Ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Рашт. Омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷиддӣ аст

№71 (4021) 20.06.2019

РАШТТибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тантанаҳои асосии 22 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Рашт баргузор мегардад. Оид ба омодагии сокинони ноҳия барои таҷлили ҷашн бо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Набизода Раҳимҷон Муқимӣ суҳбат оростем.

- Таърих гувоҳ аст, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар давлатдории навин мавқеи хос дорад. Тоҷикон тавонистанд дар давраи хеле кӯтоҳ  сулҳро ба даст оранд ва оромиву суботро дар мамлакат барқарор намоянд. Ваҳдати миллии мо дар ҷаҳони муосир намунаи барҷастаи сулҳофарӣ мебошад. Дар дунё кишварҳое ҳастанд, ки беш аз чил сол дар онҳо хунрезӣ идома дорад, аммо то ҳанӯз касе наметавонад пеши роҳи онро гираду мусибатро барои мардуми диёраш ба шодмонӣ табдил созад, — суҳбатро ҳусни оғоз бахшид номбурда.

Ноҳияи Рашт дар даврони соҳибис­тиқлолӣ маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симояшро тағйир дод.

Сокинон баробари бунёди иншооти банақшагирифта иқдом намудаанд, ки бахшида ба 22 — юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ иншооти иловагиро ба истифода диҳанд. Аз ҷумла, қисмати дуюми роҳи мошингарди байни маҳаллаи Сари Пули шаҳраки Ғарм ва шаҳраки Навобод аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ асфалт­пӯш шуд. Ёдовар мешавем, ки роҳи мазкур дар ҳолати ногувор қарор дошт. Соҳибкорони маҳаллӣ аз иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, роҳро мумфарш намуданд.

Иншооти дигари ҷашнӣ бинои сеошёнаи «Маркази савдо» дар шаҳраки Навобод аст, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Сабриддин Хушвахтов бунёд шуд. Ӯ ҳамроҳи бародаронаш дар ободонӣ мунтазам ширкат меварзад, бо саховатмандиву ҷавонмардӣ машҳур аст.

Бо ибтикори Федератсияи футболи кишвар дар маҳаллаи Эмом Муҳиддини шаҳраки Ғарм сохтмони майдончаи варзишӣ бояд то рӯзи ҷашн мавриди истифода қарор гирад. Соҳибкор Шаҳбоз Алиев, баробари эъмори сохтмони чойхонаи миллӣ — «Субҳи Рашт», дар маҳаллаи Эмом Муҳиддин, хатнасури 50 ятим ва атфол аз оилаҳои камбизоатро рӯзи ҷашн ба нақша гирифтааст.

Ба истифода додани бинои 12 — ҳуҷрадор барои омӯзгорони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт, ки фармоишгари он Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мебошад, туҳфаи дигари идона аст.

Резвоншоҳ Сияров, соҳибкори номдори Рашт, дар маҳаллаи Сари пули шаҳраки Ғарм бинои сеошёнаи беморхонаро ба итмом расонид, ки он бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин аст.

Ба истифода додани бинои маъмурӣ дар маркази деҳоти «Қалъаи сурх», биноҳои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳия ва бахши Хадамоти муҳоҷирати Кумитаи иҷроияи раштии ҲХДТ низ аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ мебошанд.

Бо ибтикори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Ғарм сохтмони майдончаи варзишии замонавӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизот дар арафаи анҷомёбист.

- Боиси ифтихор аст, ки бисту дусолагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Рашт баргузор мегардад. Ҳар як сокини он масъулият ҳис менамояд ва боиси хурсандист, ки онҳо аз як гиребон сар бароварда, пайи он талош менамоянд, ки дар сазовор таҷлил намудани ҷашн саҳм гузоранд, — гуфт дар хотима Раҳимҷон Муқимӣ.

Мусоҳиб Диловари МИРЗО, «Садои мардум»