Поянда бод, Тоҷикистони соҳибистиқлол!

№110 (3904) 08.09.2018

Бисту ҳафт сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: 9 сентябр расман Рӯзи  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон вақт ин санаи муборак барои миллати тоҷик муқаддас мебошад.

Дар даврони истиқлолият имкони воқеӣ фароҳам омад, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишварро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Сокинони кишвар ифтихор менамоянд, ки нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллиро худамон гузошта, аз шарофати  мустақилият  соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.

Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б. Fафуров Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар амалӣ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ таъсис гардида, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлат таҳти назорати доимӣ гирифта шуд.

Аз ҷумлаи нахустин иқдомҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ оғоз бахшидан ба сохтмони нақби «Анзоб» буд. Сарвари давлат ҳама гуна бунёдкориро дар  роҳсозию  ҳалли дигар масоили коммуникатсионӣ дарёфтанд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энер­гетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбас­ти коммуникатсионӣ, амнияти озуқа­ворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони  неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову  пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст омаданд.

Дар доираи барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқӣ даҳҳо неругоҳи барқи обии хурд сохта, ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, неругоҳҳои барқи  обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтӯда-1, 2 мавриди  истифода  қарор гирифтанд. Хусусан, ба кор даромадани  хатти  500 — киловаттаи Ҷануб–Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм, ғамхории бузурги Ҳукумати ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон мебошад.

Дар ин миён сохтмони қитъаҳои алоҳидаи  роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, нақбҳои автомобилгарди «Истиқлол», «Шаҳристон», шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанак,  нақби «Шаршар» ва ғайра ба охир расиданд. Баъди истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фасли сол имконпазир гардад.

Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеа, пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву  фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.

Имсол низ бахшида ба ин санаи таърихӣ  дар ҷумҳурӣ  чанд иншоот бунёд ёфта, мавриди истифода қарор гирифтанд ва то охири сол боз ба истифода додани иншооти дигар дар назар аст. Тавассути Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд.

Аз самараи неки истиқлолият имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст, ки барои ҳар як шахси ватандӯст боиси ифтихор аст. Аз ин рӯ, баҳри боз ҳам машҳур гардидани Ватан бояд беш аз пеш кӯшишу ғайрат намоем. Бигузор Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон поянда бошад!

Парвиз Мирзозода, судяи Суди Олии иқтисодии  Ҷумҳурии Тоҷикистон