Пешвои миллат ва рушди хизмати давлатӣ

№7 (3801) 16.01.2018

Имрӯз на танҳо эҳё ва таҳкими соҳаи хизмати давлатӣ, балки дигар соҳаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба номи пуршарафу сиёсати бесобиқа, беназир ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­муҳтарам­ Эмомалӣ Раҳмон пайванд аст. Пешвои миллат эҳё ва таҳкими давлатдориро аз танзими соҳаи хизмати давлатӣ оғоз ва яке аз рукнҳои сулҳофаринӣ ва ваҳдатгароиро низ маҳз бар ҳамин асос эҷод намудаанд.

Ҷавҳари ислоҳоти соҳаи хизмати давлатӣ дар он нукта зуҳур кард, ки принсипҳои инкишофи онро Пешвои миллат дар шакли барномаҳои мукаммалу муназзам пешбинӣ намуданд. Муҳимтарин барномаи рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар, бавежа соҳаи хизмати давлатӣ, дар даврони муосир аз ҷониби Пешвои миллат дар шакли Паём эҷод гардид ва аз ин ҷост, ки ҳар як Паёми Сарвари давлатро метавон Консепсияи ташаккули Тоҷикистон маънидод намуд. Зеро дар ҳар Паём ҷараёни ташаккули соҳаҳо, бахусус соҳаи хизмати давлатӣ, таҳлил гардида, ба роҳҳои густариши онҳо, аз ҷумла бавуҷудоии асосҳои нави конститутсионии хизмати давлатӣ ба сифати механизми идоракунии давлатӣ, ташкили институти сифатан нави хизмати давлатӣ ва дар асоси он ба ҷобаҷогузории кадрҳо марҳила ба марҳила замина гузошта мешавад.

Воқеан, Пешвои миллат институти нав ва ҷавобгӯй ба талаботи муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ, механизми муосир ва серпаҳлуи идоракунии давлатиро ба вуҷуд оварда, дар доираи ислоҳот хизмати давлатии касбиро таъсис доданд.

Бо ибтикори Сарвари давлат аввалин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» қабул ва баъди чанде, бо дарназардошти рушди соҳа ва пайдо гардидани принсипҳои нави муносибатҳои хизмати давлатӣ, ба он як қатор тағйиру илова, аз ҷумла мафҳумҳои нав ворид карда шуданд, ки ба густариши хизмати давлатӣ мусоидат намуданд.

Ҳамчунин, модели нави идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ таҳия гардид, ки асосгузори он низ Пешвои миллат мебошанд. Ба тасвиб расидани фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбинӣ ва танзими муносибатҳои соҳаи хизмати давлатӣ, аз як тараф, бозгӯйи таъсири бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди ташаккули хизмати давлатӣ ва амалишавии самараноки истеҳсолоти соҳа ба шумор равад, аз ҷониби дигар, таҷассумгари ҳокимияти халқӣ ва ифодаи татбиқи орзую омоли чандинҳазорсолаи халқ дар марҳилаи сифатан ва таърихан нави давлатдорист. Пешвои миллат бо муайян кардани самтҳои сиёсати давлатии кишвар ва нигаронидани онҳо ба се ҳадафи стратегӣ: истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ на танҳо хатари танқисии озуқаворӣ, дар иҳотаи коммуникатсияи бегона қарор доштан ва вобастагии энергетикиро аз байн бурданд, балки батадриҷ орзуи деринаи миллати тоҷикро амалӣ намуданд ва зиёда аз ин, ҳадафҳои стратегиро ба зинаҳои дигари ташаккул — дастрасии энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза, коммуникатсияи муосири ҷаҳонӣ ва истифодаи озуқаи баландсифат расониданд.

Дар қисми 2-и моддаи 27 — и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидани ин нукта: «Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд» ва дар заминаи он ба хизмати давлатӣ фаро гирифта шудани шаҳрвандони аз ҷиҳати баромади иҷтимоӣ гуногун шаҳодати халқӣ будани институти идоракунӣ дар мамлакати мост.

Дар хизмати давлатӣ баробари ташаккули соҳа омилҳои муҳим ва рушдкунандаи он — озмун, аттестатсия, феҳристи хизматчиёни давлатӣ, захираи кадрӣ, маъхази маълумот, дастурамалҳои мансабӣ, забондонӣ (пеш аз ҳама, забони давлатӣ ва забонҳои русию англисӣ), Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, ташаккули раванди бозомузӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва азнавтайёркунӣ ба вуҷуд омада, мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ — Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки дар 16 соли фаъолият ҷиҳати ташкил, такмил ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ нақши асосӣ дошта, дар доираи ваколат даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқиро бо мақсади рушди соҳа ба тасвиб расонидааст.

Мавриди зикр аст, ки бо дарназардошти дар марҳилаи сифатан нав қарор доштани соҳаи хизмати давлатӣ ва таҳдиди унсурҳои манфии ҷараёни ҷаҳонишавӣ, дар назди хизматчиёни давлатӣ вазифаҳои нав қарор гирифтаанд, ки зиракии сиёсӣ, бологузории манфиатҳои давлатӣ аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, эҳсоси воқеии арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арҷгузории муқаддасоти миллӣ, инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ аз муҳимтарини онҳо маҳсуб меёбанд. Имрӯз дар кишвар ба вуҷуд омадани мансабҳои нави хизмати давлатӣ, дар баробари таъсиси мақомоти нави давлатӣ, аз зумраи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва ташаккули онро ифода намуда, нақши Пешвои миллатро дар рушди соҳа боз ҳам равшантар гардонидаанд.

Матлуба КАРИМОВА, мудири бахши Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб