Андеша ва пешниҳод

Рӯди ман, олам дигар шуд…

№96 (3733) 12.08.2017

Даре ГЖКБеш аз 20 сол мешавад, ки рӯзе чанд маротиба аз тирезаи дафтари корӣ ҷониби рӯди Душанбе дида дӯхта, аз дил мегузаронам: Оё замоне фаро мерасида бошад, ки нигоҳи мо ба сангҳои хушку тираранг ва алафҳои хушкидаи он барнахӯрда, нороҳатамон насозад?!

Итминон дорам сокинон ва меҳмонони пойтахт низ боре ин саволро ба худ додаанд…

Дар васфи Душанбеи азиз шоирони зиёде шеър гуфта, сарояндагон таронаҳо сурудаанд. Душанбе бо кохҳои бошукӯҳ, гулгашту боғҳои биҳиштосо воқеан дӯстдоштанӣ ва боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонист. Қобили тазаккур аст, ки имрӯзҳо корҳои созандагиву ободонӣ дар пойтахт раванди тоза пайдо намуда, он бо ҷаҳду талошҳои раиси нави шаҳр ба боғшаҳри дилфиребу назаррабо табдил ёфта истодааст. Бисёр мехостам, ки дар баробари ҳама зебоии пойтахт, бо рӯди Душанбе низ ифтихор дошта бошам, вале ҳайҳот… Чанд рӯзи баҳорӣ, ки мавсими боронҳост, оби дарё баландтар гардида, ноҳамвориҳо, сангҳои пасту баланди дарё ва дар баъзе ҷойҳо хасу хошок ва партобҳо онро мепӯшонаду бас. Дар мавсимҳои дигар дар дарозои дарё санг ва ҷазирачаҳо намудоранд, ки табъи касро нохуш медоранд. Оби рӯд бошад, ками дар кам мусаффо мегардад. Вале бояд таъкид намуд, ки дар канори дарё роҳҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ ва гулгаштҳои тоза ба вуҷуд омадаанд. Ҳоло, ки дар мавзеъҳои гуногуни рӯди Душанбе  корҳои таъмиру тармим сурат мегирад, эҳтимол аст, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бобати ободонии рӯд низ нақшаҳо дорад. Ҳадафи мо суръат бахшидан ба амалисозии ин нақшаҳост.

Дар замони шӯравӣ роҳбарони шаҳр нисбат ба ин дарёи ҷонбахш бетафовут набуданд. Тибқи нақшаи сталинии ободонии Душанбе дарё бояд ба чанд пора ҷудо гардида, ҳавзҳоро ташкил медод ва байни онҳо дарвозаҳои об («шлюз») месох­танд, ки  дар мавриди зарурӣ кушода ё пӯшида мешуданд. Хиштҳои бузурги бетоние, ки ҳар ҷо-ҳар ҷо ба назар мерасанд, бешубҳа, осори ҳамон айём аст.

Албатта, ободонии рӯди Душанбе сарфу хароҷоти зиёдро тақозо дорад ва буҷаи шаҳр маҳдуд аст. Аз ин рӯ, шояд роҳи хуби ободонии дарё ба соҳибкорон ба муҳлати муайян барои истифода ва баҳрабардорӣ тақсим намудани он бошад? Онҳо метавонанд бо мувофиқ гардонидани оби дарё ба он заврақу катамаранҳо сар диҳанд, барои оббозӣ шароит ба вуҷуд оранд, моҳипарвариро ба роҳ монанд. Табиист, ки дар ин ҳолат масъалаи тозагии об ва ободонии гирду атроф низ ҳалли худро пайдо мекунад. Сокинони пойтахт, бахусус, ҷавонон, мактабиёну донишҷӯёни шаҳр низ, ба таври ҳашар метавонистанд дар ин иқдоми неку наҷиби ватандӯстона саҳм гузоранд.

Соҳибкори тоҷик, меъмор аз шаҳри Сочи – Назирҷон Тоҳирҷонов мегӯяд, ки дарёи Душанбе метавонад дар ривоҷи соҳаи сайёҳӣ  нақши назаррас дошта бошад.

- Сайёҳон ба манотиқи иқлимаш гарм асосан барои ду чиз меоянд: офтоб ва об. Сочи дар замони шӯравӣ ва имрӯз ҳам бо обу офтоби худ сайёҳонро ҷалб менамуду менамояд. Ҳоло он ба шаҳри сайёҳии дараҷаи олӣ табдил ёфтааст. Дар кишвари мо низ ин ду неъмат арзонист. Соҳибкорон бояд аз неъматҳои додаи Худованд беҳтару хубтар истифода намоянд. Бовар кунед, агар дар даруни дарё ду-се соябон гузореду шароити одитаринро барои истироҳати мардум муҳайё созед, фавҷ-фавҷ одамон ҷониби дарё равона мешаванд. Ҳар сол сангу реги ҷамъшударо низ фурӯхтан мумкин аст, — меафзояд ӯ.

- Дарёи Москва як шаҳри дигар аст дар дохили шаҳр, — изҳор менамояд Олимҷон Мухторов, соҳибкор аз шаҳри Москва. — Зиндагӣ дар ин дарё ҳамеша дар ҷӯшу хурӯш аст. Бо сабаби суст будани ҷараёни он ба зудӣ дарк кардан душвор аст, ки об ба рост меравад ё ба чап. «Москва-река» ва дарёи Нева ду шаҳри бузурги ­Россия-Москва ва Санкт-Петербургро ҳусни иловагӣ мебахшанд. Рӯди Душанбе низ метавонад ин рисолатро дошта бошад. Ҳоло ки дар баъзе ҷойҳои атрофи он барои бунёди иншооти истироҳату фароғат имкон мавҷуд аст, фурсатро аз даст додан лозим нест.

- Дар наздикии дарё курсиву хараке нест, ки нишинӣ, — изҳор медорад бонуи солхӯрда Ирина Михайловна. — Барои мо, пиронсолон, сайругашт дар соҳил ва ба садои об гӯш додану ба ҷараёни он нигаристан беҳ аз сад доруву дармон аст. Ана, ману Саида ба девори бетонии соҳил такя зада истодаем, — ба ҳамроҳаш ишора менамояд ӯ.

Моҳигирон низ дар орзуи дигаргуниҳо ва зиёд шудани моҳиянд.

Хуллас, қариб ҳама интизори дигаргуниянд. Аммо, ҳоло аз тирезаи ҳуҷраи корӣ ба дарё менигараму мегӯям: «Рӯди ман, олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон…».

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон барои ободонии шаҳрашон Фонди ободонӣ таъсис додаанд. Шояд вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе низ дар ин бобат иқдоме карда метавонанд…

Н. Ҷумъаев,

«Садои мардум»