Дар партави Паёми Президент

Паём илҳомбахши мардуми ватандӯст аст

№13 (3493) 30.01.2016

Дар навоҳии минтақаи Рашт мардум бо шавқу рағбати беандоза Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯхта истодаанд.

- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, — гуфт дар суҳбат мудири шуъбаи кишоварзии ноҳияи Ҷиргатол Азиз Диёров, — дар Паёми нав­батии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳми кишоварзони ҷумҳурӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла гуфтанд, ки:«Солҳои охир афзоиши солонаи истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз ва дар соли 2015 — ум 3,2 фоизро ташкил медиҳад. Ҳоло захираҳои бозори истеъмолии кишвар аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзии мамлакат ташаккул ёфта, ин раванд ба фаровонии бозори истеъмолӣ ва нархи маҳсулот таъсири мусбат расонида истодааст. Аз ин лиҳоз, мехоҳам ба тамоми кишоварзони мамлакат барои заҳмати софдилона ба хотири афзун намудани истеҳсоли маҳсулот, фаровон гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ изҳори сипос намоям».

Ин баҳо аз ҷониби Президенти мамлакат масъулияти моро бештар гардонида, дар баробари ин, ҳавасмандии кишоварзонро дучанд месозад. Итминони комил дорам, ки тамоми кишоварзони ноҳияи мо барои аз даст надодани чунин боварӣ соли равон софдилона меҳнат менамоянд, то дар рушду нумӯи Тоҷикистони азиз саҳми сазовор гузоранд.

- Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон илҳомбахши мардуми ватандӯст аст, — гуфт омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи Нуробод Қаноатшоҳ Раҳматов. — Мо, омӯзгорони ноҳияи Нуробод, пеш аз ҳама, аз он изҳори миннатдорӣ мекунем, ки Сарвари давлатамон дар мулоқоту суҳбатҳои хеш бо қадрдонӣ оид ба соҳаи маориф ва заҳмати омӯзгорон ҳарф мезананд. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, аммо ҳанӯз корҳои зиёдро ба анҷом расонидан лозим меояд. Ман аз ҳар як Паёми Сарвари давлат илҳом мегирам ва талош менамоям, ки аз Паём то Паём тамоми дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллатро софдилона иҷро намоям. Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб таъкид карданд, ки «Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд. Вобаста ба ин, бори дигар ба падару модарон, масъулони таълиму тарбия, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат менамоям, ки барои аз мактаб дур намондани фарзандон саъю талош намоянд, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд. Ҳамзамон бо ин, ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшанд ва барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд».

Дар ҳақиқат, ҷомеа имрӯз ба ҷавонони донишманд ниёз дорад ва мо дар ин самт талош хоҳем кард. Зиёд намудани маоши омӯзгорон имконият медиҳад, ки ҷавонони беҳтарин рӯ ба касби омӯзгорӣ биёранд. Ёдовар бояд шуд, ки маҳз омӯзгорони донишманду соҳибистеъдод метавонанд барои ҷомеа мутахассисони арзандаро тарбия намоянд.

Донистани забонҳои гуногун ба мутахассисони мо имконият медиҳад, ки аз мутахассисони мамолики дигари пешрафта бештар омӯзанд. Донистани забонҳои русию англисӣ хеле зарур аст ва оид ба ин масъала  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ибрози назар намуданд. Бесабаб бузурге нафармудааст, ки «забон донӣ, ҷаҳон донӣ». Бояд шавқи забономӯзиро дар қалби шогирдонамон бедор кунем.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин зикр намуданд, ки «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар — Ватани худ содиқона хизмат мекунанд».

Ин суханҳоро бояд ҳар ҷавон сармашқи кор кунад. Мо фарзандони даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳастем ва дар мактаби Сарвари давлат парвариш ёфтаем. Ватандӯстию нангу номусро аз ӯ омӯхтаем. Бо вуҷуди ҷавонӣ дарк мекунем, ки Пешвои мо чӣ қадар заҳматҳо кашидааст ва то чӣ андоза ватани хешро дӯст медорад.

Мо, ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод, ҳар як ҳарфи Сарвари давлатро бо дилу ҷон мешунавем ва барои саҳми арзанда гузоштан дар пешравии кишварамон кӯшиш менамоем, — гуфт мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тоҷикобод Ҳилолӣ Фозилов.

 Диловари МИРЗО, «Садои мардум»