Рашт ба қабули сайёҳон омода аст

№54 (4004) 14.05.2019

DSC_2094Дар ноҳияи Рашт ба масъалаи ҷоннок намудани кор дар самти сайёҳӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

- Бо мақсади таблиғи имкониятҳои сайёҳӣ, — гуфт иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Муқимӣ Раҳимҷон Набизод, — сомона кушода гардид, ки матлаби иттилоотии зарурӣ тавассути он пайваста нашр мешавад. Дар баробари ин, таблиғи мавзеъҳои сайёҳӣ тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ, махсусан, шабакаҳои иҷтимоӣ, васеъ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, бо мақсади рушди минбаъдаи соҳа ва муайян намудани имкониятҳои сайёҳӣ бо қарори раиси ноҳия аз 1 июни соли 2018, «Барномаи рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2018-2020» қабул гардидааст.

- Ҷиҳати иҷрои банди сеюми нақша-чорабиниҳо бахшида ба солҳои 2019-2021 эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, № АП-1170 тасдиқ шудааст, харитаи сайёҳӣ омода ва дар яке аз мавзеъҳои сайёҳӣ — «Чашмаи шоирон», воқеъ дар даромадгоҳи ноҳия, насб гардид, — афзуд ӯ.

DSC_2087Айни замон дар ноҳия се меҳмонхона, ду ҳомстей, хос­тел, маркази иттилоотӣ, ду осорхона, ду боғи фарҳангӣ — фароғатӣ, боғи ботаникӣ ва ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд.

- Барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ, пеш аз ҳама, зарур омад мавзеъҳои сайёҳиро муаррифӣ намоем. Барномаҳои тарғиботӣ тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар ба намоиш гузошта, барномаҳои махсуси сайёҳӣ аз тарафи шабакаҳои телевизиони «Тоҷикис­тон» таҳия ва намоиш дода шуданд.

Дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», рӯзномаи ноҳиявии «Оинаи Рашт» пайваста мақолаҳо бо аксҳо ба табъ мерасанд, гузоришҳои радиоӣ аз тариқи радиоҳои «Тоҷикистон» ва «Ховар» пахш карда мешаванд. Аз  нимаи дуюми моҳи декабри соли 2018 сомонаи сайёҳӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки барои рушд ва муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад, — гуфт Муқимӣ Раҳимҷон.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»