Гватемала ҷиҳати маҳдудсозии истифодаи халта ва маҳсулоти дигари пластикӣ мубориза ҷиддитар аст. Масалан, дар Англия ҳар сол 4,7 миллиард найчаи об ё шарбатнӯшӣ, 316 миллион воситаи омехтакунанда ва 1,8 миллиард чӯбча аз нахи пластикиро истифода мешавад. Ин рақамҳо ҳукуматдорони британиро водор намуданд, ки аз моҳи апрели соли равон истифода ва фурӯши найча ва чӯбчаҳои пластикӣ дар мамлакат манъ шавад. Дар Ванкувери Канада низ моҳи апрел истифодаи найчаҳои шарбатнӯширо манъ карданд ва аз аввали соли 2021 дар мағозаҳо танҳо халтаҳои коғазӣ  фурӯхта мешаванд…

Мутаассифона, канори баъзе аз роҳҳо, ҷӯю дарёҳо ва ҳатто минтақаҳои дурдасттарини кишвар партовгоҳҳои маҳсулоти пластикӣ шуда, теъдод ва масоҳати онҳо мунтазам меафзояд. Шояд вақти он расидааст, ки ба ин масъала муносибат ҷиддитар гардад?

Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»