Рашт. Бехатарии ҳаракат дар роҳ таъмин мегардад

№156 (4262) 29.12.2020

Ин масъала тайи чанд моҳи охир борҳо дар маҷлиси васеи назди раиси ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ва бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 таҳти №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.

Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Рашт нигаҳдории 198,75 километр, аз ҷумла, роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ — 50,5, ҷумҳуриявӣ — 18,2 ва маҳаллӣ 130,5 километрро ба уҳда дорад.

- Барои тирамоҳу зимис­тони солҳои 2020-2021 490 метри кубӣ маҳсулоти зиддилағжиш захира шудааст, ки сад фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад, — гуфт муовини раиси ноҳияи Рашт Ҳамдулло Шарифзода.

Барои фаъолияти мунтазам ҳашт техникаи пуриқтидор таъмир гардида, кормандони идораи роҳ метавонанд монеаҳои бавуҷудомадаро дар муҳлати кӯтоҳ аз байн баранд.

Соҳилмустаҳкамкунӣ низ дар ноҳия идома дошта, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ин мақсад 75 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд. Бояд ёдовар шуд, ки соҳибкорони маҳаллӣ мунтазам дар корҳои ободонӣ саҳм мегузоранд. Соли равон бо маблағгузории онҳо ҳафт километр роҳҳои маҳаллӣ  мумфарш гардиданд.

- Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки масъулину кормандони муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар фасли зимистон рисолати худро дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро менамоянд,- гуфт дар хатми суҳбат Ҳамдулло Шарифзода.

Диловари МИРЗО,

Садои мардум»