Профессор Маҳмуд Ак: «Тоҷикистон ва Туркия- шоҳиди ду кӯшиши ноком ба табаддулоти давлатӣ»

№ 18.10.2018

Тавре иттилоъ дода будем, чанде пеш дар шаҳри Истанбули Туркия Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Зарурати муборизаи муштарак бар зидди ташкилотҳои террористӣ» баргузор гардида буд, ки дар он раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, муовини аввали муфтии шаҳри Истанбул Вейсел Ишилдар, муфтии ноҳияи Фатиҳи шаҳри Истанбул Веҳап Капиҷиоғлу, ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак, раиси Шӯрои олимони Донишгоҳи Истанбул доктор Нурҷан Гудер ва раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар Конфронс дар қатори дигарон ректори яке аз донишгоҳҳои бузуртарини Туркия- Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак низ суханронӣ намуда, оид ба хатари ташкилоти террористии наҳзат назари хешро изҳор дошт. Профессор Маҳмут Ак  аз андешаҳои Саидмукаррам Абдулқодирзода дар мавриди хатари ташкилоти террористии наҳзат, ки зимни суханрониаш садо доданд, пурра ҷонибдорӣ намуда, миннатдориашро ҷиҳати огоҳ намудани донишҷӯён ва роҳбарияти донишгоҳ аз амалҳои душманонаи наҳзат баён дошт. Профессор зикр намуд, ки ӯ низ хатмкардаи бахши илоҳиёт аст ва оид ба суиистифодаи созмонҳои террористӣ аз номи Ислом пурра маълумот дорад. Мутаассифона, созмонҳо ва ташкилотҳои террористии наҳзат ва ФЕТО аз номи Ислом суиистифода намуда, мехоҳанд мақсадҳои нопоки худро амалӣ намоянд, — гуфт ӯ.

Маҳмут Ак зикр намуд, ки ҳизби ба ном исломии наҳзат чеҳраи воқеияшро аллакай тайи солҳои 1992-1997 нишон дода буд. Дар муддати панҷ сол теъдоди зиёди шаҳрвандони бегуноҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби пайравони он ба қатл расиданд.

Ректори Донишгоҳи Истанбул инчунин зикр намуд, ки аъзои наҳзат бо кумаки бевоситаи баъзе аз кишварҳои хориҷӣ ҷанги шаҳрвандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, аҳолии осоиштаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарсону саргардон карданд ва вазъи амният ва истиқлолияти тоза бадастомадаи кишварро зери суол бурданд. Туркия низ монанди Тоҷикистон шоҳиди табаддулоти нокоми давлатӣ гардидааст, кӯшиши табаддулотеро, ки соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби хоинон роҳандозӣ шудааст, эҳсос менамояд. Воқеан ҳам, гурӯҳҳои тундгарое, ки аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ дастгирӣ меёбанд, бо туҳмату буҳтонҳои беохир мехоҳанд озодии диниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери суол баранд, аммо тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз бофтаҳои бадхоҳони миллати тоҷик огоҳ аст.

Дар фарҷом ректори донишгоҳ аз вазъи ноороми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки сарҳадии тӯлоние, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавҷуд аст, на танҳо ба вазъи амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин. ба таъмини амнияти Ҷумҳурии Туркия низ хатари ҷиддӣ дорад.

Бознашр аз АМИТ “Ховар”