Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ

Рӯҳбаландии мардум баръалост

№155 (3792) 28.12.2017

Арбобмирзо Шамсиев — доктори илм­ҳои кишоварзӣ, профессор:

- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо таваҷҷуҳи зиёд шунидем. Дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои оянда муайян гардида, оид ба рушди соҳаҳои хоҷагии халқ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд.

Аз гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маориф аз Буҷети давлатӣ 2,3 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар назар аст, ки музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз зиёд карда мешавад. Ин ғамхории навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба зиёиён мебошад. Дар суханрониашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки: «… дар куҷое набошем, бояд ифтихори миллиро аз даст надиҳем, дар ҳама вазифаҳо бояд ­масъулиятшинос бошему барои имрӯзу фардо ва ояндаи Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ диҳем».

Тавре маълум аст, соли ҷорӣ аз тарафи сохторҳои марбута камбуди зиёд вобаста ба воридоти маводи озуқавории пастсифат ва зараровар, аз ҷумла гӯшти мурғ, ошкор шуд, ки аз бесалоҳиятии идораҳои давлатии санитариву стандартикунонӣ, сертификатсия ва назорати байторӣ дарак медиҳад. Ин ҳолат мо — омӯзгорони муассисаи олии таълимии соҳаи аграриро вазифадор месозад, ки мутахассисони варзидаро омода кунем.

Сафаралӣ Шарифов — сокини ноҳияи Фархор:

- Вақте Паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат ­Эмомалӣ Раҳмонро мешунидам, бори дигар аз он шукргузорӣ кардам, ки Сарвари оқилу дурандеш дорем. Ба шарофати ин марди шариф Тоҷикистон дар ҳама соҳа ба пешрафт муваффақ гашта, дар миқёси ҷаҳон обрӯю нуфуз пайдо намуд. Зимни ироаи Паёми имсола Сарвари давлат бо таъкид ба тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон зикр карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон «… дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад».

Моҳи равон чанд рӯз меҳмони пойтахт будам ва мушоҳида кардам, ки Душанбеи азиз ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст. Ободонию бунёдкорие, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ анҷом ёфтааст, ҳаргиз мушоҳида нашудааст. Биноҳои баланди истиқоматӣ, марказҳои нави савдо, кӯчаю хиёбонҳои таҷдидшуда пойтахти кишварро боз ҳам дилработар гардондааст. Ин созандагиҳо таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд ва вазифадорем онҳоро арҷгузорӣ намоем.

 Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»