Пешвои миллат ва дастовардҳои сиёсати хориҷии мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ

№111 (4217) 12.09.2020

Вазири корҳои хориҷии ҶТ9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз расидан ба истиқлолият ба ҷаҳониён пайғом дод ва ҳамчун давлати мустақил вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳон гардид. Маҳз аз ҳамон давра сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шакл гирифтан оғоз намуд. Хотиррасон кардани ин ҳақиқат, ки расидан ба истиқлолияти миллӣ дар охирин даҳаи садаи бист барои миллати тоҷик на оғози давлатдорӣ, балки бозгашт ба саҳнаи сиёсати ҷаҳонист, хеле муҳим мебошад.

Дар раванди ташаккул ва рушди Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёру мустақил сиёсати хориҷии он нақши бузург дорад. Шароити мушаххаси таърихии таъсису инкишофи давлати соҳибистиқлоли мо, хислат ва муҳтавои таҳаввулоти байналмилалӣ дар марзи ду садсола, табиатан, аҳамияти хосаи омили беруниро дар ҳаёти ҷумҳурӣ ва робитаи наздики рушди дохилиро бо воқеияти байналмилалӣ муайян намуд.

Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон тавонист, ки дар арсаи байналмилалӣ обрӯю нуфузи баланд пайдо намуда, аз Созмони Милали Муттаҳид сар карда, узви муҳимтарин созмонҳои байналмилалии дунё гардад. Кишвари мо бо 176 кишвари ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намудааст, ки ифтихори баланд аст.

Ҳоло Тоҷикистон ва давлатҳои дунё дар шароите қарор доранд, ки ҷаҳонишавӣ ба ҳокими раванди таҳаввулоти сайёра мубаддал гардидааст. Он ҳам барои рушди иқтисодиву технологӣ миёни давлатҳо имкониятҳои бузург фароҳам меорад ва ҳам метавонад боиси тезутундшавии масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ, инчунин, торафт бештар гардидани нобаробарии иҷтимоии мардум ва шиддат гирифтани буҳрони маънавии ҷомеаи ҷаҳон гардад. Дар чунин шароит сиёсати хориҷии Тоҷикистон бояд муҳтавои амалгаро ва воқеъбинона дошта бошад ва ба татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои милливу давлатӣ мусоидат намояд.

Феълан, бемории COVID-19 башариятро бо таҳдид ва хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст. Аз ин рӯ, давлатҳоро мебояд сарҷамъона ва бо истифода аз захираву имконияти мавҷуда дар мубориза бо пайомадҳои он талош намоянд. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош меварзанд, ки дар мубориза бо беморӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд ва ҳамватанон дар дохилу берун аз кишвар аз сироят эмин бошанд. Маҳз тавассути сиёсати дурбинона ва ташаббусҳои миллатдӯстонаи Сарвари давлат, новобаста ба вазъияти душвор, қисме аз ҳамватанон аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, Туркия, Аврупо, Амороти Муттаҳидаи Араб ва дигар давлатҳо ба Ватан баргардонда шуданд.

Бояд зикр намуд, ки нақши ­Эмомалӣ Раҳмон дар равшан сохтани ҳадафҳои асосӣ, усулҳои сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик бисёр муассиру корсоз аст. Хусусияти тақвият ёфтани сиёсати хориҷии Тоҷикистони навин он аст, ки заминаи назариявии ин бахши муҳими ҳаёти давлатӣ на дар доираи коршиносон ва назарияпардозон, балки ҳангоми анҷоми фаъолиятҳои пурталоши дипломатии Сарвари давлати Тоҷикистон эҷод шудааст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санадҳои муайянсозанда ва танзимкунандаи усулҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии мамлакат таҳия гардидаву ба тасвиб расиданд, ки бар асари онҳо ғояҳои бунёдии консепсияи сиёсати хориҷӣ аҳамияту арзиши хосаро то ҳол ҳифз намуданд.

Роҳи пурифтихори тайкардаи давлат ва дипломатияи тоҷик тайи 29 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳамвору осон набуд. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали омадан ба сари қудрат равобити зич бо созмонҳои байналмилалӣ ва ­ҳамёрӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро на танҳо омили муассири пешрафтҳои иқтисодии Тоҷикистон, балки ҳамчун заминаи муҳими таъмини амният ва суботи давлат муайян намуданд.

Бо талошу кӯшиши пайгиронаи Пешвои миллат Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва ғайра ширкати фаъолона дорад. Президенти мамлакат самтҳои пешрафти Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ мушаххас карда, бо дар назар гирифтани мавқеияти ҷуғрофию сиёсӣ, манфиатҳои миллӣ, инчунин, омилҳое, аз қабили равобити фарҳангиву таърихӣ, арзишҳои умумибашарӣ ва яксон будани манфиатҳо равобити дӯстонаро бо кишварҳо танзим намуданд.

Асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷӣ бо муҳтавои амалгарона ва воқеъбинона, ки самтҳои асосӣ, роҳу василаҳои татбиқи манфиатҳои дарозмуддати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад, маҳз тавассути истеъдоди баланди сиёсатмадорӣ, назари борикбин ва жарфнигарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуд оварда шуданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ», Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои марбут, ки бар асоси Конститутсияи Тоҷикистон таҳия шудаву ба тасвиб расидаанд, баёнгари ҳадаф, вазифа ва хостаҳои давлат ва мардуми мамлакат дар роҳандозии сиёсати хориҷӣ барои соҳиб шудан ба манфиатҳои миллӣ мебошанд. Барои фаъолияти муассир ва пайгирии пайвастаи манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ марҳала ба марҳала шабакаи густурдаи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷ аз давлат таъсис дода шуданд.

Яке аз хусусиятҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз»-и эълоннамудаи Сарвари давлат мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон онро пайгирона тат­биқ намуда, эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани манфиатҳои миллӣ ва кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид намудани саъю талоши давлатҳоро дар ин раванд имконпазир мешуморад. Сиёсати хориҷии шаффоф ва усули «дарҳои боз» ба он мусоидат намуд, ки кишвар узви шоистаи созмонҳои байналмилалӣ гардад, равобити сиёсӣ ва ҳамкории судмандро бо аксар давлатҳои ҷаҳон ба роҳ монда, дар арсаи сиёсати ҷаҳон симои хос пайдо намояд.

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирию пуштибонӣ ёфтани ибтикороти Тоҷикистон дар шахси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус, дар ҳалли масъалаҳои обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, ифротгаройӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон, баёнгари мавқеи хосаи Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ ва обрӯи баланди Президенти Тоҷикис­тон дар назди маҳфилҳои сиёсии ҷаҳон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузурге мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудаанд ва мешаванд: «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои ҳаёт, 2005 – 2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013), ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» (2018 – 2028), ки инак, дар ҷараёни татбиқ қарор дорад.

Ташаббусҳо дар соҳаи об, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибатҳо дар соҳаи ҳаётан муҳим нигаронда шуда, мавзӯи онро аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши классикӣ ва куҳнашуда раҳо карда, назари навро дар истифодаи захираҳои обии минтақа талқин менамоянд, ҳадафи истифодаи таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳонро дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоангез, аз ҷумла, идоракунии захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ, пайгирӣ мекунанд.

Сиёсати хирадмандона ва фарогири Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки мардуми тоҷик, бо шурӯи рисолати олии тамаддунсоз, бо такя ба арзишҳои волои миллӣ ва арзишҳои фарҳанги муосири сиёсӣ фасли тозаеро дар таърихи давлатдорӣ бинависад.

Алҳол бо ифтихор метавон гуфт, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи таҳкими рукнҳои давлати воқеан соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон иқдомҳои муассир ба вуқӯъ пайваста, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ муайян шудаанд. Дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, барномаҳои густурдаи рушду тав­сеа амалӣ мегарданд.

Итминони комил дорем, ки Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон солҳои наздик бо бархӯрдорӣ аз рӯҳияи баланди созандаи мардум, дар заминаи давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ҳамкории густарда бо мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ, ба пешрафтҳои боз ҳам бештар даст меёбад ва дар сафи кишварҳои мутараққии ҷаҳон мақоми шоиста ишғол менамояд.

Сироҷиддин МУҲРИДДИН,

вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон