Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Писарам барои ҷинояти содирнакарда панҷ сол ҷазо гирифт»

№20 (3970) 19.02.2019

Мактуби шаҳрванд Ҳаким Комилов бо номи «Писарам барои ҷинояти содирнакарда панҷ сол ҷазо гирифт», ки дар шумораи 10 (3960) аз 24 январи соли 2019-и рӯзнома ба табъ расидааст, мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Муайян гардид, ки Комилов Идибек Ҳакимович бо ҳукми Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 16 июли соли 2018 бо моддаи 237, қисми 3 банди «а» (авбошӣ бо истифодаи силоҳ ё предмети ба сифати силоҳ истифодашаванда)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, маҳкум карда шудааст. Айни замон ҳукми мазкур эътибори қонунӣ пайдо намудааст.

Тибқи талаботи моддаи 403 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз сари нав дида баромадани ҳукм, таъинот ва қарорҳои суд, ки эътибори  қонунӣ пайдо кардаанд, (ба истиснои қарорҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон), ба суди марҳилаи назоратӣ аз ҷониби прокурор, маҳкумшуда, сафедкардашуда, ҳимоятгарон ва намояндагони онҳо, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони қонунии онҳо, инчунин, дигар шахсоне, ки ҳуқуқу манфиатҳои молумулкии онҳо бо ҳукм халалдор шудааст, эътироз ё шикоят пешниҳод карда мешавад.

Аз ин рӯ, шахсони дар моддаи 403 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон номбаршуда ҳуқуқ доранд, бо риояи талаботи моддаҳои 403-406 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди марҳилаи назоратӣ муроҷиат намоянд.

Асомуддин Бобохонзода, муовини раиси  Суди шаҳри Душанбе