Рӯзгори ибратомӯзи қаҳрамонзан

№26 (3976) 07.03.2019

ываываБо мурури сол зӯру тавон ва чустиву чолокӣ пайкарашро тарк гуфтаанд. Дигар наметавонад мисли айёми ҷавонӣ сари замин равад, каланд ба даст гираду қатори ҷавонон заҳмат кашад. Дигар наметавонад, ки савори саманди шӯху беқарор сайругашт намояд ва картошказори беканорро бо чашмони пур аз меҳр навозиш кунад. Бо вуҷуди ин то ҳанӯз гули сари сабади ҳамдиёрон аст. Дар деҳоти «Алға»-и ноҳияи Лахш маъракае нест, ки ширкат наварзаду онҳоро ба роҳи рост, ба корҳои бунёдкориву созандагӣ даъват нанамояд.  Ин бонуи номвар депутати Совети Олии СССР (ду даъват), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Сайлӣ Раҳмонова мебошад.

Апаи Сайлӣ дуогӯ аст, ки Парвардигор умри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки тавонист ормони ҳазорсолаи мардуми кишварро амалӣ созад, Тоҷикистонро ба олам машҳур гардонд, дароз гардонад. Мунтазам дар ҷамъомадҳои сиёсиву фарҳангии ноҳия, даврони ҷавониашро ба ёд меорад. Ҷавононро таъкид мекунад, ки аз неъматҳои истиқлол шукрона кунанд. Зӯру тавонро ба хотири гулгулшукуфӣ ва таъмини зиндагии арзандаи мардум сарф намоянд.

Соли 1964, баъди хатми мактаби миёна ба ҳайси коргари бригадаи картошкапарварӣ фаъолияти меҳнатиро оғоз намуд. Роҳбарият аз рӯзҳои аввал пай бурданд, ки духтари меҳнатдӯст, мехоҳад комёб гардад. Баъди шаш соли кор сарварони хоҷагӣ кордониву қобилият ва меҳнатдӯстиашро ба назар гирифта, ӯро сарвари яке аз бригадаҳои калони картошкапарвари хоҷагии давлатии Лахш таъин намуданд. Ёдовар мешавем, ки хоҷагии давлатии Лахш яке аз калонтарин хоҷагиҳои ноҳияи Ҷиргатол (Лахш) буду роҳбарӣ ба бригада кори осон набуд. Дар он мардони соҳибтаҷрибаву обрӯманд кор мекарданд. Мардоне, ки мӯи хешро бо арақи ҷабину меҳнати ҳалол сафед карда буданд.

- Ин духтар магар ақлашро хӯрдааст, — мегуфтанд баъзеҳо. — Агар ҳушёр бошад, сарварии бригадаро ба зимма мегирад? Ин кори осон нест. Баъзан мардҳо аз уҳдаи вазифа намебароянд.

Сайлӣ ин ҳарфҳоро мешуниду ношунида вонамуд мекард. Сари субҳ дар по мӯзаи кирзӣ дар тан фуфайка ва каланд сари китф сари замин меомад…

Ҳафтае пас ақидаи ғайбатчиҳо дигар шуд. Он рӯзгор занони фаъол дар навоҳии кӯҳистон ангуштшумор буданд. Аксари мардум бовар доштанд, ки занон наметавонанд роҳбар бошанд. Қаҳрамони матлаб соли сеюми сарвариаш муваффақ шуд, ки дар баробари истеҳсоли картошкаи босифат ҳосилнокиро зиёд намояд. Аз як гектар сесад сентнерӣ ҳосил гирифт, ки дар ҷумҳурӣ натиҷаи беҳтарин буд.

Боре котиби якуми  Кумитаи Марказии Ҳизби коммунис­ти Тоҷикистон  Ҷаббор Расулов ба ноҳияи Ҷиргатол омад. Ба водии Лахш рафта, картошказорро тамошо карду аҳсан хонд. Ӯ, ки солиёни зиёди даврони ҷавонӣ бо замин сарукор дошт, кишоварзиро хуб медонист. Дар бораи Сайлӣ Раҳмонова шунида буд. Сари замин мардуми зиёд ҷамъ омаданд. Котиб бо онҳо суҳбат кард ва бо эҳтиром дар бораи Сайлӣ Раҳмонова ҳарф зад. Хурду калон аз баҳои арзандаи Ҷаббор Расулов хурсанд шуданд. Аз он ифтихор карданд, ки духтари кӯҳистонӣ туфайли заҳматҳои кашида мавриди таваҷҷуҳи роҳбари аввали ҷумҳурӣ қарор гирифт.

Баҳои котиби аввали ҳизб масъулияташро дучанд гардонд. Бештар заҳмат кашид.  Роҳҳои нави зиёд намудани ҳосил, самаранок истифода бурдани заминҳои обӣ ва пайдо намудани тухмии ба иқлими кӯҳистон мутобиқро ҷуст.

Баъдтар, соли 1974 сарварии яке аз бригадаҳои калонтарини ноҳияро дар деҳаи Дувана ба зиммааш гузош­танд. Заҳматҳои кашидааш барабас нарафт. Кордонӣ номи ӯро на танҳо дар деҳоту ноҳия, балки  ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур гардонд. Мардуми Раштонзамин ӯро ду даъват депутати Шӯрои  Олии СССР интихоб карданд. Хизматҳои арзандаи ӯро бо орденҳои «Байрақи сурхи меҳнат»,  «Револютсияи Октябр»,  «Ленин» қадр карданд.  Баъдтар ӯро барои навовариву кордонӣ боз бо ордени «Ленин» ва унвони «Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ», сазовор донистанд.

Сайлӣ Раҳмонова то соли 1989, яъне то ба нафақа баромада, сарвари бригадаи картошкапарварони деҳаи Дувана буд. Бо вуҷуди серкорӣ фарзандони хубу ватандӯстро ба воя расонд, ки ба халқу ватан содиқона хизмат мекунанд.

Имрӯзҳо қаҳрамони матлаб давлати пирӣ меронад.  Ба ҷавонон меҳнат кардану ҳалол нон ёфтанро меомӯзад. — Фарзанди давлати соҳибистиқлол бояд ҳалолкору обутобёфта бошад. Баракати луқмаи ҳалол дигар аст. Он дастархони поки моро пур мекунад ва рушди мамлакатро метезонад, — мегӯяд ӯ.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»