Ӯ посбони Ватан буд…

№109 (3589) 20.08.2016

IMGПисарам Тоҷиддин Шарифов соли 2007 Донишгоҳи олии сарҳадиро хатм намуда, бо роҳхати Вазорати мудофиа ба ноҳияи Мурғоб фиристода шуд. Аввал ҷонишини сардори дидбонгоҳи сарҳадӣ ва баъди шаш моҳ сардор  таъин шуд. Дар ин вазифа панҷ сол кор кард. Сипас, ӯро барои кори минбаъда ба ноҳияи Панҷакент, ба вазифаи афсари калон оид ба корҳои сафарбаркунӣ, фиристоданд. То соли 2013 дар он ҷо адои вазифа намуд. Моҳи апрели соли 2013 бо сабаби бемории «лейкози шадиди хунин» дар беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ гардид. Баъди муолиҷаи думоҳа, ки худам ӯро ҳамроҳӣ мекардам, гӯё аз ин беморӣ шифо ёфт ва духтури муолиҷавӣ маро ҷавоб дода, — «Тоҷиддин се -чор рӯз таҳти назорати мо мемонад», — гуфта ӯро нигоҳ дошт. Баъди чор рӯз ба ман занг заданд, ки писаратон дар ҳолати вазнин аст. Ман дарҳол ба беморхона рафтам. Писарам базӯр нафас мекашид. Се рӯз ба ҳамин минвол гузашт. Баъди се рӯз духтури муолиҷавӣ Саидов ба ман гуфт, ки писари шумо бемории сил аст, ӯро ба беморхонаи «Мачитон» бурдан лозим меояд.

Лабораторияи беҳтарини ташхис дар ноҳияи Ёвон будааст ва ман барои ташхис писарамро ба ҳамон ноҳия бурдам. Маълум шуд, ки бемории ӯ сил набудааст. Бемориашро илтиҳоби шуш муайян карданд. Ин беморӣ дар чор рӯзи набудани ман чӣ тавр пайдо шудааст? Мутаассифона, ба ин саволи ман касе ҷавоб надод.

Бо такудави мудири шуъбаи касалиҳои хун писари маро ба корпуси 5-ум, ба шуъбаи бемориҳои вазнин бурданд. Баъди чор рӯзи муолиҷа ҳарораташ аз 410 ба 360 фуромад, дар роҳравҳо гаштугузор мекард. Ҳатто ба ман гуфтанд, ки фардо писаратонро ба ҷойи аввалааш — корпуси 6-ум мегузаронем. Ман хеле хурсанд шуда, бегоҳӣ хӯрок гирифта, ба аёдаташ омадам. Чун дар шуъбаи эҳё бистарӣ буд, маро ба даромадан иҷозат надоданд. Танҳо ба духтарам иҷозат доданд ва ӯ хӯрокро бурд. Ҳангоми хайрбод писарам гуфтааст;

- Падарамро бигӯй, ки пагоҳ ба ҷойи хоби аввалаам (корпуси шашум) меоям ва боз якҷо хоҳем буд. Шумо имшаб ба аёдатам наоед, истироҳат кунед.

Ман хурсанд шуда, ба корпуси шашум омадам. Тақрибан соати 12-и шаб духтури навбатдор моро бедор карда гуфт:

- Тағо, шуморо аз корпуси панҷум мепурсанд.

Вақте ки он ҷо ҳозир шудам, ҷигарбандам Тоҷиддин бо чашмони пӯшида базӯр нафас мегирифт. Аз духтури навбатдор ҳоли ӯро пурсон шудам, ӯ бо ишораи сар «намедонам» — гуфт. Духтури навбатдор бошад, ҳатто аз ҷояш нахест.

Ман дафтари бемории писарамро аз назар гузарондам. Қайдҳои духтуре, ки худам саҳар оварда будам, мавҷуд буд, вале қайдҳои духтури навбатдор набуд ва барои халосии бемор аз марг ягон чораҷӯйӣ ҳам накардааст. Ман инро ба инсофу виҷдони ӯ ҳавола мекунам. Ҳамин тавр, писари ман аз «лейкози шадиди хунин» нею гӯё, ки аз «илтиҳоби дутарафаи шуш» аз дунё гузашт.

Ҳеҷ боварам намеояд, одаме, ки дар панҷ соли корӣ дар шароити баландкӯҳ ва иқлимаш сарди ноҳияи Мурғоби Помир касали шуш нашуда буд, дар чор рӯзи набудани ман дар назди духтурон ба касалии шуш гирифтор гардидааст? Чаро духтури навбатдор барои дар ҳолати вазнин қарор доштани писарам ягон чора надид, духтурони дигарро даъват накард? Агар даъват мекард, писарам он лаҳзаҳо нафас мегирифт, дар атрофи вай бояд духтури бисёре мебуд. Аммо он ҷо ду ҳамшираи шафқат буду халос.

Дар беморхона шахсони ношинос, ки синни баъзеашон аз 60 ҳам гузашта буд, аз Мурғоб ва Панҷакент ба аёдати писари ман меомаданд ва ба ман барои тарбияи чунин фарзанд изҳори ташаккур менамуданд.

Аз писарам ду фарзанд монд. Писараш Ҷасур дар ноҳияи Мурғоб ва духтараш дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудаанд. Мувофиқи фармону супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои бесаробонмондаи онҳо ғамхориҳои зиёд шуда истодааст. Аҳли оилаи фарзанди ҷавонмарги ман алҳол аз ин имтиёзҳо бархӯрдоранд.

Редаксияи муҳтарам, ман собиқаи кории чилсола дорам ва ҳоло ҳам кор карда истодаам. Дар давоми фаъолияти омӯзгориам барои меҳнатҳои бенуқсон бо грамотаҳои Вазорати маориф (соли 1989), унвони Муаллими калон ва нишони Аълочии маорифи халқ (2014) сарфароз гардидаам.

Ҳоло кормандони мақомоти сарҳад, сардори Раёсати амнияти вилояти Хатлон, комиссариати ҳарбии ноҳия ва қисми ҳарбии дар ноҳиябуда дар рӯзҳои таърихӣ ва рӯзҳои ид аз зиндагии ман пурсон шуда, моро хабар мегиранд.

Ман аз касе шикоят надорам ва касеро гунаҳкор карданӣ ҳам нестам. Лекин афсӯс, ки наберагонам аз навозиши падар бенасиб монданд. Фардо ақлашон мерасад ва аз ман падарашонро мепурсанд. Мехоҳам, ки ақаллан ҳамин матлаби дар рӯзнома чопшударо ба онҳо нишон диҳам, то ки дилашон таскин ёбад. Бигузор донанд, ки падарашон чӣ гуна шахс буд.

 Баҳриддин ШАРИФОВ, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