Аз фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Рӯҳияи созандагӣ ва азми қавӣ — омили фаъолияти босубот

№25 (3975) 05.03.2019

DSC_0004Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода, ки чанде пеш баргузор шуд, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодиро дар соли 2018 мавриди баррасӣ қарор дод. Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодири Исуф оид ба масъала, ҳамчунин нақши Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва комиссияҳои доимии он дар ободонию бунёдкорӣ ба хабарнигори рӯзнома чунин маълумот дод:

- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагию корхонаҳо ва сокинони сарбаланди шаҳри Турсунзода бо дастгирӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо азми қавӣ паи ободии диёр тадбирҳои амалӣ андешида истодаанд. Дар ин замина, ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, маҷмӯи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, ташкили ҷойҳои нави кор, шароити таълиму тарбия, такмили заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, дар зеҳни ҳар сокини диёр беш аз ҳарвақта ҷой додани ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандӯстию ватандорӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.

Дар натиҷаи ба роҳ мондани фаъолияти самаранок ва андешидани чораву тадбирҳои муассир ҳаҷми мол, кор ва хизматрасонӣ соли 2018 ба 2 миллиарду 376 миллион сомонӣ баробар шуд, яъне назар ба як соли пеш 303 миллион сомонӣ афзоиш ёфт. Дар шаҳр баҳри ҳар чӣ бештар зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот, таъмини захираи маҳсулоти ғизоӣ, самаранок истифода бурдани замин, беҳтар ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои саноатӣ кори зиёд ба анҷом расид ва ободонию созандагӣ вусъати тоза пайдо намуд. Ба татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар бахши молиявӣ ҷиҳати устувор гардонидани рушди иқтисодии шаҳр, бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ, диққати аввалиндараҷа дода шуд. Дар натиҷа, иҷрои нақшаи буҷет, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, 102,3 фоиз таъмин ва ба буҷет 149,9 миллион сомонӣ ворид гардид. Ин имкон дод, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ сари вақт пардохт ва барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шаванд.

шахриТурсунзода (8)Бо вуҷуди ин, ҷиҳати ғанигардонии қисми даромади буҷет ҳанӯз имкониятҳои мавҷуда пурра истифода нашудаанд. Аз ҷумла, тарзи андозбандӣ ва андозситонӣ ҳоло ҳам мувофиқи муқаррароти қонунгузорӣ роҳандозӣ нагардидааст. Аз ин ҷост, ки барои ҷамъоварии маблағи андоз мушкилоти зиёд пеш омад. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки фаъолонро аз ҳисоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва дигар шахсони обрӯманд ба ин кор сафарбар намоем. Ин буд, ки дар ҷамъоварии андозҳо тағйироти куллӣ ба амал омад ва андозсупорандагон низ ҳавасманд гардиданд. Пурра ба ҳисоб гирифтани шаклҳои андозбандӣ ва андозситонӣ боис шуд, ки қарздории ташкилоту муассиса, корхонаю идора ва хоҷагиҳо аз ҳама намуди андоз ба қадри қобили мулоҳиза кам шавад. Ҳамчунин, қарздории музди меҳнат, ки дар ташкилоту муассиса ва идораю хоҷагиҳои шаҳр то 1 январи соли 2018 11,1 миллион сомониро ташкил менамуд, пурра бартараф гардид.

Яке аз ҳадафҳои асосӣ таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад. Маблағи якмоҳаи нафақаи нафақахӯрон (22939 нафар) 6,9 миллион сомониро ташкил менамояд ва барои сари вақт пардохт намудани онҳо, инчунин, расонидани кумакҳои моддиву молиявӣ, чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Дар натиҷа, нақшаи андози иҷтимоӣ 110,5 фоиз ба иҷро расид ва 4,1 миллион сомонӣ аз нақша зиёд ба буҷет маблағ ворид гардид. Филиали даҳ бонк ва панҷ ташкилоти хурди қарздиҳии дар шаҳр фаъолияткунанда сиёсати пулию қарзиро дуруст роҳандозӣ намуда, ҷиҳати дастгирии аҳолӣ ва соҳибкории хурду миёна соли гузашта ба 20397 нафар 183 миллион сомонӣ қарз ҷудо карданд, ки назар ба соли 2017-ум 53,0 миллион сомонӣ зиёд аст.

