Рӯшон. Қасри навбунёди фарҳанг таҷдидро тақозо дорад

№90 - 91 (3571 - 3572) 19.07.2016

РУШОННоҳияи Рӯшон дар чанд соли охир симояшро тағйир дод. Биноҳои дуошёнаи Муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ ба номи профессор Додихудо Карамшоев, Қасри фарҳанг, толори варзишии ба номи Азалшоҳ Олимов, идораи нозироти андоз, идораи молия, бинои «Тоҷиксодиротбонк», бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон ва ба ин монанд ба ҳусни он зебоии дигар зам мекунанд.

Таваҷҷуҳи ҳар меҳмон ё сайёҳро дар Рӯшон, пеш аз ҳама, биноҳои замонавии мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ ва Қасри фарҳанг ба худ ҷалб мекунад. Мо низ аз тамошои ин ду муассисаи фарҳангӣ ва таълимӣ баҳравар гардидем.

Дар саҳни Қасри фарҳанг кормандони он ҳашар доштанд ва моро собиқ директори қаср Палла Паллаев раҳнамоӣ кард.

Мардуми санъатдӯсти ноҳия як умр орзу доштанд, ки соҳиби бинои замонавии фарҳангӣ шаванд, то санъати халқӣ ва касбиро дар ноҳия боз ҳам равнақу ривоҷ диҳанд.

Ин орзуи мардум танҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ ва ба шарофати дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Сохтмони бинои имрӯзаи Қасри фарҳанги ноҳия соли 2012 дар масоҳати 0,50 гектар оғоз ёфт. ҶДММ «Шарқ» бунёди онро, ки арзиши лоиҳавиаш 6 миллиону 300 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуд, ба уҳда гирифт.

Сохтмони қаср дар оғоз хеле хуб ба роҳ монда, танҳо баъд бо ҳар баҳона ба таъхир афтод ва баъд аз се сол мавриди истифода қарор гирифт. Чун бунёди қаср ба охир расид, камбудии нақшакашон ва сохтмончиён маълум шуд. Мутаассифона, касе дар ин хусус эрод нагирифт ва бонги изтироб ҳам назад. Ҳарчанд кормандони фарҳанг эроду пешниҳодҳои хешро баён карда бошанд ҳам, касе онҳоро гӯш кардан нахост.

Ҳамин тавр, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми буридани лентаи рамзии Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯшон (29 июли соли 2015) дар назди сокинони ноҳия суханронӣ карда, аз ҷумла гуфт: «…Умедворам, ки ин маркази зебои фарҳангӣ солҳои сол ба мардуми ноҳия дар мавриди баргузор намудани чорабиниҳои идона ва ҷашну маросимҳои мардумӣ хизмат карда, ба як мактаби эҳёи санъат ва ҳунарҳои қадимаи сокинони Рӯшон табдил хоҳад ёфт».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон берун ва дохили қасрро аз назар гузаронида, ба баъзе корҳои иҷрошуда эроди ҷиддӣ гирифта, ба роҳбарияти ноҳия ва сохтмончиён барои дар оянда бо тарҳи меъмории миллӣ ороиш додани саҳна ва толори қаср супоришҳои иловагӣ дод.

Бинои қаср дуошёна буда, барои 460 ҷой пешбинӣ шудааст. 12 кабинети корӣ, толори бошукӯҳи замонавӣ ва биноҳои ёрирасон дорад. Бар замми ин, ҳудуду атрофаш васеъ буда, давом додани корҳои сохтмонӣ мумкин аст.

Вақте ки дохили толори қаср шудем, пеш аз ҳама, набудани тирезаҳо моро дар ҳайрат гузошт. Толори қаср аз ҳар ду тараф тиреза надошт ва бар замми ин дарҳои даромадгоҳу баромадаш хеле хурданд. Агар дар толор консерт ё намоишномаи ду ё се соата гузарониданӣ шаванд, бахусус дар тобистон, толорбудагон аз нарасидани ҳаво нафастанг мешаванд. Дар толор кондитсионерҳоро надидем, ки дар зимистон гармӣ диҳанду дар тобистон салқинӣ. Мабодо дар рафти намоиш ё консерт барқ хомӯш шавад, тамошобинон дар торикӣ чӣ тавр аз толор ба берун мебароянд?

Бобати чароғон кардани саҳна ва толори театр низ ба камбудиҳо роҳ дода шудааст. Масалан, дар толор қандили зебо ва калон овехта шуда, дар атрофаш фурӯзонакҳо (лампочка)-и ангуштшумор насб кардаанд. Ин миқдор толорро ба таври лозимӣ мунаввар карда наметавонад.

Сониян, деворҳои толорро тавре бояд бандубаст кард, ки масалан, овози сароянда ё ровӣ аз толор акс надиҳад. Баръакс, садоро боз ҳам мутантан намояд. Яъне, ба акустикаи саҳни толор диққат дода нашудааст. Эродҳои ҷиддӣ дар мавриди саҳна хеле зиёданд. Дар маҷмӯъ, саҳна хеле танг аст. Ба қавле, «саҳнаи хандахезу ашковар».

Фарз кардем, ҳайати эҷодии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ва ё Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хоруғ ба сафари ҳунарӣ омаданд. Театр оркестр, ансамбли асбобҳои халқӣ ё эстрадӣ дорад. Агар ансамблро дар саҳна ҷо кунем, сарояндаҳо як нафарӣ ва дукаса бемалол суруд мехонанд, аммо чун навбат ба рақси яккаса ё сюитаи умумии рақсӣ равад, магар ансамбли навозандагонро аз саҳна ба толор, ба поин фарорем?

Бар замми ин, саҳнаи кӯчаки қаср торик аст.

Саҳна пардозхона дорад, вале занона ё мардона буданаш маълум нест. Барои нигоҳ доштани асбобҳои мусиқӣ ва либосҳои саҳнавии артистон дар саҳна хонаи алоҳида мавҷуд нест. Дар ҷониби рости саҳна хоначае ҳаст, ки онро чун пардозхона ва барои нигоҳ доштани асбобу анҷоми саҳна истифода мебаранд.

Тавре зикр намудем, ҳудуди гирду атрофи қаср хеле васеъ аст.  Махсусан, пушти саҳна 8-10 метр замин мавҷуд аст, ки онро чун роҳрав истифода мебаранд. Метавон аз ҳисоби ин замини бекорхобида саҳнаи қасрро ақаллан 4 ё 5 метр калон кард. Дар ин сурат, метавон ҳам ҷойҳои нишасти толорро зиёдтар карду ҳам дарҳои даромаду баромади қасрро ба стандарт баробар намуд.

Биноан, ба масъулони соҳа расониданием, то ин ки дар оянда ба қасри зебои мо касе эрод нагирад ва онро қасри ҳубобӣ наноманд, зеро чунин иморатҳои зеборо барои садсолаҳо бунёд мекунанд.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»