Парвози чартерӣ аз Душанбе ба Минск

№105 (4211) 29.08.2020

09adecd66a4312308a20c3dc68fadd0eАз Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, ки 30-юми августи соли ҷорӣ аз шаҳри Душанбе ба пойтахти Ҷумҳурии Баларус – шаҳри Минск парвози чартерӣ анҷом дода мешавад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Белорус ва Украина таҳсил мекунанд, инчунин шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки барои вуруд (транзит) ба Ҷумҳурии Беларус ҳуҷҷати зарурӣ доранд, имкон пайдо мекунанд бо ин хатсайр аз Душанбе ба Минск сафар намоянд. Вақти парвоз аз Душанбе  соати 07:00, аз шаҳри Минск бошад, соати 11:30 ба вақти маҳаллӣ мебошад.

Дар хабар гуфта мешавад, ки барои парвоз аз Минск ба Душанбе шаҳрвандон метавонанд барои сабти ном ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина муроҷиат намоянд. Шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд ба Душанбе парвоз кунанд, бояд иҷозатномаи вуруд, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз СOVID-19-ро дошта бошанд.

Ҳамчунин, қайд шудааст, ки мусофирони ба Ҷумҳурии Беларус сафаркунанда, ҳангоми ворид шудан ба ин кишвар, новобаста аз мансубияти миллиашон, аз гӯшанишинии 14-рӯза озоданд.

Ширкати «Сомон Эйр» аз мусофирон даъват кардааст, ки тибқи талабот онҳо бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»