Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Паём – нусратбахши фардои нек

№17 (4279) 06.02.2021

Яке аз воқеаҳои фараҳбахши соли 2020 дар сатҳи баланди ташкилӣ, сиёсӣ, дар фазои осуда ва боварӣ ба ояндаи нек баргузор гардидани маъракаҳои муҳими сиёсӣ — интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Пешвои миллат зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки ин гувоҳи масъулияти баланди ватандорӣ, дурандешӣ ва боварӣ ба фардои нек ва сабақи зиндагӣ аст. Ин рафтори бошарафонаи шаҳрвандони Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуд, ки миллати тоҷик тамаддунофар, бофарҳанг ва ватандӯст аст.

Дар даврони 30 соли Истиқлолияти давлатӣ обод гардидани Ватан, рушди устувори иқтисодӣ, такмили давлатдорӣ, ҷорӣ шудани волоияти қонун, пешрафти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва иҷтимоӣ аз сиёсати оқилонаю бунёдкоронаи Сарвари давлат шаҳодат медиҳад. Соли гузашта, новобаста ба мушкилоти паҳншавии пандемияи COVID-19, тавонистем диққати ҷаҳониёнро ба таҷлили 5500 — солагии Саразми бостон, ки ифшогари маданияти шаҳрсозӣ, ҳунармандӣ ва кишоварзӣ аст, инчунин 700-солагии шоири овозадор Камоли Хуҷандӣ ҷалб намуда, аз сатҳи баланди маърифатнокӣ, таърихдорӣ ва миллати қадимӣ будани тоҷикон мужда расонем. Далели ин гуфтаҳо аз ҷониби ЮНЕСКО эътироф гардидани ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, таҷлили ҳарсолаи Меҳргон, Тиргон ва Сада мебошад. Ин идҳои миллӣ бозгӯи саҳифаҳои рангини таърихи мо мебошанд.

Дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ба фаъолияти назаррас ва ибратбахши бонувону духтарон ва ҷавонон эътибори ҷиддӣ дода шуд. Пешвои миллат онҳоро ҳамчун шахсиятҳои бомасъулият, меҳрубон, устувор ва ояндадор баҳо дода, иброз доштанд, ки минбаъд низ ба ин табақаи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Инчунин, дар бораи боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҷавонону наврасон, дониш­андӯзӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, эҷодкорӣ, масъулиятнокӣ, озмунҳо ва дарёфти ҷоизаву муваффақиятҳо сухан рафт.

Пешвои миллат озмунҳои амалкунандаи «Тоҷикистон — ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» — ро таҳлил намуда, аз дарёфти истеъдодҳои нав ва шахсони болаёқат изҳори хушнудӣ намуданд. Зимнан, бо дарназардошти рушди илмҳои дақиқ ва риёзӣ, дарёфти истеъдодҳо, оид ба баргузор намудани озмуни нави «Илм — фурӯғи маърифат» дастур доданд. Ҳамчунин, таъкид намуданд, ки тартиби баргузории озмунҳо бозбинӣ шуда, ҳаҷми маб­лағи ҳавасмандгардонӣ зиёд ва фарзандону волидайни заҳматкаш аз ҷониби роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қадрдонӣ карда шаванд. Ин бори дигар аз ғамхории падаронаи Пешвои миллат нисбат ба насли нав, рушди илму фарҳанг ва боло бурдани маърифати шаҳрвандон, ҷалби онҳо ба корҳои манфиатовар ва пешгирӣ аз ҳамроҳшавӣ ба ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, андешаҳои ноустувор далолат мекунад. Бинобар он, ба Прокуратураи генералӣ дастур дода шуд, ки стратегияи мубориза бо экстремизм ва терроризмро барои давраи минбаъда таҳия намояд.

Дар Паёми Пешвои миллат ба тақвият бахшидани ҳукумати электронӣ сухан рафта, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис додани Агентии инноватсионӣ ва технологияи рақамӣ дастур дода шуд.

Ҳамчунин, ба саҳми бахши хусусӣ ва соҳибкорон дар рушди иқтисоди кишвар, ташкили ҷойҳои кор ва таъмини зиндагии шоиста сухан рафт. Бо назардошти вазъи ҳозираи сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон, паҳн гардидани мавҷи такрории бемории COVID-19, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ ва захираи зиёда аз дусола ҳавасманд намудани кишоварзон  пешниҳод намуданд, ки соли 2021 хоҷагиҳои деҳқонӣ аз пардохти андози ягона озод карда шаванд. Ин далели  ғамхории навбатии Пешвои миллат ба деҳқонон ва таъмини барномаи амнияти озуқавории кишвар мебошад.

Пешвои миллат, ҳамчунин, дар бораи корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки назоратчӣ не, саҳмгузор бошем, ба соҳибкорони дилсӯз ва ташаббускор имкон диҳем, онҳоро дастгирӣ намоем. Зикр шуд, ки вакилони мардумӣ, аз вакилони Маҷлиси Олӣ сар карда, то вакилони ҷамоатҳои деҳот дар амалӣ намудани корҳои ободонӣ саҳмгузор бошанд. Дар тӯли ду-се соли оянда корҳои ободонии маҳал, манзили зист, роҳ, коммуникатсия аз маркази шаҳр, ноҳия то дурдасттарин маҳал рафта расад. Ба сохтмони муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ ва майдончаҳои варзишӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.

Сарвари давлат, инчунин, дар Паёмашон оид ба дастгирӣ намудани табақаи ниёзманди аҳолӣ диққати махсус доданд. Дастур доданд, ки нафақаи маъюбони то 18 — сола 20 фоиз ва нафақаи маъюбони гурӯҳи якум 50 фоиз зиёд карда шавад, то ки онҳо шароити хуби зиндагонӣ дошта, азоб накашанд. Дар робита ба ин, дастур дода шуд, ки дар маркази шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ятимхонаҳои замонавӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Ҳамин тариқ, Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини рушди минбаъдаи кишвар, ҳалли мушкилоти мавҷуда ба ҳама сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ, шаҳрвандони мамлакат чун чароғи раҳнамо баҳри расидан ба соҳили мурод — бунёди давлати мутараққӣ, мутамаддин, ки барои сокинонаш шароити созгори кору зиндагӣ фароҳам аст, хидмат мекунад. Барои ин дар мамлакат заминаҳо мавҷуд аст.

Мурод ШУКУРЗОДА,

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии

 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон