Табиби ман - ҳабиби ман

Рашт. Ҳифзи саломатии мардум дар мадди назар аст

№30 (3980) 19.03.2019

Аз суҳбат бо сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт Қобилҷон Гиёев маълум шуд, ки таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ аз мушкилоти асосии соҳа ба ҳисоб меравад.

Муассисаҳои тандурустии ноҳия ба 7 мутахассиси силшинос, психиатр, ҷарроҳи асаб ва рентгенолог ниёз доранд. Алҳол дар ноҳия 4 нақлиёти «Ёрии таъҷилӣ» ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад.

То ҳол 197 нафар ҳамчун мутахассиси тибби оилавӣ такмили ихтисос намудаанд, ки аз онҳо 12 нафар табиб ва 185 нафарро ҳамшираҳо ташкил медиҳанд.

Оид ба рафти иҷрои «Нақшаи миллии Стратегияи оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар ноҳия корҳои назаррас ба анҷом расиданд. Барои мисол, бо дастгирии ташкилоти ХОУП семинар оид ба табобати бемории сил бо иштироки 30 корманди муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия гузаронида шуд. Кормандони марказ бо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, маркази ВНМО ва гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар деҳот доир ба пешгирии бемории сил суҳбату вохӯриҳо гузарониданд.

Дар назди муассисаҳои тандурустӣ Комиссия оид ба пешгирии коррупсия дар муассисаҳои тандурустӣ барои солҳои 2013-2020 ташкил шудааст.

Соли ҷорӣ сохтмони беморхонаи 5-ошёна бо таҷҳизоти навтарин дар беморхона  оғоз шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он марҳилаи сифатан нави рушди соҳа дар ноҳия шурӯъ мешавад.

Илова бар ин, рӯзҳои наздик дастгоҳи рентгени рақамӣ насб хоҳад гашт. Боварӣ дорем, ки бо мадади Вазорати тандурус­тӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони ватанӣ камбудиҳои мавҷударо аз байн бурда, хизматрасониро ба аҳолӣ боз ҳам хубтар ба роҳ хоҳем монд, — гуфт дар хотимаи суҳбат Қобилҷон Гиёев.

Диловари МИРЗО,  «Садои мардум»