Рашт: вохӯрӣ бо кормандони ВАО

№108 (3588) 18.08.2016

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи рӯзноманигорон аз шаҳри Душанбе, ВМКБ ва дигар манотиқи кишвар бо сарварии раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода дар минтақаи Рашт қарор доранд. Кормандони воситаҳои ахбори омма ба чанд гурӯҳ тақсим шуда, бо сокинони навоҳии минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун суҳбатҳо доир намуда, бо дастоварду комёбиҳо ва мушкилоти онҳо шиносоӣ пайдо намуда истодаанд. Аз ҷумла, чунин вохӯрӣ дар маркази ноҳияи Рашт — шаҳраки Ғарм баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ намояндагони соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ширкат варзиданд. Вохӯриро муовини раиси ноҳияи Рашт Зумрат Лоиқова ифтитоҳ намуд ва оид ба рушду нумӯи ноҳия, дастовардҳои сокинони он дар тӯли 25 соли соҳибистиқлолӣ маълумоти муфассал дод.

Собиқадори соҳаи маориф Сафарбек Каримов дар баромадаш аз хусуси бурду бохти кормандони соҳаи маориф сухан ронда, изҳори миннатдорӣ кард, ки рӯзноманигорон бо мақсади инъикоси ҳаёти мардуми минтақаи Рашт роҳи дарозро тай карда омадаанд.

Намояндаи ҷавонон Нодир оид ба масъалаи ватандӯстӣ ва саҳми ҷавонон дар шукуфоии ноҳия андешаронӣ кард. Сокини деҳаи Войдара, омӯзгор Абдулҳай Гадоев оид ба саҳми рӯзноманигорон дар пешрафти ҷомеа андешаҳояшро иброз дошт. Вай таъкид кард, ки «Мо даврони шӯравиро фаромӯш намекунем, аммо дар замони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳое ноил гардидем, ки дар гӯшаи хотирамон ҳам набуд. Ҳамаи ин туфайли хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Имрӯзҳо мардуми кишвар дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид шуда, пайи рушду нумӯи Тоҷикистони азиз содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд. Дар ин ҷода саҳми мардуми ноҳияи мо ҳам аст, ки аз он ифтихор мекунем. Вале, барои мо ду масъала боиси нигаронист: Якум, пахши мавҷи радио чандон мувофиқи мақсад нест. Дуруст аст, ки дар маркази ноҳия мавҷи радио пахш мешавад, аммо дар деҳаҳо ин кор имконият надорад. Дуюм, масъалаи тозагии забони давлатист. Дар ин масъала воситаҳои ахбори омма метавонанд саҳми бориз дошта бошанд».

Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ҷавоҳир Давлатова дар баромадаш таъкид кард, ки чунин вохӯриҳоро ҳар чӣ бештар ташкил намудан лозим аст. – Ман бовар дорам, ки чунин вохӯриҳо боиси пешрафту дастовардҳои бештари мо мегарданд, — гуфт ӯ.

Акрам Санг — корманди АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки ҳашт сол пеш ман дар ин ноҳия кор мекардам ва имрӯз дидам, ки дар ин ҷо дигаргуниҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода зимни суханрониаш гуфт, ки воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ҳамеша дар хизмати ин сарзамин ва ин мардум хоҳанд буд. Мақсади журналистон аз сафар ба минтақаи Рашт низ ҳамин аст. Пешвои миллат ба воситаҳои ахбори омма диққати ҷиддӣ медиҳанд. Агар пештар дар Тоҷикистон  2 шабакаи телевизионӣ фаъолият дошт, имрӯз шумораи онҳо ба 6 адад расидааст. Дар кишвар беш аз 300 номгӯй рӯзномаву маҷалла ба нашр мерасанд.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки на дар ҳама деҳаҳои минтақаи Рашт мардум имконияти тамошо кардани шабакаҳои телевизиониро доранд. Ин масъала бовар дорем, ки дар рӯзҳои наздик ҳалли худро меёбад.

Дар арафаи таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ корвони журналистон дар ҳайати 30 нафар ба ВМКБ сафар доштанд ва тӯли як ҳафта бо ҳаёти мардум ошноӣ пайдо карданд. Сафари мо низ ба минтақаи Рашт идомаи чунин сафарҳост. Мақсад омӯзиши ниёзҳои мардум ва саҳмгузорӣ дар ҳалли мушкилоти онҳост.

Сафари журналистон дар минтақаи Рашт то 20 августи соли равон идома хоҳад ёфт.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»