«Почтаи Тоҷик» тарғибгари матбуоти даврист

№128 (3608) 11.10.2016

20161010_113301Нуҳуми октябр кормандони соҳаи алоқа Рӯзи умумиҷаҳонии почтаро таҷлил намуданд. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1874 Иттифоқи умумиҷаҳонии алоқаи почта таъсис ёфтааст. Дар Конгресси XVI Иттифоқи умумиҷаҳонии почта, ки соли 1969 дар шаҳри Токиои Япония баргузор гардид, 9- уми октябр Рӯзи умумиҷаҳонии почта эълон шуд. Дар робита ба ин бо директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» Саидалӣ Мирзоев мусоҳиб шудем.

- Бисёриҳо чунин ақида доранд, ки бо паҳн шудани шабакаи ҷаҳонии Интернет эҳтиёҷ ба алоқаи почта намемонад. Аммо мебинем, ки то ҳол соҳа мушкилоти миллионҳо нафарро осон карда, дар расонидани пайғому муросилот нақши муҳим мебозад…

- Инсоният аз давраи пайдоиш ба муошират ниёз дошт. Одамони давраи ибтидоӣ тавассути нидову овоз ба ҳамдигар иттилооти зарурӣ расонида, аз хатар огоҳ мекарданд, ёрӣ металабиданд, ба кумак мешитофтанд. Баъдтар  тавассути  гулхан афрӯхтан, шайпур ё нақора задан ба масофаи дуртар иттилоот медоданд. Сипас, ашхоси тезгард соҳибони аспи тездав барои расонидани пайғом интихоб шуданд. Дар вақташ Сомониён  «Девон-ул- барид» таъсис доданд, ки  як навъ нақши вазорати почтаро иҷро мекард.

Новобаста аз он ки иддае аз шабакаи Интернет истифода мебаранд, почта имрӯз низ яке аз воситаҳои беҳтарини расонидани пайғому таманниёт ва муросилот дар олам мебошад. Алҳол дар 700 000 муассисаи алоқаи почтаи  мамолики дунё 6 миллион нафар  фаъолият карда, 430 миллиард муросилотро мерасонанд. Иттифоқи умумиҷаҳонии алоқаи почта яке аз  қадимтарин ташкилотҳои байналмилалӣ ба шумор рафта, дорои статуси мақомоти махсуси СММ мебошад. Дар ҳайати Иттифоқи умумиҷаҳонии алоқаи почта 192 давлат аъзои  комилҳуқуқанд.

-Робита бо Иттифоқи умумиҷаҳонии алоқаи почта чӣ гуна аст?

-Дар ҷумҳурӣ соли 1924 аввалин шуъба ва марказҳои алоқаи почта ба фаъолият оғоз намуданд. КВД «Почтаи тоҷик» баъди  соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 узви ин созмони байналмилалӣ шуда, бо дигар давлатҳои аъзои он мубодила дорад.

Аз 20-уми сентябр то 7 октябри соли равон Конгресси XVI Иттифоқи умумиҷаҳонии алоқаи почта баргузор гардида, барои солҳои минбаъда дастуру  нишондодҳои нав барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва дар доираи талаботи имрӯзаи ҷаҳон  қадам задани соҳаи почта қарорҳои дахлдор  қабул намуд.

- Дар ҷумҳурӣ чанд  шуъбаи алоқа фаъолият мекунад ва ҳолати онҳо дар кадом  сатҳ қарор дорад?

-Айни ҳол дар мамлакат 490 шуъбаи алоқаи почта, аз ҷумла 163-то дар вилояти Суғд, 135 адад дар вилояти Хатлон, 128-то дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, 39-то дар ВМКБ ва 25 адад дар шаҳри Душанбе ба аҳолӣ хизмат  мерасонанд.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ даромад аз хизматрасонӣ 4 миллиону 956 ҳазору 900 сомониро ташкил дод. Ба кишварҳои дуру наздик дар ин муддат 12 тонна муросилот  фиристода шуд. Ҳамчунин, 39,5 тонна муросилоти почта ворид гардида, коркард ва ба соҳибонашон расонида шуд. Сол то сол ҳаҷми муросилоти воридотию содиротӣ рӯ ба афзоиш дорад.

-Саҳми почта дар дастрас намудани  матбуоти даврӣ хеле калон аст. Соли равон чӣ миқдор  рӯзномаю  маҷаллаҳо ба обуначиён расонида шуд?

-Ҳар ҳафта кормандони «Почтаи тоҷик» 177 449 адад рӯзномаю маҷаллаҳоро ба суроғаҳои муайяншуда мерасонанд. Дар нуҳ моҳи соли равон ин рақам 11 миллиону 596 ҳазору 908 нусхаро  ташкил дод.

Алҳол дар соҳаи алоқаи  почтаи ҷумҳурӣ 940 нафар  корманд, аз ҷумла 185 нафар  хаткашон ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Боиси хушнудист, ки сол то сол  теъдоди обуна ба матбуоти даврӣ зиёд мешавад. Масалан, теъдоди нашри  рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар соли 2015 қариб 30800 ададро ташкил медод.  Имсол ин рақам ба 34,5 ҳазор нусха расид. Нашрияи «Минбари халқ» соли гузашта 50000 нусха нашр  мешуд, имсол 54000 нусха  нашр  мешавад. Теъдоди нашри рӯзномаи «Садои мардум» низ зиёд гардидааст.

Кормандони КВД «Почтаи тоҷик» роҳҳои нави пешкаш намудани хизматрасониҳои нав ва ба талаботи аҳолӣ зарурро ҷустуҷӯ намуда, кӯшиш менамоянд, ки ба аҳолӣ хизмати  босифат, саривақтӣ ва арзанда расонанд.

Мусоҳиб  Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»