Рашт. Нишондиҳандаҳо аз рушди бемайлон шаҳодат медиҳанд

№70 (3864) 07.06.2018

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ноҳияи Рашт дар қатори дигар манотиқи мамлакат ба гӯшаи зебову пешрафта табдил меёбад. Тавре муовини раиси ноҳия Ҳамдулло Шарифзода иброз дошт, рӯз ба рӯз сатҳи некуаҳволии мардум беҳтар мегардад. Таҳлили нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар солҳои 2006 — 2017 гувоҳи ин гуфтаҳост.

Чунончӣ, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот аз 69 миллиону 207 ҳазор сомонии соли 2006 то ба 646 миллиону 792,9 ҳазор сомонӣ дар соли 2017 афзудааст, ки 9,3 баробар зиёд мебошад.

Шумораи аҳолии ноҳия аз 97 ҳазору 131 нафари соли 2006 то имрӯз беш аз 30,6 фоиз афзоиш ёфта, ба 126 ҳазору 838 нафар расидааст. Дар ин давра, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба ҳар сокин аз 712,5 сомонӣ то 5100 сомонӣ расида, 7,2 баробар зиёд гардидааст.

Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар даҳ соли охир аз 6 миллиону 69 ҳазор сомонӣ то ба 60 миллиону 609,3 ҳазор сомонӣ дар соли 2017 афзоиш ёфта, нисбат ба соли 2006 — ум 10 баробар зиёд гардидааст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба соли 2000 — ум, ки 973 ҳазор сомониро ташкил медод, 62,3 баробар афзоиш ёфт.

Ҳаҷми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби манбаъҳои худӣ аз 1 миллиону 480 ҳазор сомонии соли 2006 ба 19 миллиону 180 ҳазор сомонӣ расид.

Агар таносуби даромади буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот соли 2006 8,7 фоизро ташкил дода бошад, соли 2017 9,4 фоизро ташкил дод.

Бо афзоиши ҳаҷми буҷети маҳаллӣ маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ зиёд гардида, соли 2017 он 51 миллиону 701,5 ҳазор сомонӣ ё зиёда аз 85,3 фоизи буҷети маҳаллиро ташкил медиҳад. Соли 2006 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 4 миллиону 898 ҳазор сомонӣ буд.

Аз соли 2006 то соли 2017 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетии ноҳия аз 84,1 сомонӣ то 683 сомонӣ афзоиш ёфт.

Аз ҳисоби ҳама манбаъ ҳаҷми маблағгузорӣ барои сохтмон соли 2006 5 миллиону 686 ҳазор сомониро ташкил медод. Ин нишондиҳанда соли 2017- ум 17 миллиону 786,7 ҳазор сомониро ташкил дода, 3,1 баробар зиёд шуд.

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016» таҳия ва тасдиқ гардид. Баҳри татбиқи он 9 миллиону 4362,8 сомонӣ ва аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ба маблағи 2 миллиону 272 ҳазор доллари ИМА равона шуд. Бо дарназардошти ба истифода додани иншооти сохташуда ва сохтмонашон идомадошта иҷрои барнома 71,3 фоизро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2017-2020» таҳия ва бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 3 октябри соли 2016 тасдиқ гардид. Он фарогири 95 лоиҳа бо арзиши умумии 240,3 миллион сомонӣ мебошад ва аз соли 2017 мавриди амал қарор дорад.

Соҳаи саноат низ рушди бемайлон дорад. Соли 2006 як корхонаи саноатӣ (КФ «Кони ангишти Назарайлоқ») фаъолият намуда, маб­лағи истеҳсоли маҳсулот 1 миллиону 487 ҳазор сомониро ташкил медод. Соли 2017 дар ноҳия даҳ корхонаи саноатӣ ба маблағи 45 млн. 396,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Дар маҷмӯъ, далелу арқому овардашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Рашт рушди бемайлони тамоми соҳа таъмин аст.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»