Рашт. Соҳаи кишоварзӣ рушд меёбад

№99 (4205) 15.08.2020

картошка1-Кишоварзони ноҳияи Рашт бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар ва зиндагии шоиста баҳори имсол заҳмати зиёд кашиданд. Тавре раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимҷон Муқимӣ зикр кард, тибқи нақша кишоварзон майдонҳои киштзорро аз ҳисоби заминҳои бекорхобида васеъ ва дар талу теппаҳои бо намӣ таъмин картошка кишт намуданд. Дар натиҷаи ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, майдони картошказор аз 2109 гектари соли гузашта ба 3047 гектар расонда шуд.

Раиси ноҳия афзуд, ки ҷиҳати обёрӣ намудани заминҳо бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Дашти Беоби деҳоти «Ҳоит»  ба маблағи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ дар масофаи 1,2 километр лӯлаи обгузар хобонданд. Агентии беҳдошти замин ва обёрии ҷумҳурӣ барои таъмиру барқарорсозии каналу пойгоҳҳои обкашии ноҳия 187 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд. Бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва обистифодабарандагон дар деҳоти «Ясман» каналҳои «Ҳисорак-2» ба масофаи 8 километр, «Ҳисорак-1» ба масофаи 6 км, «Қарашаҳр -1»  ва «Қарашаҳр -2» ба масофаи 10 километр таъмир гардиданд. Пойгоҳи обкашии «50-солагии Тоҷикистон» дар деҳоти «Навдӣ», ки солҳои дароз аз истифода монда буд, таъмир шуд. Ҳоло бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ сохтмони канали «Камчароғ» дар деҳоти «Қалъаи Сурх» идома дорад. Баъди ба истифода додани он боз зиёда аз 100 гектар замин обёрӣ мешавад.

- Боғдорӣ, ки низ яке аз соҳаҳои асосӣ ба шумор меравад, солҳои охир дар ноҳия рӯ ба рушд овардааст. Чунончи, имсол дар майдони 71 гектар боғи нави мевадиҳанда бунёд ва 80 гектар боғи куҳна барқарор карда шуд. То ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 гектар ҷангалзори нав бунёд ва 60 гектар ҷангалзори куҳнаро барқарор хоҳем кард, — гуфт Раҳимҷон Муқимӣ.

Диловари МИРЗО,  «Садои мардум»