Ба рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии давлат маҳсуб меёбад, мақомоти маҳаллии намояндагӣ ва иҷроияи шаҳр диққати махсус зоҳир менамоянд. Пешрафти соҳибкории хурду миёна боиси зиёдшавии ҷойҳои нави кор, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва ҳалли як қатор масъалаҳои иҷтимоӣ гардид. Ҳамчунин, бо ҷалби соҳибкорон соли гузашта теъдоди зиёди нуқтаю марказҳои хизмат­расонӣ, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдакона сохта, ба истифода дода шуданд. Маҷлиси вакилони халқи шаҳр дар яке аз иҷлосияҳо масъалаи рушди соҳибкории хурду миёнаро мавриди баррасӣ қарор дод.

Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 826,4 миллион сомониро ташкил дод, ки назар ба як соли пеш 107,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Қобили зикр аст, ки саҳми корхонаҳои саноатии шаҳр дар тавлиди маҳсулоти содиротӣ ҳар сол меафзояд ва саноатикунонии босуръати мамлакат, ки аз тарафи Пешвои миллат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид, моро барои бунёд кардан ва ба кор даровардани корхонаҳои нави саноатӣ, афзоиш бахшидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ вазифадор менамояд. Иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқ саноатикунонии босуръат — ҳадафи чоруми миллиро ҳамчун масъалаи алоҳида мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод ва бо пешниҳоди вакилон, ки аксар соҳибкор мебошанд, номгӯйи иншооти нави саноатии бунёдшаванда пурра гардонида хоҳад шуд.

Дар хусуси самаранок истифода бурдани замин, васеъ ба роҳ мондани кишти такрории зироатҳо, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ривоҷ додани боғу токпарварӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва ҳосилнокии зироат низ тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Дар натиҷа, 3964 тонна пахта, 38891 тонна ғалладона, 8776 тонна картошка, 92899 тонна сабзавот ва миқдори зиёди полезию мева, ангур, гӯшт, шир, пилла, пашм, асал ва тухм истеҳсол гардид. Бояд гуфт, ки ба истиснои пахта, дигар анвои маҳсулот назар ба як соли пеш зиёд ҷамъоварӣ шуд. Аз 181905 тонна маҳсулоти кишоварзӣ 86726 тонна содирот гардид, ки назар ба соли 2017 беш аз 31000 тонна зиёд мебошад.

Дар робита ба татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ, саршумори паранда ва оилаи занбӯри асал зиёд карда шуд. Заҳматкашони шаҳр барои ҳар чӣ бештар тараққӣ додани соҳаи боғу токпарварӣ низ ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд.

Дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳр барои баррасии пешакии масъалаҳо ва ба иҷлосия манзур намудани онҳо, мусоидат ба татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои доимӣ амал менамоянд. Фаъолияти Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба ­масъалаҳои комплекси агросаноатӣ, ислоҳоти замин ва ҳифзи муҳити зистро дар рушди соҳаи кишоварзӣ метавон махсус зикр намуд, зеро аъзои он дар ду — се соли охир зимни ҷаласаҳои комиссия ­масъалаҳои муҳими рушди соҳаро мавриди баррасӣ қарор дода, аз роҳбарони хоҷагию ташкилотҳо маслиҳатҳои муфидро дареғ надоштанд.

Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ба ҳаллу фасли масъалаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш низ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд. Кори комиссияҳои доимӣ оид ба ­масъалаҳои иқтисод, буҷет, андоз ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, оид ба масъалаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, оид ба масъалаҳои ҷамъиятӣ, шуғли аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, занон ва оила низ хуб ба роҳ монда шудааст. Танҳо зикри он ки 64,1 фоизи буҷети шаҳр ба соҳаи маориф равона гардидааст, далели возеҳи таваҷҷуҳи зиёд ба соҳаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Ҳифзи сиҳатии омма, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббии аҳолӣ, беҳтар гардонидани таҳкурсии моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ ҳам аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроия барои ҳаллашон тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Фарҳанг яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, бахусус, ҷавонон, маҳсуб меёбад ва дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад. Имрӯз дар шаҳр 47 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла, китобхонаҳои оммавӣ, клубҳои деҳот, клубҳои сайёр, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, мактаби мусиқии бачагона, ансамблҳои касбӣ ва хонаҳои фарҳанги деҳот фаъолиятро баҳри ба даст овардани мақсадҳои боло равона сохтаанд. Ташкили чорабинии «Сайри китоб» дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бошад, шумораи хонандагони китобхонаҳоро афзуд. Аз 1252 нигораи осорхонаи таърихӣ — кишваршиносии шаҳр беш аз 600 ададаш дар рӯзҳои ҷашнҳои давлатию миллӣ барои сокинону меҳмонон ба намоиш гузошта шуд.

Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқ оид ба масъалаҳои ҷамъиятӣ, шуғли аҳолӣ, ҷавонон ва варзиш, занон ва оила дар доираи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар омодагӣ ва гузаронидани чорабиниҳо, аз қабили «Гузаргоҳи ҳунармандон», «Кулчақандпази беҳтарин» дар шаҳр ва пойтахти кишвар саҳми муносиб гузошт.

Вакили халқ кафили ҳалли мушкилоти мардум дар маҳал мебошад. Ин нуктаро вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр хуб дарк намуда, бо интихобкунандагон дар ҳавзаҳои интихоботӣ мулоқоту вохӯриҳо анҷом дода, дар ҳалли масъалаҳои ҷойдошта кумаки амалӣ мерасонанд. Тайи соли гузашта нуҳ нафари онҳо дар иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз хусуси иҷрои ваколатҳои вакилӣ ҳисобот доданд. Ҷиҳати ҷолиби ин гуна ҳисобот дар он аст, ки вакилон ба иҷлосия маълумотро дар бораи корҳои анҷомдода ҳам дар шакли хаттӣ ва ҳам аз тариқи ба навор гирифтани онҳо манзур менамоянд, ки басо муҳим буда, масъулияташонро дар назди интихобкунандагон меафзояд.

Маҷлиси вакилони халқи шаҳр чанде пеш нақшаи чорабиниҳои ободонӣ дар шаҳри Турсунзодаро бахшида ба ҷашни фархундаи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки он бунёди беш аз 310 иншоотро дар бар мегирад. Ба ин муносибат дар шаҳри Турсунзода сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марказҳо ва хонаҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, синфхонаҳои иловагӣ, толорҳои варзишӣ, варзишгоҳҳо, майдончаи бозиҳои кӯдакона, сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн, ҳаммом, биноҳои истиқоматии бисёрошёна, боғчаҳои кӯдакона, чойхонаи миллӣ, сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот, марказҳои савдо, кашидани хатти оби нӯшокӣ, таъмири асосии роҳу пулҳо, азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва иншооти дигари иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст. Боиси қаноатмандист, ки ҳама иншоот аз ҷониби соҳибкорон, ки шумораи бештарашон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр мебошанд ва саҳми бевоситаи сокинони шаҳру деҳот бунёд меёбанд, ки нишонаи ватандӯстӣ ва ифтихори онҳо аз Ватани маҳбуб мебошад.

Бо итминон мехоҳам иброз дорам, ки Маҷлиси вакилони халқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сокинони шаҳри Турсунзода бо илҳом аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки саршор аз суханони самимию меҳрбор ба ҳар як соҳибватан мебошад, ҷиҳати боз ҳам рушд бахшидани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ амалҳои бунёдкорию созандагиро вусъат бахшида, баҳри шукуфоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ба ин васила сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хастанопазир анҷом хоҳанд дод.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»